Ин аввалин медал дар таърихи ҷудои Тоҷикистон дар мусобиқаҳои Paris Grand Slam («Тоскулоҳи бузург»-и Порис) мебошад, ки онро Муҳиддин Асадуллоев дар вазни то 73 кило ба даст овард.
Ин паҳлавони 19-солаи тоҷик, ки дар даври якум озод буд, дар даври дуюм намояндаи Испания Антон Шуҳалиевро мағлуб намуда, дар марҳилаи ҳаштякниҳоӣ бар гуштигири мизбон Петер Ҷеан дастболо шуд. Аммо Муҳиддин дар чаҳорякфинал аз Мануел Ломбардои 27-солаи итолиёӣ шикаст хӯрд.
Сипас Асадуллоев дар даври тасаллобахш бар Йессет Куанови қазоқ пирӯз шуда, дар мубориза барои ҷойи сеюм Даййан Боулемтафеси фарнсавиро шикаст дод ва соҳиби нишони биринҷӣ гардид.
Қаблан, Муҳиддин Асадуллоев дар мусобиқаҳои Grand Slam соҳиби медали тилло ва нуқра шуда буд. Ҳамчунин, ӯ қаҳрамони ҷаҳон байни ҷавонон аст.
Дар вазни то 73 кило Маҳмадбек Маҳмадбеков, ки аз сулолаи паҳлавонони тоҷик Маҳмадбековҳо мебошад ва дар Paris Grand Slam 2026 Имороти Муттаҳидаи Арабиро намояндагӣ кард, барандаи медали тило гардид. Маҳмадбеки 26-сола дар финал Мануел Ломбардои итолиёиро шикаст дод.
Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқаи “Тоскулоҳи бузург”-и Порис (Paris Grand Slam 2026) 488 варзишгар (299 мард ва 189 зан) аз 78 кишвар ҳунарнамоӣ карданд.
Барои иштирок дар ин мусобиқа пешакӣ ҳафт паҳлавони тоҷик номнавис шуда буданд. Аммо се нафари онҳо - Меҳрзод Суфиев (-60 кг), Эмомалӣ Нуралӣ (-66 кг) ва Абубакр Боқиев (-81 кг) аз сабаби нагирифтани раводид дар Paris Grand Slam-2026 иштирок надоштанд.
Ҳамин тавр, Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи пурнуфузи байналмилалӣ чаҳор варзишгар – Муҳиддин Асадуллоев (-73 кг), Абубакр Шеров (-81 кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (-90 кг) ва Абубакри Акобир (-100 кг) – намояндагӣ карданд.
Абубакр Шерови 22-сола пас аз се пирӯзӣ бар рақибонаш аз Украина, Бразилия ва Миср дар чорякфинал аз Зелим Тскаеви 26-солаи озарбойҷонӣ мағлуб шуд. Баъдан ӯ дар даври тасаллобахш қувваозмоиро ба паҳлавони 24-солаи ҷопонӣ Йошито Ҳоҷо бохт ва дар натиҷа мақоми ҳафтумро касб намуд.
Паҳлавони дигари тоҷик - Муҳаммадҷон Абдуҷалилзодаи 22-сола, ки дар даври аввал гуштигири амрикоиро шикаст дод, дар даври дуюм аз варзишгари 26-солаи фаронсавӣ Алексис Матеу ноком гардид.
Абубакри Акобири 25-сола бошад, дар нахустин рақобаташ аз намояндаи Фаронса – Фарес Мехоухи 21-сола – ба бохт мувоҷеҳ шуд.
Дар ҳисоби медалҳо бо дарназардошти мусобиқоти мардону занон мунтахаби Ҷопон бо касби 14 медал (5 тило, 3 нуқра ва 6 биринҷӣ) соҳиби ҷойи аввал гарлдид. Мунтахаби Фаронса бо касби 9 медал (3 тило, 1 нуқра ва 5 биринҷӣ) ҷойи дуюм ва мунтахаби Озарбойҷон бо касби 3 медал (1 тило, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ) ҷойи сеюро азони худ карданд.
Тоҷикистон ҳамроҳи Британияи Кабир бо натиҷаи якхела - як медали биринҷӣ ва як ҷойи ҳафтум - мақоми 20-умро ишғол намуданд.
Маблағи умумии ҷоизаҳои Paris Grand Slam 154 ҳазор евроро ташкил медод. Ғолибон дар ҳар як вазн (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн байни занон) бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони медали биринҷӣ бо 1500 евро мукофотонида шуданд.
Инчунин ғолибону ҷоизадорон ва ширкаткунандагони ин мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби имтиёзҳо дар радабандии инфиродии ҷаҳонии ҷудо гардиданд.
Бояд зикр намуд, соли гузашта мусобиқаи Paris Grand Slam бидуни варзишгарони тоҷик баргузор шуд. Соли 2024 бошад, паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқа иштирок карда, натавонистанд медал бигиранд.
Аз байни 9 гуштигири тоҷик чаҳор нафар - Беҳрӯзи Хоҷазода, Абубакр Шеров (ҳарду дар вазни то 73 кг), Сомон Маҳмадбеков (-81 кг) ва Комроншоҳи Устопириён (-90 кг) - натиҷаҳои хубтар нишон дода, мақоми панҷумро касб намуданд.
Ғолибону ҷоизадорони Paris Grand Slam 2026
Мардон
-60 кг
1. АГАЕВ Балабай (Озарбойҷон)
2. ХОЛМАТОВ Дилшод (Украина)
3. АШРИЗ Ижак (Исроил)
3. ЛИ Харим (Кореяи Ҷанубӣ)
-66 кг
1. ТАКЕОКА Такеши (Ҷопон)
2. КИМ Чануенг (Кореяи Ҷанубӣ)
3. ПОШОЕВ Руслан (Озарбойҷон)
3. КЕНТОКУ Каири (Ҷопон)
-73 кг
1. МАҲМАДБЕКОВ Маҳмадбек (Иморот)
2. ЛОМБАРДО Мануел (Италия)
3. АСАДУЛЛОЕВ Муҳиддин (Тоҷикистон)
3. ЛЕВА Бенҷамин (Бритониёи Кабир)
-81 кг
1. ОЙНО Юҳэй (Ҷопон)
2. ТСКАЕВ Зелим (Озарбойҷон)
3. СУХОПАРОВ Егор (Русия)
3. ЖУБАНАЗАР Абилайхан (Қазоқистон)
-90 кг
1. ТАҶИМА Гоки (Ҷопон)
2. ТОКУМОЧИ Хидетоши (Ҷопон)
3. МАТЕУ Алексис (Фаронса)
3. АНДОНИ Егор (Русия)
-100 кг
1. АРАИ Дота (Ҷопон)
2. САВИТСКИЙ Антон (Украина)
3. БИЛОЛОВ Ниёз (Русия)
3. ШАРХАН Нурлихан (Қазоқистон)
+100 кг
1. НАКАНО Канта (Ҷопон)
2. ОТА Ҳёга (Ҷопон)
3. КИМ Минҷон (Кореяи Ҷанубӣ)
3. СПАЙКЕРС Ҷур (Нидерланд)
Гуфтугӯ