Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қрим, видеоҳои фаҳш ва "митинги Қувватов" дар як назарсанҷӣ


Коллажи бархе аз рӯйдодҳои соли 2014
Коллажи бархе аз рӯйдодҳои соли 2014

Дар назарсанҷии ғайрирасмии Радиои Озодӣ 1350 нафар ширкат карда, қурби рубл ва сомонӣ, ишғоли Қрим, минтинги барпонашудаи Қувватов ва анҷоми ташхиси Роғунро муҳимтарин рӯйдодҳои сол номиданд.

Чаро видеои фаҳши муллои «Лолазор» ё як хонуми солманд дар назарсанҷии, бигзор ҳатто ғайрирасмӣ, метавонад муҳимтарин рӯйдоди сол шавад? Аз чӣ наворҳои шаҳвонӣ аз задухӯрди мусаллаҳона дар марзҳои кишвари соҳибистиқлол ва ҳалокати шаҳрвандони он дида, раъйи бештар овард? Ё як эълону даъвати гирдиҳамоие, ки баргузор нашуд, ба маротиб «муҳимтар» аз падидаи ДОИШ ё гурӯҳи «Давлати Исломӣ» аст?

Аммо аксарият (244 нафар) коҳиши қурби рубл ва сомониро дар ҷойи аввал ва ишғоли Қрим (манзур рӯйдодҳои Украина)-ро дар ҷойи дувум гузошта ва 131 нафар поёни ташхиси тарҳи нерӯгоҳи Роғунро муҳимтарин падидаи соли 2014 номидаанд.

Изҳори назари 1350 нафар аз хонандагони торнамои Радиои Озодӣ дар 14 рӯз ба чунин шакл поён ёфт. Ин ҳам дар ҳоле, ки номгӯйи рӯйдодҳоро низ худи хонандагон пешниҳод карда буданд.

Натиҷаҳои назарсанҷии ғайрирасмии Радиои Озодӣ
Натиҷаҳои назарсанҷии ғайрирасмии Радиои Озодӣ

Ин 11 натиҷаро бо 11 нафар аз чеҳраҳои фаъоли шабакаи Фейсбук, ки бо афкори ҷомеа сару кор доранд (Қаҳрамон Бақозода, Султони Ҳамад, Меҳмоншо Шарифов, Нуриддин Қаршибоев, Сафвати Бурҳон, Маҳдии Собир, Мавҷуда Соҳибназарова, Аъзамшоҳ Шрговадӣ, Халил Қаюмзод, Алӣ Мастов, Рустам Гулов) баррасӣ кардем ва коршиноси мо дар ин баҳс раҳбари Маркази омӯзиши афкори ҷамъиятии «Шарқ» Музаффар Олимов буд.

РУБЛ ВА СОМОНӢ, ҚРИМ ВА ТОҶИКИСТОН

Аксари ҳамсӯҳбатони мо таваҷҷӯҳи райъдиҳандагонро ба коҳиши қурби рубл ва сомонӣ як амри табиӣ шумурданд. Ба ақидаи Нуриддин Қаршибоев, ин коҳиш ба даромади муҳоҷирони тоҷик ва аз ин тариқ буҷаи ҳар хонавода таъсир кардааст. «Ва ҳар як фарди ҷумҳурӣ таъсири пастшавии қурби ҳарду пулро дар ҳаёти шахсии худ баръало дида метавонист.» (Султони Ҳамад). Мавҷуда Соҳибназарова ин равандро «на падидаи сол балки бадбахтии сол барои мардуми тоҷик» номид. «Ва ин боиси хурсандист, ки ҳастанд мардуме дар Тоҷикистон, ки ин ҳолатро дарк мекунанд ва роҳи аз бӯҳрон баромаданро ҳам ҷуста истодаанд, вале ин нуқтаест, ки бояст ки дигаргунӣ шавад ва Худо хоҳад, ба тарафи беҳтар» (Меҳмоншо Шарифов).

Музаффар Олимов
Музаффар Олимов

Масъалаи Қрим ё дар таҳрири Музаффар Олимов, вазъи ҷанубу шарқи Украина, бархилофи тахминҳо аз нигарониҳои геополитикӣ ва зиёдаравиҳои Русия, боз ҳам ба масъалаи модӣ ва молӣ пайванд доштааст. Ҷаноби Олимов мегӯяд: «Масъалаи Украина низ аз қурби рубл ва вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Русия бармеояд. Яъне мардум ин гуна фикр мекунад, ки Ғарб ба хотири он ки Русия Қримро гирифт, таҳрим ҷорӣ кард ва қурби рубл зери бори таҳримҳо афтид. Албатта, баъзе ҳо шояд нархи нафтро ҳам зикр кунанд, аммо барои мардуми мо Қрим ё Украина маҳз аз ҳамин зовия дида мешавад.»

Аз нигоҳи Маҳдии Собир, "мардуми мо ҳоло ҳам Тоҷикистонро як қисми Русия ва Русияро сарпарасту ҳомии миллат медонанд. Онҳо галабаи Русияро ғалабаи худ мешуморанд." Ва шояд мушкилоти Русияро мукшилоти худ.

МИТИНГИ БАРПОНАШУДАИ ҚУВВАТОВ

Агар ҳукумат чунин вокуниши тунд нишон намедод, оё касе ба майдон мебаромад? Ба ин пурсиш аксари ҳамсӯҳбатони мо посухи рад доданд. Аммо 182 нафар аз 1350 ё 13,5 дарсад ин воқеаро муҳим донистанд ва он дар раддаи савум ҷой гирифт. Он ҳам чизе, ки ба вуқӯъ напайвастааст.

Меҳмоншо Шарифов
Меҳмоншо Шарифов

Халили Қаюмзод мегӯяд, вокуниши фарогири ҳукумат дар пасманзари гӯшонаҳои мардум «овозаи Рустамро беҳ аз Рустам» кард ва андарзи «тарсу аз сояи худ ҳам метрасад»-ро болонишин намуд. «Эълони митинг аз тарафи "Гуруҳи--24" воқеан тамоми қишри ҷомеаро фаро гирифта буд. Аз мақомот то ба донишгоҳу кӯчаву бозорҳо ҳатто мактабҳои миёна ҳам. Барои насли навини Тоҷикистони имрӯза низ дар маҷмуъ, эълони митинг баъди 22 сол як чизи наве буд, ки шояд ин ҳам асаргузор буд (Аъзамшоҳи Шрговадӣ).

Аммо, ба ақидаи Рустам Гулов, касе Қувватовро ҷиддӣ намегирифт ва талошҳои ӯ рабте ба демократия ё ҳуқуқ озодиҳои мардум надорад. Меҳмоншо Шарифов ин партавро ба рӯйи ҳамаи ҳизбу гурӯҳ ва сиёсатмадорон мекашад: “Ҳоло ягона кас, ягона ҳизб, ягона гурӯҳ, ки мардум бовар доранд, ин худи онҳоянд, ҳар кас дар зиндагӣ ба худ ва ба худованди худ умед дорад ё чи хеле ки мегӯянд Рӯ ба раҳми худоянд.”

Вале чаро “митинги Қувватов” сеюмин ҳодисаи муҳими сол шуд барои ширкаткунандагони назарсанҷӣ? Музаффар Олимов: “Барои он ки ахиран Қувватов дар Истамбул боздошт шуд ва ин хабар ба раъйдиҳии одамон таъсир кард. Агар ин ҳодиса рӯй намедод, ба ёди касе намерасид, ки вай аввали сол ҳам боздошт шуда буд ва моҳи октябр даъват ба тазоҳурот кард.”

ВИДЕОҲОИ ШАҲВОНӢ

Овозаи ин наворҳоро Қаҳрамон Бақозода “овозаҳои вирусӣ” меномад, ки зуд дар ҷомеа паҳн мешаванд ва шароити “муваффақият”-и онҳоро ба миён меорад, зеро “одамон ҳамеша ба масъалаҳои шаҳвонӣ таваҷҷӯҳи хоса доранд, бо сабабҳои гуногун.”

Қаҳрамон Бақозода
Қаҳрамон Бақозода

Агар 103 нафар ин наворҳоро падидаи муҳими сол номида бошад, даргириҳои марзиро танҳо 83 тан муҳим хонданд. Алӣ Мастов мегӯяд, имн наворҳо аз ҳимояти таблиғотии ҳукумат бархӯрдор буданд ва телевизион низ нерӯмандтарин расона дар Тоҷикистон аст. Аз нигоҳи Аъзамшоҳ Шрговадӣ, мақомот баръакс аз расонаҳо хостанд, дар бораи рӯйдодҳо дар марзи Қирғизистон «воҳима накунанд». Дар натиҷа, мавзӯи марбут ба амнияти миллӣ, ки дар тамоми кишварҳои ҷаҳон шумораи аввал аст, дар Тоҷикистон аз видеоҳоои фаҳш дида беаҳамаияттар шуд.

Сабаби ин ҳолро, Меҳмоншо Шарифов аз як сӯ дар шикаста шудани таркибҳои фарҳангии ҷомеа мебинад. “Мардум ба хабар на аз зовияи таҳлил, балки эҳсос бархӯрд мекунанд. Яъне хабар то куҷо тез ин ё он шахсро хурсанд ё ғамгин мекунад. Дар зимн, ҳукуматдорони бесалоҳият ё худкома дар бисёр гӯшаҳои дунё барои манипулятсия ва ё идора кардани мардум аз ин хуб истифода мебаранд.” Тавре халқи Руми бостон талаб мекард: “Ба мо нон ва тамошо диҳед!”

ПАЗИРИШ ВА ВОКУНИШ

Нуктаи ахир куллан масъалаи бархӯрди афрод ба атрофро ба миён овард. Чӣ чизҳое мардумро водор мекунанд, ки ин воқеаро муҳим ва дигариро беаҳамият шуморад?

Расонаҳои ахбори ом, савияи дониш ва ҷаҳонбинӣ (Султони Ҳамад), таъсири бевоситаи воқеа ба ҳаёти шахс ва наздиконаш (Рустам Гулов), мағзшӯӣ ва ҳолати маънавии “зомбӣ” буда (Савфати Бурҳонов), дастрасӣ ба ҳамаи маълумот дар бораи воқеа (Нуриддин Қаршибоев).

Мавҷуда Соҳибназарова
Мавҷуда Соҳибназарова

Ба ақидаи Мавҷуда Соҳибназарова, агар аҳолии Тоҷикистон ҳамаи маълумоти воқеиро дар бораи, фаразан, рӯйдодҳои Бадахшон ё марзи Қирғизистон ва ё имтиҳонҳои Маркази миллии тестӣ дар даст дошта бошанд, ҳатман баҳои онҳо ба рӯйдодҳо пурратар ва дақиқтар мешавад. Нигоҳи тоҷикон ба рӯйдодҳои Украина ё сиёсатҳои ПутинроСавфат Бурҳонов ба муваффақияти технологҳои сиёсии рус бастагӣ медиҳад.

Музаффар Олимов, ки чанде пеш аз ноҳияи Исфара баргаштааст, мегӯяд, ҳатто расонаҳои мустақили ахбори ом тамоми воқеияти рӯйдодҳои марзро дастрас накардаанд ва аз рӯ барои шаҳрвандон он рӯйдодҳо бориз нашудаанд. Аз сӯе ҳам мушкилоти иқтисодӣ ҳама чизҳои дигарро камранг кардааст. Вай мегӯяд, бозгашти муҳоҷирон ва афзоиши муҳоҷирони ихроҷшуда, ки боз ҳам ба зиндагии тақрибан ҳар оилаи тоҷик таъсир дорад, мафҳуми “нон”-ро аз “тамошо” ба маротиб муҳимтар хоҳад кард ва дар ниҳоят Тоҷикистонро ба узвият дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё раҳнамун хоҳад сохт.

XS
SM
MD
LG