Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

5 назари хонандагони Озодӣ ба рӯйдодҳои Хоруғ


Аз байни садҳо изҳори назаре ки дар чанд рӯзи охир дар масъалаи Хоруғ ба дасти Радиои Озодӣ расидааст, ин 5 назарро интихоб кардем, чун ба фарқ аз аксари аҳли баҳс ин 5 нафар талош кардаанд, бидуни эҳсосот ва холисона ҳодисоти ахирро таҳлил кунанд.

Дар миёни сели изҳори назарҳое ки дар чанд рӯзи охир дар масъалаи вазъи Хоруғ ба Озодӣ расид, аксар назари онҳоест, ки ба як сурати тунд ё аз эътирозгарон ҳимоят мекунанд, ё аз давлат. Албатта, ба далели гармии вазъу гармии баҳс дар ин байн изҳори назарҳое, ки хунсардона ва бетарафона навишта шуда бошанд, камтар ба назар мерасанд. Аммо ин 5 нафаре, ки изҳори назарҳояшонро инҷо меорем, то ҳадде талош кардаанд, ба ончӣ ки дар маркази Бадахшон мегузарад, аз нигоҳи таҳлилу таҳқиқ бинигаранд:

Камгап
аз Хоруғ:

Салом! Ман зодаи ш. Хоруғ. Дар матни зерин кӯшиш мекунам, ки ҳодисаҳо ва ҷараёнҳои мавҷударо дар реша инъикос гардонам: Гирдиҳамоӣ (митинг) дар Хоруғ ин ба хотири тарафдорӣ намудани он шахсони "бандиту қочоқдор" нест, балки барои амалиёти ғайрикасбии мақомотҳои қудратдор аст, ки дар натиҷаи он шахсони бегунаҳи раҳгузар фавтиданд. Чи зарурият буд ки ин амалиётро дар маркази маркази Хоруғ ҷои сергузар пеши мактаби УЦА газаронида шавад. Чунин амалиёт метавонист дар ягон ҷои кунҷи шаҳр ба ҷо оварда шавад. Дуюм дар ҳукумати ҳозираи давлат ягон шахс аз Бадахшон нест, ва чунин раванд чи барои мардуми ВМКБ ва чи барои ҳукумат ҳамчун стандарт ифода шудааст, ки ин мардуми вилоятро аз ҳукумат ҷудо месозад. Сеюм барои вилоят аққалан як ду коргаҳ, фабрика, ё заводҳои истеҳсолкунанда сохтан зарур аст, то ки мардум ба кор ҷалб карда шавад, ва аз ҳисоби буҷаи вилоят биноҳҳои маъмурии худро таъмир созанд. як ду биноро сохта дар ҳама ҷо нишон додан масъала ҳал намешавад. Чорум ҳодисаҳои солҳои охир ин кӯшишҳои ҷонибҳои беруна нест, ин қатъӣ натиҷаи ноҳамдигарфаҳмии мардуми оддию ҳукумат аст. Вале агар чунин раванд афзояд, ба дигар шаклҳои мураккаб метавонад оварад. Барои ҳамин дар сурати дар амал татбиқ намудани масъалаҳои дар бандҳои боло номбаршуда, ман боварии комил дорам ки сиёсату қарорҳои ҳукумат бе мушкилӣ ҷои худро дар вилоят меёбанд ва аз ҷониби мардуми оддӣ ҳам дастгирӣ карда мешванд. Айни ҳол ҳам ягон нафар бандитизмро дар вилоят тарафдорӣ намекунад, вале дар симои давлат ҳам самимиятро ҳис намекунад. Чунин ҳаст реалияи (ҳастии) имрӯзаи Бадахшон.

Алӣ Ҳайдар:
<а фишорy зӯрy куштанy маҳалгарои давлат пеш намеравад. Сарчашмае ҳамаи ин мушкилот дар Хорyғ ҳамин гуфтаҳои болост. Ин мушкилот дар ҳамаҷои Тоҷикистон аст локин локин рӯҳияи мардонагии мардyма ба кyштанy заданy зиндони кардан шикастанд. Ман хyдам Бадахшониамy хуб медонам ки ба зӯр касе наметавонад болои мо ҳyкмрони кyнад. Мо тоқати зӯрии ҳеҷ касера надоремy раҳбарои мо агар дониш ва мардумшинос мешyданд ин одати моро бояд дарк кyнанд. Мо мардум пyли зиёд надорем ки аз даст рафтани пуламон тарсем, агар давлат зиёдтар болои мардум зӯрӣ кyнад, бовар кyнед, ин сабаб мешавад ки нотинҷии сахт шавад. Афғонистон як давлати заиф астy марзи дyрy дароз бо Бадахшон дорад. Ман фикр намекунам дар инҷо ягон дасти хориҷӣ бошад, локин агар рафтори давлат фақат зӯргӯӣ ба тарафи мардум бошад, мардyм ҳам безор шyда, ба ҳар кyмаки бо ғаразy бе ғарази хориҷиҳо лабайк мегӯянд. Калонтарҳои мо боя инро дарк кyнад ва ин минтақаро аз дигар минтақаҳо ва менталитети ин мардyмро дарк кyнанд.

Sohib
аз Chkalovsk:

Агар провокатсия бошад, ку биоред исботашро, бинем-чӣ. Агар, ростӣ, провокатсия бошад, мо худ ба майдон мебароем, то ки моро ба якдигар нашӯронанд. Ба кӣ бовар кунем? Яке мегӯяд, провокатсия, дигарӣ – ҳамла карданд. Канӣ, сокинони Хоруғ, нависед, мо хонем, ки сухани ростро кӣ гуфта истодааст? Аз рӯи мантиқ, ба ҳукумат дар айни ҳол ягон провокатсия лозим нест. Акнун версияи сокинони Хоруғро гӯш мекунем ваё инки мехонем. Мунтазирем.

Stalin:

Илоҷи корро гӯш кунед акнун. Кормандони ҷиддии милисаву ҳифзи тартибот ҳамон Хоруғ рафта, нотарсона ба минбари майдон баромада, аз микрофон гӯянд, ки мақсади омаданашон дастгир кардан ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони ба маводи нашъа кордошта аст ва агар мардум ба ин кори онҳо халал расонанд, он гоҳ ҷавобгариаш бар дӯши ҳамон касони ба тартибот халал мерасондагӣ хоҳад буд. Ана ҳамин тавр кушоду равшан ва бо боварӣ ягон хӯҷаини милисааш гап занаду милиса аз пайи иҷрои кораш шавад. Ин ҷавонони 20-25-сола қатӣ шаф-шаф кардан бефоида аст ва ҳар қадар ба гапҳояш гӯш диҳанд, инҳо ҳамон қадари дигар ҳаво мегиранд. Ҷавонанд, мехоҳанд ғалоғӯла кунанд, “қаҳрамонӣ” нишон диҳанд. Бачаҳои беақланд аксарашон- да, зиндагиро дидагӣ не. Ин тавр рафтан гирад, ҳатман ягон қувваи сеюм аз эшон ғаразнок истифода хоҳад кард.

Абдурраҳмон аз Душанбе:
Салом бародарон.
Пеш аз ҳама хоҳиш мекунам ба иғвои фитнагарон дода нашавед. Онҳо махсус бо эҳсосоти шумо бозӣ карда, мехоҳанд авзоъро ноором кунанд. Шайтон ва лашкариёнаш дар чунин лаҳзаҳо бисёр фаъол мешаванд, эҳтиёт бошед.
Аз мардуми шарифи Бадахшон хоҳишмандам, ки ҳар қадами худро санҷида гузоранд ва ҷавонон ва фарзандони худро насиҳат кунанд... Барои мо дар шароити имрӯзии ҷаҳон нигоҳ доштани оромии мамлакат кори аз ҳама муҳим аст. Оромӣ беҳтарин неъмати Худо барои ҳар кишвар аст. Биёед оромии кишвари худ ва хонаи худро ҳифз кунем. Худованд ҳамаи моро дар ҳифзи сулҳу амнияти пойдор ва пайравии роҳи Худо собитқадам бидорад.
Раббан-афтаҳ байнано ва байна қавмино билҳаққи ва анта хайрул фотиҳин. Омин!
XS
SM
MD
LG