Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳангомаи орду равған дар Тоҷикистон ва мардуми "содда" дар Озодӣ Онлайн. ВИДЕО


Дар ин барнома пиромуни ҳангома ва таҳлука дар бораи вируси нав, ки албатта Шуморо ҳам тарсонд, суҳбат мекунем. Ҳама ҳоло дар ҳамин бора гап мезананд, мардум ба овоза дода шуда, ҳама чизро монда, ба бозор давиданд, то орду равған бихаранд.

Мақомоти Тоҷикистон баъди ин воҳимаҳо маҷбур шуданд, мардумро ба оромӣ даъват кунанду гӯянд, ки ҷое барои ҷанҷолу кашмакаш барои орд нест.

Бисёре аз корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин рафтори мардумро танқид карда ва гуфтаанд, ки бо як овоза гумроҳ шудаанд. Корбаре бо номи Дилшод Маҳмедова дар Инстаграм чунин навиштааст: “Мардумро на касал, балки овоза мекушад. Насибат бошад, беморӣ дар хона шуморо мекушад.”

Корбари дигаре бо номи Муслим мардуми Тоҷикистонро танқид кардааст, ки чизеро таҳқиқ намекунанд ва дар ниҳоят худашон зарар мебинанд. Ӯ дар Инстаграм менависад: “Ростӣ, мардуми Тоҷикистон бисёр содда аст. Як кас чизе гуфт, зуд овоза мешавад ва мардум дарҳол ба бозору ба мағозаҳо мераванд ва ҳар чизе ҳаст, мехаранд. Бо кадом нархе, ки набошад.”

Аскаралӣ Неъматов мақомотро танқид кардааст, ки иҷоза додаанд, чунин ҳангома пеш биёяду нархҳо дар бозорҳо баланд раванд. Ӯ дар саҳифаи мо дар Фейсбук навиштааст: “Ҳукумат куҷоро нигоҳ мекунад? Куҷост ҳукумати шаҳр, ки нархи орд, нархи равған баланд шудааст? Мегӯянд, мо назорат мекунем, аммо хунук аст, аз кабинетҳояшон намебароянд.”

Абдуқодири Рустам, нависандаи тоҷик, ҳама воҳимаро ба шӯхӣ кашида ва ба корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Фейсбук чунин тавсия додааст: “Ҳар ки нони зиёд бихӯрад, пайравони Одаму Ҳаввои саркашу нофармон шинохта мешавад ва хеле бояд талош бикунад, ки ба биҳишт роҳ ёбад... Чун 10 халта орд харида, худату мушони хонаатро барои ним сол таъмин мекунӣ ва ҳамсоягонатро бенасиб мегузорӣ, дар ин бора ҳам биандеш”.

Фарзона Муродӣ низ ҳангомаҳоро ба шӯхӣ кашида ва гуфтааст, “воҳимаи вируси нав кӯдаконро ба ташвиш овардааст, ки нишаста “памперс” ҳисоб мекунанд”.

Ҳангоми орду рӯған дар Тоҷикистон ва мардуми "содда"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:18 0:00

Воқеан шумо дар бораи ҳамаи ин ҳангомаву таҳлукаву давидан ба бозор чӣ мегӯед. Нависед ва ба мо фиристед. Тавассути вайберу вотсапу телеграм ва имо. Рӯзҳои орому бе ҷанҷол дошта бошед.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG