Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз тирандозӣ дар марз то қазияи Фароз ва таҷовуз ба номус дар "Озодӣ Онлайн". ВИДЕО


Дар ин шумораи барнома аз тирандозии маргбор дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ва вокунишҳо ба қазияи таҷовуз ба номуси як зан аз ноҳияи Вахш ва хабари эҳтимоли баста шудани "Фароз" мегӯем. Чанд видеои фиристодаи Шуморо низ нишон медиҳем.​

Ҳама ҷо суҳбат аз тирандозӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аст, ки шаби 16-уми сентябр аз ду тараф чаҳор кушта ва даҳҳо захмӣ ба ҷой гузошт. Мақомоти ду ҷониб якдигарро ба тиркушоӣ муттаҳам карданд. Вокунишҳо низ зиёд аст. Чанд корбари Радиои Озодӣ аз маҳалли ҳодиса ба мо навор фиристоданд.

Ҳоло ба шарҳи мавзӯе мепардозем, ки дар се рӯзи ахир садҳо вокуниш доштааст. Як зан аз ноҳияи Вахши вилояти Хатлон иддао кард, ки маъмурони милисаи ноҳия ӯро бо иттиҳоми дуздӣ дастгир ва яке аз онҳо дар идораи умури дохилӣ ба номусаш дастдарозӣ кардааст. Мақомоти милиса ин иддаоро рад карданд.

Корбаре бо номи "Баха" дар Инстгарам навиштааст, "дар Тоҷикистон ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ мақоми хеле боло додаанд ва онҳо ҳар чизе хостанд, мекунанд. Ин беадолатӣ аст."

Нафари дигар дар ҳамон ҷо гуфтааст, "зан аз маъмурони милиса шикоят дорад, дар ҳоле ки бояд милиса аз ҳуқуқи шаҳрвандон ҳифз кунад, на ин ки ба номуси мардум расад."

"Милисаҳо озод мемонанд, вале номи духтар – як умр доғдор". Озодӣ Онлайн
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:57 0:00

Насибулло мегӯяд, "чунин ҳолатҳо зиёд мешавад, аммо ҳеч чора намебинанд. Боз милисаҳо озод мемонанду номи духтар – як умр доғдор."

Хуршед навиштааст, "дуздӣ мекунанд, баъд боз ба милисаҳо туҳмат мезананд." "Доктор" дар вебсайти Радиои Озодӣ гуфтааст, "зан ба дуздӣ гумонбар аст, маъмурони милиса ба таҷовуз. Дар ҳар давлати ҳуқуқбунёд, пурсиш аз маъмурони милиса зиёдтар аст." "Дарвеш" гуфтааст, “мақомот кай ба гуноҳи худ эътироф карда буданд, ки ба ин эътироф кунанд?"

Дар ин ҳафта хабари ширкати "Фароз", ки масъулонаш гуфтанд ба далели гӯиё тоб наовардан ба рақобат ва мушкили иқтисодӣ корро қатъ мекунанд, вокунишҳои гуногун ба бор овард. Бисёре аз корбарон ба ин эълон бо назари шубҳа нигариста ва фарзияҳои худро дар бораи ширкати мутааллиқ ба наздикони раиси ҷумҳури Тоҷикистон баён доштанд.

"Сашора" гуфтааст, "ширкате, ки аз ҳама имтиёзҳо бархӯрдор аст, имрӯз мегӯяд, рақобат карда натавонист ва муфлис мешавад. Шумо – мардуми содда – бовар кардед? Ин метавонад ребрендинг бошад, ин метавонад ҳама чиз бошад, аммо дақиқ аст, ки басташавии сарчашмаи бедарду миён нест."

Корбаре бо номи "Ватан" гуфтааст, "ин ширкат бо номи нав ба фаъолият оғоз кард". Ба иддаои ӯ, "ин ширкат дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд сабт шудааст". Вале масъулони ширкати "Фароз" дар ин бора чизе нагуфтаанд.

Хонандаи "Беном" мегӯяд, "барҳам хӯрдани ширкати "Фароз" маънои бекории ҳазорон нафарро дорад." "Беном"-и дигар гуфтааст, "аз афташ бо маслиҳати кадом политехнологи хориҷӣ чунин амалиётро ба роҳ мондаанд. Давомашро интизорем."

Ба баҳсҳо дар вебсайти Радиои Озодӣ ва саҳифаҳои мо дар Инстаграму Фейбсук ва Одноклассники ҳамроҳ шавед.

Дар охири барнома видеое дорем, ки аз Русия фиристодаанд. Муаллифони видео мегӯянд, нозири милиса як муҳоҷири бемори тоҷикро дар роҳ задааст.

Шумо ҳам аксу навор ва хабарҳои худро ба мо фиристед. Ба рақамҳои

+420 607 900 808;

+992 980 15 10 10,

+420 724 056 681;

+420 724 053 959.

Вотсапу Телеграм ва Имову Вайбер дорем. То барномаи оянда!

XS
SM
MD
LG