Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси вакилони ношиноси тоҷик ва орзуи зиндагии фаронсавӣ дар Озодӣ Онлайн. ВИДЕО


Дар барномаи навбатӣ дар бораи он баҳс мекунем, ки оё Тахти Сангин созем ё хиёбони Париж? Ҳамчунин порлумон воқеан як шохаи ҳокимият аст ё тарҳи намоишӣ?

Чанде пеш дар шаҳри Кӯлоб низ як гӯшаи Парижро сохтанд ва дар он бурҷи Эйфелро гузоштанд. Аммо вокунишҳо ба он яксон набуд. Корбаре бо номи Хонанда гуфтааст, "афсӯс, ки намунаи Бухороро накарданд". Сайф навиштааст, "хуб мешуд намунаи шаҳраки Тахти Сангинро месохтанд".

Рустам ҳам дар вебсайти Радиои Озодӣ навишт, "ба ҷойи копия кардани ҷойҳои тамошобоби кишварҳои пешрафта системаи давлатдориашон ва роҳҳои пешрафти иқтисодии онҳоро нусхабардорӣ кунед. Сатҳи зиндагии мардумро ба сатҳи зиндагии мардуми Фаронса баробар набошад хам, камтар наздиктар кунед"! Аскар навиштааст, "бо ин маблағ беҳтар буд, корхона месохтанд. Истироҳат бо ҷайби холӣ намешавад".

"Ҳеҷ коре накардаанд, ки ба нафъи халқ бошад"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:03 0:00


Ҷаҳонгард ҳам гуфтааст, "барои мани хориҷӣ чи лозим парижи сунъӣ, ягон маҷмааи қадимии осори миллати тоҷикро дидан мехостам".

Корбаре бо номи Ватан гуфтааст, "агар обод накунӣ мегӯянд, ки "намекунад" ва агар обод кунӣ мегӯянд, "бояд ин хел намекардӣ"... suhrob дар Инстаграм инро "беҳтарин иқдом дар соли 2019" хонда ва гуфтааст, "ҳар кас наметавонад ба Фаронса равад, аммо бо дидани як гӯшаи таърихӣ-меъмории ин кишвар метавонем фарҳангу тамаддуни фаронсавиҳоро дарк кунем..."

Ба ин ва баҳсҳо дар бораи мақоми порлумони Тоҷикистон дар вебсайти Радиои Озодӣ, саҳифаҳои мо дар Инстаграму Фейсбук ва Одноклассники ҳамроҳ шавед.

Бо он ки интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон наздик аст, баҳсҳо дар бораи фаъолияти вакилони тоҷик зиёд аст. Корбаре бо номи Изатулло хитоб ба раиси Маҷлиси намояндагон гуфтааст, "вакилон ягон корро ҳал намекунанд. Ба шаҳру ноҳияҳо мераванду ташвишашон зиёд аст. Барои онҳо ҷойи хоб, бензин ва дигару дигар ҷамъ мекунем".

Ба ин мазмун Рашид ном хонандаи дигаре низ нома навиштааст. Офарин гуфтааст, "мо тоҷикон вакилони думаи давлатии Русияро мешиносем, аммо вакилони тоҷикро не." Чунки ба гуфтаи ӯ, "вакилони мо ҳеҷ коре накардаанд, ки ба нафъи халқ бошад." Корбаре бо номи "Шаҳрванд" гуфтааст, агар вакилон ҳақиқати ҳолро фаҳмидан мехоҳанд, бояд дар байни мардум пурсиш гузаронанд. Он вақт ақидаи мардумро дар бораи худ ва фаъолияташон мефаҳманд. Лекин барои ин ирода ва хоҳише надоранд".

Доро дар вебсайти Радиои Озодӣ пешниҳод кардааст, ки порлумони Тоҷикстон якпалатаӣ шавад. Вай навиштааст, "маҷлиси олии дорои ду палата хоси давлатҳои бузург ба монанди Руссия ва Амрико аст, чун ин давлатҳо ҳам аз ҷиҳати масоҳат ва ҳам аз ҷиҳати иқтисод бузурганд. Тоҷикистон кӯчак аст ва доштани Маҷлиси ду палатаи ба буҷаи давлат бори гарон аст".

Назарҳо дар ин бора зиёд асту фурсати мо кам. Бо як видеои муҳоҷирон, ки аз Русия фиристодаанд ва бар хилофи иддае дигар мегӯянд, шароиташон хеле хуб аст, барномаро ба поён мебарем:

Шумо ҳам фиристодани видеоҳо ва назару андешаҳои худро фаромӯш накунед. Аз зиндагиву кори худ видеои кӯтоҳ гиред ва ба ин рақамҳо фиристед:

+420 607 900 808;

+992 980 15 10 10,

+420 724 056 681;

+420 724 053 959.

Вотсапп Вайбер, Телеграм ва ИМО дорем. То дидор!

Шарҳҳоро бинед (4)

Гузоришҳои видеоӣ

Пешниҳоди кумаки муҳоҷирон ба кӯдакони чаҳор деҳаи бе мактаб
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:51 0:00
XS
SM
MD
LG