Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Агар андозро кам кунед, дуздӣ ҳам камтар мешавад" Озодӣ Онлайн. ВИДЕО


Дар барномаи имрӯз аз вокунишҳо ба навори латту кӯби як муҳоҷир дар Русия ва пешниҳодҳо барои ислоҳи қонуни андоз дар Тоҷикистон мегӯем.

Навори латту кӯби як муҳоҷир дар Русия, ки шоми 30-юми август дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, мавҷи танқиду нигарониҳоро ба бор овард. Маълум нест, ҳодиса кай ва дар кадом минтақаи Русия шудааст. Мақомоти Тоҷикистон аз ҷониби Русия хостаанд, ҳодисаро таҳқиқ кунанд.

"Рустамов 01" дар Инстаграм ба забони русӣ навиштааст, "хандаовар он аст, ки ҳар дафъа чунин талабҳоро мешунавем, аммо дар охир фаромӯш мешавад". "Агар ҳақ нестам, маро ислоҳ кунед", -- гуфтааст ӯ.

Хонандаи дигар бо номи "Кингмастер357" афзудааст, "мақомот парвандаи қатли Ҳувайдои 5-соларо ҳал карда натавонистанд, дар ин маврид ҳам коре аз дасташон нахоҳад омад."

Пайрав Қаноатов дар Инстаграм мегӯяд, "ҳайрон мешавам, ки ин қадар боғу хонаҳои баландошёна барои чӣ бошад, дар ҳоле ки ҷойи кор дар ватан нест. Ақаллан 1500 сомонӣ намеёбӣ."

Корбаре дигар бо номи "dushanbinskiy official" гуфтааст, ҳукумати моро зарур аст пуштибонӣ аз шаҳрвандонро аз мақомоти Қирғизистон ёд бигирад. Вай навиштааст: "Чанде пеш дар фурудгоҳи Шереметево як ронандаи таксиро заданд, консули Қирғизистон дарҳол дахолат кард."

Умед дар вебсайти Радиои Озодӣ менависад, "гапи бисёр чӣ даркор? Коре накунед, ки дар 24 соат тоҷиконро депортатсия кунанд. Вақте беш аз 1 миллион одам дар Русия кор мекунад, рӯзаш буд шуд, мемурад. Ва мурдаашонро меоранд. Чӣ агар онҳо дар ватан мебуданд, намемурданд?"

Мавзӯи дигаре, ки вокунишҳои зиёд ба бор овард, ҷамъоварии пешниҳодҳои мардум барои ислоҳи қонуни андоз дар Тоҷикистон аст.

"Раҳгузар" дар сомонаи Радиои Озодӣ навиштааст, "агар андозро 3 дарсад мекарданд, шояд ҳама шаффоф мешуд ва дуздӣ – камтар."

Корбаре бо номи "Соҳибкор" низ гуфтааст, "меъёри андоз ва санҷишхо кам карда шавад. Барои ҷарима бастан нақша набошад."

Барномаро дар ин ҷо бинед:

“Коре накунед, ки дар 24 соат тоҷиконро депортатсия кунанд” Озодӣ Онлайн
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:20 0:00

Адолат хостааст, ширкатҳои ба истилоҳ худӣ аз имтиёзҳо маҳрум карда шаванд. Баръакс, ӯ пешниҳод кардааст, "фурӯшгоҳҳои нав то ним сол, корхонаҳои хурд то як сол ва корхонаҳои калон то ду сол аз пардохти андоз озод карда шаванд."

Корбари "Беном" навиштааст, "то роҳбарияти Кумитаи андоз нав нашавад, ислоҳот намешавад." Дигаре бо номи "Духтур" гуфтааст, "Кодексро не, хароҷоти буҷетро назорат кардан лозим аст."

Вале хонандае бо номи Фирдавсӣ бовар дорад, ки мушкил аз тарафи худи андозсупорандаҳост. Вай гуфтааст, "пароканда андозсупорандагон наоянд ба кор, 200 инсони ҳақнавис беҳ аз 8 миллион".

Баҳсҳо дар ин бора зиёд аст ва агар шумо ҳам назаре доред, ба сомонаи Радиои Озодӣ биравед ё ба саҳифаҳои мо дар Фейсбук, Инстаграм ва ё Одноклассники.

Дар барнома чанд видеоро ҳам нишон медиҳем, ки ба мо аз Русия фиристодаанд.

Ин корро шумо ҳам карда метавонед. Як дақиқа видео бигиреду ба мо бифристед. Ба шумораҳои

+420 607 900 808;

+992 980 151 010,

+420 724 056 681;

+420 724 053 959.

ва аз тариқи Вотсапп Вайбер, Телеграм ва ё ИМО. То дидор дар барномаи оянда!

XS
SM
MD
LG