Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз "ҷанг" барои парвоз то "насиҳат" ба мардуми дармонда. Озодӣ Онлайн. ВИДЕО


Ҳангоми сабти барнома
Ҳангоми сабти барнома

Дар барномаи "Озодӣ Онлайн" дар бораи ҷанг барои роҳ ёфтан ба ҳавопаймо дар фурудгоҳи Жуковский ва умуман вазъи онҳое гап мезанем, ки ба сабаби қатъи парвозҳо дар фурудгоҳҳои кишварҳои гуногун дармондаанд.

Ба дасти мо наворе расид, ки рӯзи 24-уми март дар фурудгоҳи Жуковский сабт кардаанд. Дар он ҷо ду мусофире, ки зоҳиран аз интизории дароз дар фурудгоҳ хаста шудаанд, бо ҳам даъвову кашмакаш мекунанд. Пулиси Русия, ки ҳузур дошт, маҷбур шуд, якеро бо зӯр аз маҳалли даъво берун барад.

Ба сабаби лағви парвози ҳавопаймоҳо ба Тоҷикистон, садҳо нафар дар фурудгоҳҳои Русия ва дигар кишварҳо дармонданд. Ҷанҷол дар ин фурудгоҳ барои парвози ҳавопаймои "Сомон Эйр" буд, ки рӯзи 24-уми март сурат гирифт.

Суҳбат дар ҳамаҷо ҳоло аввал дар бораи коронавирус аст ва ҳам мусофирони саргардон дар фурудгоҳҳои кишварҳои гуногун.

Носир Сатторов, як корбари Фейсбук дар саҳифаи мо дар ин бора навиштааст: "Ин ҳол на танҳо дар фурудгоҳи Внуково, балки дар фурудгоҳҳои дигари Русия дида мешавад. Консулгарии Қирғизистон тавонист, дар ду соат масъалаи ташкили ҳавопаймоҳоро ҳал карда, шаҳрвандони худро ба ватан баргардонанд, тоҷики бечора бо кӯдаку зану фарзандон дар фурудгоҳи Толмачёвои Новосибирск сарсону саргардон."

Барномаро дар инҷо бинед:

Аз ҷанг барои парвоз то насиҳат ба мардуми дармонда
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:12 0:00

Воқеан аз Дубай ҳам ба Радиои Озодӣ муроҷиат карданд, ки дар онҷо шаҳрвандони Тоҷикистон дармондаанд ва яке аз онҳо Абдусалом Хоҷаев аст, ки чунин гуфт: "Чанд тоҷик будем, билет гирифта будем. Ҳоло акнун на маблағ дорем, на ҷойи зист дорем. Хона ба хона дар хонаи тоҷиконе, ки дар Дубай зиндагӣ мекунанд, зиндагӣ карда гаштем. Мо сарсон акнун, намедонем, чӣ кор кунем."

Бармегардем ба баҳсҳо сари мусофирони дармонда дар фурудгоҳҳо. Саидумар Соҳибназаров, яке аз корбарони Фейсбук дар саҳифаи мо гуфтааст, "танҳо мусофирони тоҷик чунин ҳол надоранд".

"Як тоҷик не, тамоми башарият имрӯз дар чунин ҳоланд. Як бор фурудгоҳҳои дунёро бубинед. Нӯҳ ҳазор шаҳрванди Русия дар Аврупову Амрико мондаанд", -- навиштааст ӯ.

Салоҳиддин, донишҷӯи тоҷик аз Санкт-Петербург ба муҳоҷирон тавсия медиҳад, ки барнагарданд, чун ба нафъи худашон ва Тоҷикистон нест. Ӯ дар суҳбати телефонӣ ба Радиои озодӣ гуфт:

"Се сол шуд дар шаҳри Санкт-Петербург истодаам ва се сол шуд ба ватан нарафтаам ба назди падару модарам. Ман ҳам мехоҳам. Вале онҳо бояд дар Русия бимонанд, то замоне ки тинҷиву оромӣ нашавад. Шояд дар байни онҳо ягон нафаре бошад, ки ба ин касалии вирусӣ гирифтор бошад. Агар ин касалӣ ба ватан равад, баъд чӣ мешавад?"

Шумо ҳам назару андешае доред, метавонед нависед ва видеову садо доред, фиристед. Аз ҳар роҳе, ки мехоҳед. Вотсапу Вайбер ва Телеграму ИМО дорем. То дидор дар барномаи дигар.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG