Пайвандҳои дастрасӣ

Шарҳи мухолифон ва ҷонибдорони иқдоми Бонки миллӣ. "Озодӣ Онлайн". ВИДЕО


Барномаро бо шарҳи корбарон оғоз мекунем, ки мегӯянд, ҳангоми фиристодани пул аз Русия ба Тоҷикистон мушкил доранд ва ё наздиконашон маблағҳои фиристодаи онҳоро гирифта наметавонанд. Ин мушкил 3-юми декабр баъди ба кор даромадани маркази нави пулгузаронии Тоҷикистон шуруъ шуд. Мақомот гуфтанд, ҳамаи пулҳо бояд ба воситаи ин марказ ба дасти муштариён расад. Онҳо далели тасмимро ҳимоят аз муҳоҷирон донистанд, вале дигарон бовар доранд, ки мақомот ин бахши сердаромадро ба ихтиёри худ мегиранд.

Амиршоҳ Обиддинов дар Инстаграм навиштааст, "пулҳое, ки чанд рӯз пеш ба воситаи “Золотая корона” фиристода будем, чӣ тавр пас гирем?” Корбари дигар гуфтааст, "чаро тасмими худро як ҳафта пеш эълон накардед?"

Азиза Ҳайдарова мегӯяд, ба "Амонатбонк" барои гирифтани пул рафт ва дар онҷо гуфтаанд, ҳоло системаи онҳо ба хизматрасонии нав пайваст нашудааст. "Саргардон кардани мардум барои чист?" – пурсидааст ӯ.

Абдуҳалим Пӯлодов гуфтааст, "ба гӯши мардум афсона нахонед, бонкҳо бе мушкил пули мардумро медиҳанд." Корбаре бо номи "Анас" бовар дорад, "ин ба фоидаи халқ аст, сабр кунед, ҳалли худро меёбад. Системаи ягона мешавад ва ин барои рушди ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ аст."

"Исфара ҳақиқат" дар сомонаи Радиои Озодӣ навишт, "агар аз ҳисоби фоизҳое, ки бонк мегирад, ба буҷаи Тоҷикистон ёрӣ кунанд, гап нест. Лекин нашавад, ки аз Русия пул фиристиву барои хадамот як дарсад гиранд ва дар Тоҷикистон ҳам ҳаққи хидмати худро ситонанд."

Барномаро дар инҷо тамошо кунед:

"Монед, халқ интихоб кунад, ки бо кадом низом пул фиристад"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:09 0:00

Алишер гуфтааст, гуфтааст, як рӯз қонуни сабтиноми симкортҳоро баровардед, як рӯзи дигар нархи интернетро боло бурдед. Бо иваз кардани шиносномаҳо дидед, ки фоида нест, акнун чунин қоида баровардед. Беҳуда мардуми тоҷик шаҳрвандии кишвари дигарро намегиранд. Аз ин хел қонунҳо безор шудаанд."

Сулаймон Мавлонов дар Фейсбук навиштааст, "ягон барномаи тоҷикие созед ва дар рақобат гузоред. Бигзор халқ худаш интихоб кунад, ки бо кадом низом пул фиристад."

Ин баҳс дар сомонаи Озодӣ ва саҳифаҳои мо дар Фейсбуку Инстаграм ва Одноклассники идома дорад, агар назаре доред, ба он ҳамроҳ шавед.

Муҳоҷирони тоҷик аз Русия натанҳо пул, балки видео ҳам мефиристанд. Яке аз онҳо аз шаҳри Маскав ҷойи кори тоҷиконро дар бозори пойтахти Русия ба навор гирифта, ба мо фиристодааст.

Видеои дигаре, ки гирифтем, аз Русия аст. Як гуруҳ аз муҳоҷирон аз ҳукумати ноҳияи Фархор хостаанд, барои сохтмони майдони бозӣ ба кӯдакони онҳо замин ҷудо кунанд. Муҳоҷирон гуфтаанд, бо пули худ мехоҳанд, дар зодгоҳашон деҳаи Аловуддин ба кӯдакон ҷойи бозӣ созанд.

Барномаро дар Ютуб бинед:

Аз масъалаи пулу муҳоҷирон гузарем, гузоштани арчаи 29-метрӣ дар Душанбе низ баҳсҳои зиёдро ба вуҷуд овард. Бахше онро мояи хушҳолӣ донистаанд, иддае дигар ба зидди он гап задаанд.

Ёсуман Нодирова гуфтааст, "арчаро хӯрда нашавад. Ба ҷойи он дукилоӣ гӯшт тақсим кунед, даҳони мардуми камбизоат мазза гирад."

Корбаре бо номи "Қурутоби миллӣ" дар Инстаграм навиштааст, "чанд пуле, ки сарф накунанд, аз кисаи шумо нест, чӣ ғам мехуред, аз ҳисоби давлат аст."

Шумо ҳам мехоҳед, назари худро бигӯед, пас, саре бизанед ба сайти Радиои Озодӣ. Ё видеову аксу хабаре дошта бошед, ба ин рақамҳо фиристед. Вайберу Телеграму Вотсап ва ИМО дорем. То дидор!

XS
SM
MD
LG