Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз сафари мушкил ба Тоҷикистон ва метросозии тоҷикон дар “Озодӣ Онлайн”. ВИДЕО


Сафари дароз ва гуруснаву ташна ба Тоҷикистон, шикоят аз пулситонӣ дар фурудгоҳ ва метросозии муҳоҷирон дар Русия видеоҳоест, ки имрӯз мебинем. Дар бораи даъвои модаре ҳам суҳбат мекунем, ки мегӯяд, писари бегуноҳашро қотил нишон медиҳанд.

Як гуруҳ аз ҷавонон аз ширкате шикоят карданд, ки онҳоро бо ваъдаи зуд расондан ба Душанбе аз Маскав гирифтааст, вале чанд рӯз дар як ҷо мунтазир мондаанд. Ба сабаби гарон будани қимати билети ҳавопаймо вақтҳои ахир муҳоҷирон ҳарчӣ бештар бо автобус, ки арзонтар аст, ҳаракат мекунанд, вале чунин шикоятҳо ҳам зиёданд, ки ҳангоми сафар ширкатҳои нақлиётӣ бар хилофи ваъда барои онҳо шароити муносибро фароҳам намекунанд.

Видеои дигаре, ки гирифтем шикоят аз рафтори ширкатҳои ҳавопаймоӣ аст, ки ба гуфтаи муҳоҷирон бо онҳо муносибати хуб надоранд. Ин видеоро ҳафтаи гузашта ба мо фиристоданд.

Дар бисёре аз сохтмонҳои Русия саҳму нақши дасти муҳоҷирон ҳаст, аз ҷумла дар сохтмони метроҳо. Яке аз муҳоҷирон, ки чанде пеш ба Русия рафтааст, зоҳиран аз шароити зиндагиву кори муҳоҷирон дар сохтмонҳо ба ҳайрат афтодааст ва видеои ӯро дар барнома бибинед.

Барномаро дар ин ҷо бинед:

"Инҳо чӣ гуна одаманд? Ба наврас таҳдиди таҷовуз мекунанд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:34 0:00

Навбат ба дарди дилу баҳси шумо расид, дар бораи мавзуъ ва гузоришҳое, ки Радиои Озодӣ дар чанд рӯзи гузашта дошт. Гузориш дар бораи шикояти модари як навраси гумонбар ба қатл, ки мегӯяд, беасос писарашро қотил меноманд, баҳси зиёдеро дар вебсайти мо барангехт.

Сӯҳроб дар ин бора дар вебсайти мо навиштааст: "Модар – модар аст, намехоҳад ба ҷинояти писараш бовар кунад. Дар видео дида мешавад, ки наврас бо хунсардӣ нишон медиҳад, чӣ тавр онҳоро куштааст."

"Беном" бо ишора ба кормандони милиса гуфтааст: "Инҳо чӣ гуна одаманд? Чӣ гуна мусалмонанд? Бачаи 15-соларо таҳдид ба таҷовуз мекунанд... Фақат барои парванда ва омор."

Корбари дигаре бо номи Рустам гуфтааст, соҳиби таҷрибаи кор дар ин соҳа аст ва бовар дорад, ки "наврас ду нафарро дар Варзоб куштааст". Вай афзудааст, "вақте наврас номи гунаҳкорони асосиро пинҳон медорад, бигзор ҷазояшро гирад. Ман аз таҷрибаи корӣ мегӯям, ки аз нишондоди видеоӣ маълум аст, дар куштор даст дорад."

Корбаре, ки худро Шабнам муаррифӣ кардааст, дар вебсайти Радиои Озодӣ навиштааст, "боварии комил дорам, ки ба ин ноболиғ ҳар зулмро раво дидаанд. Агар ин ҷавонро раҳо кунанд, баъд ба адолат бовар дорам, вагарна мардум медонад, чӣ зулме ба ин ҷавон кардаанд."

Шумо ҳам мехоҳед, назари худро бигӯед, пас, саре бизанед ба сайти интернетии Радиои Озодӣ. Метавонед бинависед ва ё видеову аксу хабаре дошта бошед, бифристед. Вайберу Телеграму Вотсап ва ИМО ҳам дорем. То дидор дар барномаи оянда.

Шарҳҳоро бинед (2)

Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG