Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикоят аз "облава", хазонрӯбии муҳоҷирон ва баҳси имлои забон дар Озодӣ Онлайн. ВИДЕО


Аз замони даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиши Тоҷикистон беш аз як ҳафта гузашт. Дар ин муддат мақомоти баъзе аз ноҳияҳо аз иҷро шудани нақша ё гусели дастҷамъии ихтиёриён ба артиш хабар доданд. Баръакси ин сокинон аз афзоиши даъвати маҷбурӣ ё “облава” шикоят доранд.

Ба дасти мо видеое расид, ки муаллифаш мегӯяд, дар маҳаллаи “Колхози Россия”-и шаҳри Душанбе сабт кардааст. Дар навор дида мешавад, чанд нафар мехоҳанд ҷавонеро ба мошин бор кунанд, то ба гуфтаи онҳо дар комиссариати ҳарбӣ шахсияташро маълум намоянд. Вале атрофиёни ҷавон монеъ мешаванд.

Мақомоти Тоҷикистон вуҷуди “облава”-ро эътироф намекунанд. Онҳо мегӯянд, танҳо дар сурати сарпечии ҷавонон аз омадан ба комиссариати ҳарбӣ маъмурони милиса онҳоро маҷбурӣ ҳозир кунанд.

Давоми як ҳафтаи ахир дар бораи даъвати маҷбурӣ дар сомонаи Радиои Озодӣ низ баҳсҳо зиёд буд, дар пасманзари видеои ба “облава” афтодани хабарнигори “Азия-Плюс” Абдуллоҳ Ғурбатӣ. Корбаре бо номи “Бегона” дар сомонаи Радиои Озодӣ навиштааст, “ин шакли кор ҷиноят аст ва бояд тибқи бандҳои “одамрабоӣ” ё “ба таври маҷбурӣ аз озодӣ маҳрум кардани шахси дигар” ба ҷавобгарӣ кашанд.”

“Тоҷик” пурсидааст, аз сарбозони маҷбурӣ чӣ умед дошта бошанд? Вай афзудааст, “мардум мегӯянд, сагро маҷбур ба шикор бурда намешавад, наход “облава”-чиҳо ҳаминро надонанд ё медонанду ночор ҳастанд?”

Корбари “Беном” пешниҳод кардааст, ки бояд мақомот чун дар Русия муҳлати хидмат дар артишро аз ду ба як сол поин биёранд.

“Ватандор” мегӯяд, як дӯсташ аз Узбекистон нақл кардааст, ки дар он кишвар барои сарбозон маош медиҳанд ва ҳар касе ба хидмат намеравад, бояд ба буҷет пул супорад. “Ватандор” гуфтааст, Тоҷикистон бояд ин корро таҷруба кунад ва ба бовари ӯ, “ҳам ба буҷет пул мешавад ва ҳам артиш нирӯманд мегардад.”

"Хидмат дар артишро яксола кунед, "облава" гум мешавад". Озодӣ Онлайн
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:56 0:00

Баҳсҳо дар бораи имлои нави забони тоҷикӣ, ки бояд то соли 2020 таҳия шавад, низ доғ аст. Чанде аз корбарон аз мақомот хостаанд, ҳарчи зуд мушкили иҷтимоӣ ва муҳоҷиратро ҳал кунанд, то масъалаи забон ҳам роҳи ҳалли худро ёбад. “Анон” гуфтааст, “дигар кор наёфтед? Иқтисодро боло баред, одамон аз муҳоҷират безор шуданд.”

Ҷобир ҳам гуфтааст, “саноатикунонии иқтисод чӣ шуд? Бо забон? Бо шоирон? Ба ҷойи ҷумла як мех созед. Фарқ чист, ки Раҷабалӣ модар, ача, оча ё ки бува мегӯяд?”

Шамс гуфтааст, “ин мавзуъест, ки дар даҳ сол як бор ба ёдамон меояд. Мушкилот дар чизи дигар аст. Дӯст надоштани забони модарӣ.”

Ба ин баҳсҳо дар сомонаи Радиои Озодӣ ва саҳифаҳои мо дар Фейсбуку Инстаграм ҳамроҳ шавед ва фиристодани видеоҳоро фаромӯш накунед. Ба ин рақамҳо:

+420 607 900 808;

+992 980 15 10 10,

+420 724 056 681;

+420 724 053 959.

ИМО-ву Вайбер ва Вотсапу Телеграм дорем. То барномаи оянда.

XS
SM
MD
LG