Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Остона қазоқтабори афғонистониро озод кард


Сами Отагул.
Сами Отагул.

Мақомоти Қазоқистон 15-уми май қазоқтабор аз Афғонистон Самӣ Отагулро бо кафолати шахсии ҳомии ҳуқуқ Бакит Сарай аз боздоштгоҳи ноҳияи Селиноград раҳо карданд.

Самӣ Отагул тирамоҳи соли 2023 бо раводиди сайёҳӣ вориди Қазоқистон шуд ва мақоми "кандас" (ҳамхун)-ро дарёфт кард. Баъдан ӯ барои гирифтани шаҳрвандии Қазоқистон муроҷиат кард, вале мақомоти Қазоқистон ӯро ба нақзи қоидаҳои будубош дар кишвар муттаҳам карда, дархости шаҳрвандии ӯро рад карданд.

Дархости ӯ барои дарёфти ҳаққи иқомати доимӣ низ дар Қазоқистон рад шуд ва моҳи апрели соли равон додгоҳ қарор кард, ӯ ба ватан истирдод шавад.

Отагул 15-уми апрел дар минтақаи транзитии фурудгоҳи шаҳри Остона шиносномаи худро пора кард. Сипас додгоҳ ӯро барои надоштани шиноснома 30 шабонарӯз ҳабс кард.

Мақомоти Қазоқистон 15-уми май бори дигар талош карданд, ки вайро ба Афғонистон истирдод кунанд, вале кормандони ширкати ҳавопаймоӣ розӣ нашуданд, ба ӯ билет фурӯшанд.

"Ман бо забони англисӣ ба масъулони ширкати ҳавопаймоӣ гуфтам, ки маро мехоҳанд иҷборан фиристанд. Онҳо низ дар ҷавоб гуфтанд, ки дар ин сурат мо ба шумо билет намефурӯшем", - изҳор дошт Отагул.

Самӣ Отагули 32-сола аз қазоқтаборони Афғонистон аст, ки баъди сари қудрат омадани гуруҳи Толибон дар он кишвар дар соли 2021 ба Қазоқистон фирор кардааст.

XS
SM
MD
LG