Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Осия аз амалиёти навбатии ҷарроҳӣ гузашт


Саҳнае аз ҷарроҳии Осия зери назари табиби олмонӣ. Акс аз вебсайти ВКД Тоҷикистон
Саҳнае аз ҷарроҳии Осия зери назари табиби олмонӣ. Акс аз вебсайти ВКД Тоҷикистон

Субҳи 12 июл ҷарроҳони тоҷик барои бори панҷум Осия Зулфоноваи шашсоларо, ки дар як ҳодиса аз ҷониби наврасон оташ зада шуд, ҷарроҳӣ карданд.

Мубориза барои саломатии Осиё дигар аз марҳилаи наҷоти ҷонаш ба барқарорсозӣ ворид шудааст. Ҳамзамон, додситонии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе таҳқиқи ин хушунати бесобиқаи наврасонро таҳқиқ мекунад, ки ҷомеаи Тоҷикистонро такон дод.

Дар се ҳафтае, ки аз оташ задани Осия Зулфонова гузаштааст, табибон мегӯянд, вазъи саломатиаш беҳбуд ёфта, дар барқароршавии саломатиаш пешравиҳо ба назар мерасад. Рӯзи 19 июн, ки Осияро дар ҳолати беҳушӣ ба беморхона оварданд, табибон дар 65 дарсади бадани кӯдак осори сӯхторро ба қайд гирифтанд. Баъдан маълум шуд, ки тифлро се писарбачаи навраси сокини ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳангоми сайругашти Осиё дар назди ҳавлии амакаш оташ заданд. Тахмин шудааст, ки яке аз ин кӯдакон мушкили равонӣ доштааст.

Осия баъди муддате беҳушӣ ба худ омад ва муолиҷаи ӯ идома ёфт.

Рӯзи ҷумъа ҷарроҳии навбатии Осия тақрибан ду соат идома кард ва ӯ ба утоқи эҳёгарӣ интиқол дода шуд.

Тоҳир Зубайдов, мудири шӯъбаи бемориҳои сӯхтаи Маркази тиббии рақами №3-и Душанбе аз оғоз муолиҷаи Осияро назорат кардааст. Ӯ гуфт, даври навбатии амалиёти ҷарроҳии духтари шашсола хуб гузашт. Ӯ 12 июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт:

“То ҳол мо се ҷарроҳӣ барои часпонидани пӯсту бофтаҳо аз қисматҳои осебнадидаи Осия ба қисматҳои сӯхта анҷом додем. То ҳол вазъаш хуб буд. Наздиконаш барояш хӯрок медиҳанд ва умедворем, ки то чанд рӯзи дигар метавонад мустақилона ҳаракат кунад”.

Барои табобати Осия аз Олмон табиб оварданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:23 0:00

Хушунати бесобиқаи атфоли наврас дар нисбати кӯдак ҷомеаро такон дод ва мояи нигаронии президент Эмомалӣ Раҳмон ҳам шуд. Мақомот гуфтанд, ки маҳз бо тақозои раиси ҷумҳур мутахассиси олмонӣ Эдгар Биммер, ки раиси Анҷумани ҷарроҳони пластикии Аврупо низ мебошад, барои кӯмак ба Осиё ба Душанбе омад. фоҷеа Зулфонов гуфт, ки ин табиби олмонӣ қарор аст базудӣ барои санҷиши дубораи ҷараёни муолиҷаи кӯдак ба Душанбе биёяд.

Тоҳир Зубайдов мегӯяд, ки Осия аллакай мустақилона ғизо мехӯрад ва ҳам нишонаҳои он вуҷуд дорад, ки аз ҳафтаи оянда ба по шуда, дубора роҳ мегардад.

Зимнан аз Тоҳир Зубайдов пурсидем, ки то куҷо хотираҳои сангини сӯхтор зеҳни Осияро азият мекунанд ва оё дар бораи ин фоҷеа ҳарф мезанад? Доктор Зубайдов гуфт, ки ба хотири нарасонидани латма ба вазъи равонии Осия пизишкон дар ин бора бо вай сӯҳбат намекунанд. “Аммо, рӯзи аввал кормандони милитсия омада, бо Осия дар ин бора сӯҳбат карданд ва тамоми ҷузъиёти ин ҳодисаро сабт карданд. То ҷое иттилоъ дорам, то ҳол тафтиши ин ҳодиса идома дорад”, гуфт Тоҳир Зубайдов.

Ҳодиса чӣ гуна рух дод?

Шаҳло Аминова, модари Осия чанде пеш ба нашрияи “Азия Плюс” гуфта буд, ки фоҷеа замоне рух дод, ки ӯ ба назди дандонпизишк рафт ва кӯдакро духтару ду писарашро дар хонаи модараш монд. Вақте аз назди духтур баргашт, барояш хабари ин ҳодисаи мудҳишро хабар додаанд.

“Вақте Осия ба худ омад, ҳамвора мегиристу тарс дошт. Такрор ба такрор мегуфт, ки зери кати хобидааш оташсӯзӣ аст ва бояд ӯро наҷот дод”, гуфтааст модари Осия. “Баъд аз он ки се наврас ӯро бо симхор баста, зери пояш оташ мезананд, алангаи оташ бандро месӯзонаду вай раҳо мешавад. Вай бо шаст сӯи ҳавлии тағояш меравад ва духтари вай болои Осия як сатил об мепошаду, алангаи оташро хомӯш месозад”, афзудааст Шаҳло Аминова.

Духтари 6-соларо дар Душанбе оташ задаанд. Назари наздикон ва табибон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:29 0:00

Дар вазорати дохилии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки парвандаи оташ задани Осияро муфаттишони додситонии ноҳияи Сино пеш мебаранд ва то анҷоми таҳқиқот ҷузъиёти он ифшо намешавад. Ҳассосияи парванда пеш аз ҳама ба синнусоли ҳама ширкатдорони моҷаро рабт мегирад, ки наврас буда, ҳадди аққал яке аз саркардаҳои ҷиноят дучори мушкили равонӣ будааст. Ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани кӯдак дар Тоҷикистон ғайриқонунӣ мебошад.

Вале ин ба он маъно нест, ки онҳо муолиҷа ва таҳти назорат набошанд, мегӯяд журналист ва равонпизишки тоҷик Марям Давлатова.

Ӯ гуфт, ки бар асоси иттилои дарёфтааш, яке аз се наврасони ташаббускори оташ задани духтарча нишонаҳои аутизм ё дархудмондагиро дорад.

Ӯ гуфт: “Яке аз наврасони оташзани Осия ҷавони 13-сола мебошад. Вай бе падар ба воя расида, сагдӯст мебошад. Танҳо бо сагҳо сӯҳбат мекунад. Ин хоси нафарони гирифтори бемории аутизм аст. Бояд таъкид кунам, ки бархе аз шахсиятҳои маъруфи ҷаҳон ба ин беморӣ гирифторанд. Фикр мекунам, ин наврасон дар баробари Осия, ки барояш дилам месӯзад, низ қурбонии ин ҳодиса ҳастанд. Мо ҳаққи маънавӣ надорем, ки онҳоро ҷазо бидиҳем ё дар ниҳоят ба қатл расонем. Моро зарур аст онҳоро табобат кунем, вагарна ҳатто баъд аз зиндон онҳо метавонанд ҷиноятҳои сангинтареро содир кунанд”.

Вале то ҳол намояндагони мақомоти тандурустӣ ваё дигар сохторҳо дар бораи вазъи сиҳҳатӣ ва сабабҳои даст ба ин ҷиноят задани ноболиғонро шарҳ надодаанд. Ҳамчунон ки маълум нест, баъди таҳқиқи ҳодиса бо онҳо чӣ мешавад ва оё мақомот роҳҳои пешгирӣ аз такроршавии чунин ҳодисаҳоро дар чӣ мебинанд.

XS
SM
MD
LG