Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вуруди нозирони САҲА барои арзёбии фазои пешазинтихоботии Тоҷикистон


Ду нозири САҲА ба хотири омӯзиши фазои пешазинтихоботӣ дар Тоҷикистон қарор доранд.

Ду нафар ба намояндагӣ аз Бюрои институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) ҷиҳати омӯзиши вазъи пешазинтихоботӣ вориди Тоҷикистон шудаанд. Ричард Лаппин ва Радивое Груич рӯзи 3 июл бо намояндагони аҳзоби сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, матбуот ва сафоратҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон мулоқот карданд.

Интихоботи президентии Тоҷикистон, қарор аст, моҳи ноябри соли равон баргузор шавад. Барои назорати он аз хориҷи кишвар ҳайъатҳои нозирон ворид мешаванд, ки мӯътабартарини онҳо ҳайъати нозирони Бюрои институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон, ё БДИПЧ - и САҲА ба шумор меояд. Маъмулан нозирони САҲА як моҳ қабл аз интихоботҳо вориди Тоҷикистон мешаванд ва ин ҳайат панҷ моҳ қабл аз интихобот барои омӯзиши вазъ омадааст.

Ричард Лаппин ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳанӯз сӯҳбатҳои онҳо дар Душанбе идома хоҳанд ёфт ва онҳо бо намояндагони ҳукумат ва Кумиссиюни марказии интихобот низ мулоқот хоҳанд кард.

Дар ҳамин ҳол, ҳамсӯҳбатони мо аз ҷумлаи онҳое, ки бо ин намояндагони САҲА мулоқот кардаанд, мегӯянд, таърифе, ки аз вазъи пешазинтихоботӣ ба онҳо дода шуд, хушбинона набуд.

Абдуғанӣ Муҳаммадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон мегӯяд, аҳзоби сиёсӣ ва ҷомиаи шаҳрвандӣ умедвор буданд, ки пас аз ваъдаи президент дар Брюссел ҳадди ақал интихоботи миёндавраӣ дар ҳавзаи Восеъ шаффоф ва демократӣ баргузор мешавад, аммо нашуд: «Лекин мо ҳанӯз 5 моҳ дар ихтиёр дорем. Намояндагони мардумӣ ба таътил рафтаанд. Зарур аст, ки барои тақвият додани ваъдаи президент дар низомномаи Кумиссиюни марказии интихобот тағйиру иловаҳо ворид шавад. Ин тағйиру иловаҳо ҳам ба он хотир хоҳад буд, ки шаффофият ва озод баргузор шудани интихоботро таъмин кунанд.»

Раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон моҳи апрели соли равон ҳангоми сафараш ба Аврупо эълон дошта буд, ки ҳамчун кафили ҳуқуқу озодиҳои мардуми Тоҷикистон, баргузор шудани як интихоботи озод, шаффоф ва демократиро кафолат хоҳад дод.

Аммо масъулини расонаҳои мустақил пас аз мулоқот бо намояндагони САҲА мегӯянд, то ҳол ин масъала ки дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ то куҷо озод ва ҳам берун аз фишорҳои ҳукумат хоҳанд буд, посухи ҷиддӣ надорад, балки як номафҳумӣ ба миён омадааст. Аз ҷумла онҳо инро зикр мекунанд, ки аз ҳоло сомонаҳои маъруф дар кишвар, аз қабили озодӣ.орг, ютуб. ком, каплюс. нет на ба ҳама дастрас ҳастанд, дурусттараш, ҷое дастрасанд, ҷое на.

Нозирони САҲА аз се гурӯҳ иборатанд, ки яке, коршиносони байналмилалӣ, дуввумӣ, нозирони дарозмуддат ва саввумиҳо, нозирони кӯтоҳмуддатанд. Масалан, интихоботи парлумонии соли 2010-ро 17 коршиноси байналмилалӣ, 20 нозири дарозмуддат ва 150 нозири дарозмуддати ин созмон назорат карданд.
Нозирони Бюрои институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА, то интихоботи парлумонии соли 2005 дар интихоботҳои Тоҷикистон ҳузури заъиф доштанд.
Нозирони САҲА интихоботҳои парлумонии солҳои 2005 ва 2010 ва президентии соли 2006-ро назорат карданд.

Аммо нозирони САҲА то ҳол ягон интихоботи Тоҷикистонро озоду мунсифона ва ҷавобгӯзи меъёрҳои як интихоботи демократӣ эътироф накардаанд.
XS
SM
MD
LG