Интизор меравад, ҳаштодумин маросими ҷашнии тақдими ҷавоизи "Оскар" рангин ва хотирмон бигзарад, чун ахиран филмноманависҳои амрикоӣ ба корпартоии эътирозии худ хотима бахшиданд.
Феҳраси номзадҳо ба Оскар чунин аст:
Беҳтарин филм:
- “Барои пиронсолон ҷой нест” (No Country for Old Men)
- “Хуне рехта хоҳад шуд” (There Will Be Blood)
- "Каффора" (Atonement)
- "Ҷуно" (Juno)
- “Майкл Клейтон” (Michael Clayton).
Беҳтарин нақши мардона
- Ҷорҷ Клунӣ (Майкл Клейтон).
- Даниел Дэй-Люис (Хуне рехта хоҳад шуд).
- Ҷоннӣ Депп (Суинӣ Тодд).
- Вигго Мортенсен (Тааҳҳудоти шарқӣ).
- Томмӣ Лӣ Ҷонс (Дар водии Эла).
Беҳтарин нақши занона:
- Кейт Бланшетт (Елизавета: Асри тиллоӣ).
- Марион Котияр (Зиндагии садбарг).
- Ҷулm Кристӣ (Дур аз ӯ).
- Лора Линнӣ (Ваҳшиён).
- Эллен Пейҷ (Ҷуно).
Беҳтарин нақши дувуми мардона:
- Кейсӣ Аффлек (Куштори Ҷессӣ Ҷеймс).
- Ҳавйр Бардем (Барои пиронсолон ҷой нест).
- Ҳэл Ҳоллбрук (Ба сӯйи ваҳшӣ).
- Филип Сеймур Ҳоффман (Ҷанги Чарлӣ Уилсон).
- Том Уилкинсон (Майкл Клейтон).
Беҳтарин нақши дувуми занона:
- Кейт Бланшетт (Ман он ҷо нестам)
- Рабӣ Дӣ (Авбоши амрикоӣ)
- Саорис Ронан (Каффора)
- Эми Райан (Азизам аз даст рафт)
- Тилда Суинтон (Майкл Клейтон).
Беҳтарин коргардон:
- Ҷулиан Шнабел (Ғаввосӣ ва парвона)
- Ҷейсон Рейтман (Ҷуно)
- Тонӣ Гилрой (Майкл Клейтон)
- Этан ва Ҷоел Коэнҳо (Барои пиронсолон ҷой нест)
- Пол Томас Андерсон (Хуне рехта хоҳад шуд).
Беҳтарин филми тасвирӣ:
- Персеполис (Persepolis)
- "Рататуй" (Ratatouille)
- "Мавҷсаворӣ" (Surf`s Up).
Беҳтарин филми хориҷӣ:
- "12" (Русия)
- "Муғул" (Қазоқистон)
- “Қаллобон” (Австрия)
- "Бофор" (Исроил)
- “Катин” (Лаҳистон).