Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Амалиёти Арго” беҳтарин филми Оскар шуд


Муаллифони филми "Арго"
Муаллифони филми "Арго"

Шоми якшанбе дар Лос-Анҷелес 85-умин маросими тақдими ҷоизаҳои Оскар доир шуд.

Академияи кинои Амрико филми “Амалиёти Арго”-и Бен Аффлекро, ки ба бӯҳрони гаравгонгирии амрикоиҳо дар Эрон бахшида шудааст, беҳтарин филми соли 2012-ум эълон кард. Дэниэл Дей-Люис барои бозидани нақши президенти ИМА дар филми “Линколн” беҳтарин ҳунарманди мард номида шуд. Дар байни занони ҳунарманд Оскар насиби Ҷенифер Лоренс шуд, ки дар филми “Дӯстписари асабонӣ” нақш офаридааст.

Дар миёни филмҳои ба забонҳои хориҷӣ таҳияшуда филми коргардони австриёӣ Михаэл Ҳейнеке “Амор” ё худ “Ишқ” ба гирифтани Оскар муваффақ шуд. Ҳунарманд Эн Ҳетевей барои бозидани нақши ҳунарманди кумакрасон дар филми “Бенавоён” Оскар гирифт. Ҳамчунон ҷоизаи Академияи кинои Амрико барои нақши марди кумакрасон Кристоф Валтс дода шуд, ки дар Филми “Ҷанги Озодшуда”-и Квентин Тарантино нақш офаридааст. Дар байни филмҳои муваффақи имсола филми “Ҳаёти Пай”-и коргардон Энг Лӣ ҷой гирифт, ки сазовори чор ҷоизаи Оскар шудааст.


XS
SM
MD
LG