Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оруэлли аз зиндаҳо ҳам зиндатар. Манзури ӯ аз "фермаи ҷонварон" чӣ буд?


Ҷорҷ Оруэлл дар студияи Би-би-сӣ

Чӣ гуна Ҷорҷ Оруэлл тавонистааст як рӯз ҳам дар Иттиҳоди Шӯравӣ зиндагӣ накарда, ҳаёт ва эҳсосоти моро тасвир кунад?

Сӯҳбати адабиётшинос Иван Толстой бо нависанда Мария Карп

Нашриёти "Вита Нова" дар Санкт-Петербург романи "Зиндагиномаи Ҷорҷ Оруэлл"-ро дар 600 саҳифа чоп кард. Муаллифи китоб Мария Поэлевна Карп, рӯзноманигор ва тарҷумон, корманди собиқадори Би-би-сӣ, раҳбари маҳфили Пушкин дар Лондон ва узви Ҷамъияти Оруэлл дар Бритониё аст. Китоби нав дар бораи Оруэлл мисли ҳама маҳсулоти дигари матбааи "Вита Нова" дар шакл хеле ҷолибу зебо нашр шуда, аз тасвир бой аст. Нархи китоб ҳам Шуморо ҳайратзада мекунад. Ба маротиб арзон. Суҳбати мо бо муаллиф аз ҳадафи нашр сар шуд.

– Оруэлл васият кардааст, ки ҳолномаи ӯро нанависанд, аммо бо ин вуҷуд, дар бораи шарҳи ҳоли ӯ китобҳое зиёде нашр шудааст. Ҳадаф аз нашри китоб чӣ буд? Инки чӣ гуна тавонистааст як рӯз ҳам дар Иттиҳоди Шӯравӣ зиндагӣ накарда, ҳаёт ва эҳсосоти моро тасвир кунад?

– Касе, ки романи Оруэллро дар Иттиҳоди Шӯравӣ ва ё кишварҳои сотсиалистии Аврупои Шарқӣ мехонд, ҳатман дар зеҳнаш суоле пайдо мешуд, ки ӯ ин ҳамаро аз куҷо медонист? Чӣ тавр ӯ, ки дар замони Шӯравӣ набуд ва дар низоми тоталитарӣ ё томгаро зиндагӣ накардааст, тавонист на фақат тарзи зиндагии мардумро дар он замон ва зулму ҳукмронии бераҳмонаро тасвир кунад, балки эҳсоси мардуми он замонро ҳам хеле хуб бозгӯ кунад? Мақсади ман дарёфти посух ба ин савол буд.

Маълум шуд, ки ӯ барои ин роҳи зиёдеро тай кардааст. Аслан аз як нигоҳ, як англис, хатмкардаи Итон, ки аз як дунёи дигар аст, набояд ин роҳро интихоб мекард, аммо бо таваҷҷӯҳ ба он ки ӯ чунин шахсият буд, бо ин роҳ рафт. Ӯ романтик ва амалгаро буд. Мехост, ҳама чиро аввал дар худ таҷриба кунад. Мехост, нависанда, адиб бошад, дар аввал ҳатто орзу дошт шоири лириксаро бошад. Яке аз хислатҳои аслии вай, мубориза бо беадолатӣ буд.

Мария карп
Мария карп

Чизи ҷолиби дигар барои ман ин буд, ки таваҷҷӯҳи ӯ ба ҳукумат ва зиндагии Шӯравӣ хеле барвақт пайдо шудааст. Ҷанги шаҳрвандии Испания зиндагии ӯро комилан тағйир дод. Ӯ низ дар ин ҷанг ширкат кардааст. Ҳамин тавр, ӯ аз навҷавонӣ ба иштибоҳҳои зиёде роҳ додаву қадамҳои ноҷо монд. Солҳои тӯлонӣ фикр мекард, ки сиёсат ӯро аз адабиёт дур мекунад ва бояд коре кунад. Танҳо дар охири умр дарк кард, ки набояд аз ин ду якеро интихоб кунад, балки бо омезиши ҳарду насри сиёсиро эҷод намояд. Аз ин рӯ, вақте чун як ҷомеашинос ва муттафакир фаҳмид, ки тоталитаризм чӣ аст, ба мисли як рассом ба тасвири он шуруъ кард.

Виктория Чаликова, аввалин нафаре, ки Оруэллро таҳқиқ кардааст, мегӯяд, ӯ солҳои зиёд дар нақши як муттафакир ва қурбонии низоми томгаро зиндагӣ кардааст.

– Таваҷҷӯҳ ба масоили гуногуни ҷамъиятӣ ва сиёсӣ як тарафаи масъала аст, аммо барои нависанда шудан талоши бештар зарур аст, ба вижа ҷузъҳои таркибии тикаи дигар. Ана аз куҷо Эрик Блэр ин тикаи нависандагиро гирифтааст. Аз куҷо ин маншаъ гирифт?

– Ӯ аз кӯдакӣ мехост нависанда бошад. Ба адабиёт бисёр шавқ дошт. Ҳамзамонони ӯ дар мактаби Итон ва мунаққид Сирил Коннолӣ, ки бо ӯ дар мактаби ибтидоӣ якҷо хондааст, нақл мекунанд, ки ӯ ба таври даҳшатнок китобро зиёд мехонд. Ӯ Герберт Уэллс, Бернард Шоуро дӯст медошт. Ба китобҳои аҷибу ғайриодӣ ва классикӣ майл дошт ва бо забони фаронсавӣ китоб мехонд. Вай ҳанӯз дар хурдӣ ба дӯсташ мегуфтааст, "ҳар китоб метавонад ба ту чизе омӯзад." Яъне, ӯ хеле мехост эҷод кунад, нависад. Дар 11-солагӣ шеъре дар бораи Ҷанги Ҷаҳонии Аввал эҷод кард. Бо илҳом аз овезае, ки ҷавононро ба ҷанг даъват мекард, ӯ шеъри ватандӯстонаи "Бархезед, ҷавонони Англия"-ро навишт. Дар ҳар сурат ӯ тамоми умр худро нависанда тасаввур мекард.

Ин ҷо саволе ба миён меояд, ки чаро пас аз хатми Итон, ӯ якбора ба роҳи адабиёт нарафт ва майли дигаре ба ӯ ғолиб омад? Кореро кард, ки падараш пеш аз ӯ мекард ва дар хонаводаи онҳо одат шуда буд. Ба Мянмар, Ҳиндустон ва Бритониё рафт, то худро дар ҳолатҳое, ки дар тахайюлаш ҳамеша буд, бубинад. Аз он 5 соле, ки ӯ дар Мянмар буд, маълумоти зиёде дастрас нест. Бино бар ин, дақиқ намедонем, ки ӯ кай ба ин хулоса омад. Ӯ он ҷо пулис буд. Яъне дар дохили низоми пур аз зулму ҷаҳолат, низоми империалистӣ қарор дошт.

Одамонро боздошту муҷозот мекард ва бо ҳар роҳе сокинони маҳаллиро саркӯб менамуд. Вақте дид, ки мардум ба ин чӣ гуна бархӯрд мекунанд, ба даҳшат афтод. Тавре баъдтар вай дар ин бора навишт: "Ман ҳеҷ гоҳ ба нигоҳу қиёфаи одамон бепарво буданро ёд нагирифтаам". Яъне ӯ аз хеле барвақт метавонист аз чеҳраи сокинони Мянмар ё Бирма, ки ҳукумати Бритониёро зиёд дӯст намедоштанд, фикри онҳоро бихонад. Ӯ баъдан ҳатто гуфт, ки фақат касе метавонад империализмро пурра дарк кунад, ки дар дохили ин низом бошад. Аз ин рӯ, таҷрибаи кор дар идораи пулис, барои вай ҳам бисёр муҳим буд. Бо ин, дарк кард, ки наметавонад пулис бошад ва умуман бояд фақат нависанда бошад. Вақте ба Англия омад, тасмим гирифт пурра ба фаъолияти бадеӣ машғул шавад. Ӯ ҳатто аз пайи дарёфти ягон кори сердаромад ҳам нашуд. Соли 1927 ӯ ба эҷоду навиштан машғул шуд.

– Оруэлл як асари маъруфе дорад дар бораи он ки чӣ тавр филро паронд. Лутфан, бигӯед, ки чаро ин асар то ин ҳад машҳур шуд?

– Вай ин асарро соли 1936 баъди чанд соли бозгашт аз Мянмар навишт. Ин асар дар бораи он қисса мекунад, ки нақш метавонад аз худи одам қавитар бошад ва нақши намояндаи империя касро маҷбур мекунад, кореро кунад, ки худаш намехоҳад. Ӯ водор мешавад, ки ғайрихоҳиши худ филро ҳам бикушад. Бипаронад.

– Маълум аст, ки ширкат дар ҷанги Испания, ки ӯ он ҷо маҷруҳ шуда буд ба Оруэлл таъсири амиқ гузоштааст. Ӯ он ҷо чиро дид, чӣ кор кард ва чӣ тавр аз ҷанг чун як нависанда баргашт?

– Ҷанги Испания, воқеан барои шахсияти ӯ муҳим буд. Зеро ӯ он ҷо бо чашмони худ дид, ки коммунистҳо ба чӣ амалҳое машғуланд. Ин ҳама барои ӯ тасодуфӣ буд. Ӯ бо ҳамон ҳадафи романтикӣ аввал ба Испания рафт, то зидди фашистон биҷангад. Нахуст ба назди Ҳоррӣ Поллит, котиби генералии ҳизби коммунист рафт, мехост дар гурӯҳҳои байналмилалӣ, ки таҳти роҳбарии коммунистон қарор дошт, мубориза барад. Вале ӯ ба Поллит писанд наомад. Поллит эҳсос кард, ки Оруэлл мустақилияти беш аз ҳад дорад ва ба ӯ тавсиянома надод. Ин номаро баъдан ба ӯ дар ҳизби мустақили лейборист ё ҳизби кори Бритониё доданд. Ин як бахши ҳизби кор, вале дар айни замон ҳизби шадидан зиддисталинӣ буд.

Дар Испания ҳамчунин як ҳизби хурди ПОУМ “Коргарии ваҳдати марксистӣ" фаъол буд, ки он низ чапгаро ва зидди Сталин буд. Ин ҳизбро марде бо номи Андрес Нин раҳбарӣ мекард, ки 9 сол дар Иттиҳоди Шӯравӣ зиндагӣ карда, ба таври мӯъҷизавӣ бо фарзандон ва зани русаш аз он ҷо берун шудааст. Замоне ӯ котиби Лев Тротский буд, аммо зуд аз Тротский ҷудо шуд, зеро ҳадафҳои ӯ барои муттаҳид кардани ҳизбҳои чапгарои зиддисталинӣ дар Ғарб бо нақшаҳои Тротский комилан мухолифат мекард. Бо вуҷуди ин, барои Сталин онҳо ҳама Тротский буданд. Анархистҳои Каталония, ҳам ки Оруэлл ба он ҷо омада буд, душман дониста мешуданд.

Маскав ва Шӯравӣ ҳам дар ҷанги шаҳрвандии Испания бо роҳи интиқоли силоҳ, нақши бузург дошт. Ба ҷуз ин Сталин як бозии маккоронаеро ба роҳ монда, умед дошт Испанияро ба як пораи Шуравӣ дар Ғарб табдил медиҳад. Ҳадафаш мубориза бо душманони худ буд. Бино бар ин моҳи майи соли 1937 пас аз муноқишаҳои Барселона (ин як задухӯрди дохилии серӯзае буд, ки гуфта мешавад, коммунистҳо ба он сабаб шудаанд), Шӯравӣ ба ҳукумати ҷумҳурихоҳи Испания, фишор овард, то фаъолияти ҳизби ПОУМ-ро манъ ва раҳбарону аъзои онро боздошт кунад. Онҳоро дар ҳамкорӣ бо фашистон муттаҳам карданд ва онҳое, ки ҳамроҳ бо Оруэлл алайҳи фашизм меҷангиданд, боздошту ҳабс шуданд.

Ин ҳама барои Оруэлл, ки як марди ростқавл буд зарбаи сахте шуд. Ӯ тасаввур намекард, одамонеро, ки аз кишварҳои дигар барои мадад ба Испания дар ҷанги алайҳи фашистон омадаанд, фашист хонда, бегуноҳ боздошт мекунанд. Ин ҷаҳонбинӣ ва фикри ӯро тағйир дод. Нахустин коре, ки баъдан ӯ кард, ҳамаи инро рӯйи коғаз овард. Ӯ дар бораи ҳодисаҳои соли 1937 дар Испания китобе навишт, ки хеле монанд ба ҳаводиси ҳамон солҳо дар Шӯравӣ буд.

– Шаклҳои тарҷумашудаи ном ё сарлавҳаи асари Оруэлл хеле зиёд аст. Шумо дар бораи унвони русии “Фермаи ҳайвонот” чӣ назар доред? Шумо ҳам ба фикрам ҳамин номро интихоб кардед?

– Не. Гап сари он аст, ки соли 2001 дар нашриёти “Азбука” дар Петербург тарҷумаи аввалини ман бо номи “Фермаи ҷонварон” (Animal Farm, Скотское хозяйство) нашр шуд. Аслан барои ман тааҷубовар ин буд, ки даҳҳо шакли тарҷумаи асари Animal Farm вуҷуд дорад. Оруэлл ҳам ин китобро махсус бо ҳадафи осон тарҷума шудан навиштааст. Ӯ хеле мехост, ки ин китоб сода ва бо забони одӣ бошад. Ва албатта, як сабаби дигари бо забони русӣ зиёд тарҷума шудани ин асар дар он аст, ки ин китоби олиҷаноб аст. Ман зидди онам, ки номи китоб "Скотный двор" ё “Фермаи ҷонварон” тарҷума шавад, Зеро ҳадафи аслии афсонаи Оруэлл ин буд, ки ҷонварон ҳама чиро аз худ мекунанд, онҳо на танҳо як қитъаи ба худ тааллуқдошта ё на фақат ҳавлӣ, балки, ҷангалу саҳроҳоро низ моли худ медонанд. Ин ҳама дар ихтиёри онҳо аст.

Аммо азбаски дар Русия, дар рустоҳо капитализм вуҷуд надошт, калимаи "ферма" ба маънои "хоҷагидорӣ" истифода намешуд. То инқилоб, деҳқон деҳқон буд, пас аз инқилоб деҳқон колхозчӣ шуд. Аз ин рӯ, калимаи "ферма", ба назари ман, дар мамлакати мо ба шакли маҳдуд ва танҳо мисли фермаи парандапарварӣ, ё фермаи шир истифода мешавад. Ман хостам истилоҳеро интихоб кунам, ки фарогир бошад ва ҳам он маъниеро, ки пеш аз инқилоб дошт, ифода кунаду дар айни замон маънии ферма ё хоҷагиро ҳам дода тавонад. "Да здравствует скотхоз!" (“Зинда бод, хоҷагии чорпоён”) Ман барои тарҷумаи асар, чунин номро интихоб кардам. Асар ба ҳар сурат моро ба замони колхозу совхоз мебарад. Қаҳрамонон дар он, дар ин бора сӯҳбат мекунанд.

– Биёед оид дар масъалаи аз ҳама бузургу муҳим, китоби маъруфтарини ӯ “1984” сӯҳбат кунем. Оруэлл кадом кишварро дар назар дошт? Чаро ин суолро мекунам, чунки дар ин бора ҳам назарҳо мухталифанд.

– Бубинед, китоби "1984", албатта, ҳушдор ба сотсиалистҳои Бритониё ва кишварҳои дигари Ғарб аст, ки шумо ба ҳеҷ ваҷҳ набояд кореро кунед, ки Иттиҳоди Шӯравӣ кард. Ман аллакай гуфтам, ки саркӯбу туҳматкории коммунистон дар Испания барои ӯ чӣ даҳшате буд. Вале зимни таълифи “1984” ӯ аз манбаъҳои хубе истифода кардааст. Ӯ дар ин бора зиёд мехонд ва ҳамчунин аз афроди алоҳида ҳам ҷузъиёти муҳими дигарро дастрас мекард. Барои мисол, соли 1944 Глеб Петрович Струве, ба ӯ навишт, ки дар тақвими таърихии соли 1944 дар бораи Паймони Молотов- Риббентропи соли 1939, умуман ёдоварӣ нашудааст.

Шояд барои мову шумо ин чандон тааҷубовар нест, зеро дар ин бора пас аз фурупошии Шӯравӣ озод сӯҳбату ёдоварӣ мекарданд, аммо барои Оруэлл, пинҳон доштани ҳодисаи таърихие, ки ҳама онро ёд доранд, ҳайратовар буд. Ҳодисае, ки ҳамагӣ панҷ сол қабл аз соли 1944 рух дода, ҳукумати Шӯравӣ якҷо бо фашистон бо ҳавопаймоҳои олмонӣ Бритониёро бомбборон карданд, вале дар як тақвими таърихӣ ин ҳодиса гуё набуд.

Ҳамин тавр ба Оруэлл, нафаре аз нашрияи маҳаллии Лидс маълумоте фиристод, ки дар он дар он гап дар бораи Александр Бармин, дипломати Шӯравӣ меравад. Ин манбаи Оруэлл навиштааст, ки дар нашрия хабар доданд, ки Александр Бармин дар Ғарб монд ва ба кишвараш барнагашт. Хонандагон, ки аз Шӯравӣ ҷонибдорӣ мекарданд ба ин хабар бовар накарданд ва касе ба Маскав нома навишта пурсидааст, ки оё ин маълумоти нашрияи англисии мо ҳақиқат дорад? Аз Маскав посух омадааст, ки не, чунин одам вуҷуд надошт. Хонандаи ҳайратзадаи англис ҳам ба нашрия муроҷиат карда, шикоят намудааст, ки “моро фиреб накунед, аз Маскав гуфтанд, ки чунин одам нест аслан.”

Яъне романи "1984" бо такя ба далел ва ҷузъиёти мушаххаси сиёсати Шӯравӣ, сар карда аз Паймони Молотов-Риббентроп навишта шудааст.

Масалан, Уқёнусияе, ки пайваста ба шаҳрвандони худ эълон мекард, ки мо бо Авруосиё меҷангем, якбора эълон мекунад, ки Авруосиё ҳамеша дӯсти мо буд ва мо бо он намеҷангем. Яъне ҳамин тағйиру гардишҳои ногаҳонии ҷараёнҳои сиёсӣ, ки шаҳрвандонеро мисли Уинстон Смит, қаҳрамони романи Оруэлл ҳайратзада мекард, ин ҳама, албатта, аз таърихи муосири Советӣ ё Шӯравӣ гирифта шудааст.

– Шумо кай ба чеҳранигории Оруэлл рӯ овардед, чаро симову шахсияти ӯ Шуморо ҷалб кард? Ин заҳмати бузурге аст, китоби навиштаи Шумо хеле калон аст. Шояд барои навиштани он солҳоро сарф кардед?

– Ман китоби Animal Farm ё “хоҷагии чорпоён” ро дар замони бозсозӣ, соли 1990 тарҷума кардам. Ин китоб баъд қариб 10-11 бор нашр шуд. Вале дар солҳои 90 ман на фақат ин китоб, балки мақолаи Оруэллро ҳам тарҷума кардам, ки чун пешгуфторе барои “Фермаи ҷонварон” навишта шуда буд. Ин мақолаи “Озодии матбуот” аст. Дар он муаллиф дар бораи мушкилоти худ зимни нашри ин мақола қисса кардааст. Дар солҳои 1944 -1945 касе дар Бритониё, ҷуръати нашри мақолаҳои интиқодӣ ва ҳаҷвӣ дар бораи Сталинро надошт. Зеро Русия ё Иттиҳоди Шӯравӣ шарики Бритониё дар ҷанг буд.

Дар ҳар сурат, таваҷҷӯҳи ман ба мавқеи ӯ аз хеле барвақт пайдо шуд, вале ҳамин панҷ соли ахир ман рӯйи ин китоб кор кардам. Ман онро дар муддати қариб 3 сол навиштам. Раванди нашри он ду сол идома кард, бояд иқрор шавам, ки маҷбур шудам, онро кӯтоҳ кунам ва ин 600 саҳифае, ки ҳоло пешниҳоди хонанда шудааст, шакли кӯтоҳшудаи он аст.

Аммо воқеият ин аст, ки ман интизор набудам, ки ҳаёти ӯ то ин ҳад ҷолибу пургардиш ва пур аз робитаҳои аҷиб бо даврони Шӯравӣ аст. Ҳамаи ин пайвандҳо барои ман чунон ҷолибу тааҷҷубовар буд, ки дигар фикри сарф шудани вақти зиёду тӯлони шудани китобро накардам.

Ҷорҷ Оруэлл
Ҷорҷ Оруэлл

– Ҷаҳони замони Оруэлл одӣ ва дуқутба буд, он аз Иттиҳоди Шӯравии тоталитарӣ ва фаҳмиши муайяну анъанавӣ дар бораи Ғарб иборат буд. Оё Оруэлл дар замони имрӯз ҳам, муҳим ва ё ҷолиб аст?

– Гап сари он аст, ки ман наметавонам ба ин андеша, ки ҷаҳони замони Оруэлл ва ҳатто давраи баъд аз он, одӣ ва дуқутба буд розӣ шавам. Ман фикр мекунам, ҳоло барои мо чунин баҳо додан осон аст, аммо дар он замон ин ҳама воқеан мураккабу печида буд.

Мо имрӯз ҳам талошҳо барои туҳмату дурӯғҳои созмонёфтаро пеш аз ҳама дар Русия дида истодаем. Оруэлл ба назари ман имрӯз ҳам доғу муҳим аст. Ҳатто мешавад, гуфт имрӯз он муҳимтар аз он замон аст. Дар он даврон фикр мекарданд, ки низоми томгаро, Олмони фашистӣ ин ҳама фаҳмишҳои таърихиянд. Пас аз солҳои 89-91 чунин ба назар мерасид, ки тоталитаризм мафҳуми замони гузашта аст. Вале, дареғо, мо мебинем, ки ин истилоҳ ҳанӯз моли гузашта нест.

Ман дар яке аз мақолаҳои Оруэлл тавзеҳи ҷолиби томгароиро пайдо кардам.

Ӯ мегӯяд: "Кишвар замоне тоталитарӣ мешавад, ки дар он диктотура ва яккаҳизбӣ ҳукмрон аст ва ба фаъолияти мухолифон иҷоза намедиҳад. Ин кишварест, ки дар он озодии баёну матбуот саркӯб мешавад."

Ҷойи дигар ӯ мегӯяд: "Дурӯғи созмонёфтаро, ки дар кишварҳои тоталитарӣ аз он истифода мешавад, баъзан чораи муваққатӣ мегӯянд, ки мисли найранги низомӣ аст. Аммо дурӯғи созмонёфта ин як ҷузъи низоми тоталитарӣ аст, ки ҳатто вақте ба конслагерҳову пулиси махфӣ ҳам зарурат намемонад, он аз байн намеравад."

Яъне мо имрӯз дурӯғпарокании мутташакилонаро дар мисоли Русия дида истодаем. Масалан, вақте Қрим забт шуд ва замони ҷанг дар Донбасс, шоҳиди он будем, ки дурӯғ ва таблиғоти дастҷамъонае аз телевизионҳои Русия садо медод. Сар карда аз он, ки дар Украина гӯё табаддулоти фашистӣ рух дод ва то ба он ки гӯё писароне чормех ва қурбонии фашистҳои украинӣ шудаанд.

Ба ин ҳамеша метавон аз ин нигоҳ назар кард, ки оё дар кишварҳои дигар дурӯғпарокании муташаккилона вуҷуд надорад? Албатта дорад. Вале тавре Оруэлл дар мақолаи олиҷаноби худ “Фашизм ва демократия” гуфтааст, тафовут фақат дар миқёс ё ҳудуд ва қобилияти посух додан ба он аст.

Шарҳҳоро бинед (10)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG