Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҷаби Мирзо дар бораи "Ҷанги бидуни қоида" ва ё бадгӯӣ дар ҳаққи журналистон


Раҷаби Мирзо

Раҷаб Мирзо,

журналист, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ

Бознашр аз веблоги "Рӯзи нав"

Оё муаллифони матолиби бадномкунандаро ҷонибдори ҳукумат гуфтан мумкин аст?

Бархӯрдҳои ахир ба журналистони мустақил ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон нишон медиҳад, ки муносибат бо онҳо дигар шуданӣ нест. Ҳудуди 10 сол аст, ки ҳар нафари ба назари ҷониби дигар “саркаш”, мавриди “ҳуҷуми иттилоотӣ”, дар асл равонӣ, қарор мегирад.

Аввал “нармтар”, сипас сахттар ва баъзан бисёр дағалу нафратовар.

Ду ҳафтаи охир аст, ки оҳанги ахир аз нав эҳё шуд. Соли 2013, ки низ маъракаи интихоботи президентӣ дар пеш буд, айни вазъро доштем. Моҳи ноябри имсол ҳам бояд интихобот сурат гирад. Ин маърака, ки дар паи як бӯҳрони ҷаҳонӣ сурат мегирад, ҳассосиятҳои худро дорад. Ҳаводиси ахири Амрико, Аврупо ва ҳатто Белорусу Қазоқистон нишон медиҳанд, ки вазъ чӣ қадар эҳтиёткориро тақозо мекунад. Дар мо, мисле, ки боз ҳам инро сарфи назар карданианд.

Дар рӯзи таъсиси Созмони Байналмилалии Журналистон (СБЖ), ки 8 июни соли 1946 дар нишасти Копенгаген бо намояндагии 21 давлати эътилофи зиддигитлерӣ ташкил шуда буд, зарур донистем, ба ин мавзӯъ баргардем.

Воқеан, ҳадафи аслии таъсиси СБЖ ҳамон тавре дар аснодаш омадааст, тақвияти дӯстии байналмилалӣ ва ҳамкорӣ тавассути иттилоърасонии озод, воқеӣ ва боинсофона, мубориза зидди таблиғи ҷанг, фашизм, табъизи милливу нажодӣ ба ҳисоб меравад. Дар навбати худ ин созмон вазифадор шудааст, ки журналистонро аз беҳуқуқӣ, инҳисор (монополия) ҳимоя намуда, барои рисолати касбиашон шароит ба вуҷуд биёрад. Ҷоизае ба номи Юлиус Фучик (журналисти чех, ки соли 1943 аз ҷониби фашистон ба қатл расид) таъсис ёфтааст ва ба журналистоне тақдим мешавад, ки ҳангоми фаъолияти касбӣ ба фишору монеа рӯ ба рӯ мешаванд.

Фишору монеа ба фаъолияти журналистӣ ҳарчанд кирдорест, ки дар Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ҷазои алоҳида дорад, аммо то имрӯз ҳич кас барои вайрон кардани он муҷозот нашудааст. Ин ки журналистон ба сахтӣ маълумотро ба даст меоранд, аз ҷумлаи монеаҳои рӯ ба рӯест дар фаъолияти касбии онҳо. Ба маълумоти муҳимтар бошад, онҳо ё умуман дастрасӣ надоранд, ё хеле дер огоҳ мешаванд. Дар ин сурат гуфтан мушкил аст, ки ҳамкасбони мо рисолати воқеии касбии худро иҷро карда метавонанд.

Ба “саркашҳо”, ки теъдодашон зиёд нест, бархӯрдҳои мухталиф ҷо дошт. Аммо анқариб даҳ сол аст, ки ба назар мерасад, усули "ҷанги бидуни қоида"- ро шурӯъ карданд. Яъне гӯё дар ин ҷанг ҳама чӣ имконпазир аст: ҳақорат, таҳқир, бӯҳтон, тӯҳмат, дахолат ба ҳаёти шахсӣ, ихтилофсозии сунъӣ, расидан ба арзишҳову муқаддасот...

Азбаски ин гуна матолиби бадномкунанда бештари вақт дар расона ё сомонаҳои ҳукуматӣ ва гурӯҳҳои фейсбукии ҳизби ҳоким нашр мешаванд, гуфтан мумкин аст, ки онҳо идорашавандаанд, ҳарчанд бо имзои мустаор нашр мегарданд. Ҳамин, ки дар нашрияву сомонаҳои ҳукуматӣ, ё гурӯҳҳои интернетии ҲХДТ ва ҳатто “Авангард” -и зери назорати Вазорати корҳои дохилӣ ба табъ мерасанд, аз хеле чиз бозгӯ мекунанд. Инро вақте ба мафҳуми “озодии сухан” рабт додан мумкин буд (ҳарчанд озодии сухан ва матбуотро бо бемасъулиятӣ намешавад якҷо кард) , ки агар посухи шахси таҳқиршуда ( таҳқир то соли 2012 як амали ҷиноӣ буд) дар ин расонаҳо нашр мешуд. Аммо ёд надорем, ки чунин иттифоқе пеш омада бошад.

Ибтидои солҳои 2000, ки дар Тоҷикистон интернет чандон рушд накарда буд, ин гуна матолиб бештар дар нашрияҳои ҳукуматӣ нашр мешуданд. Аз ҷумла, дар бораи раҳматии Қувват Султон (раиси ҳизби сабтиномнашудаи Тараққиёт), ё муовинаш Рустам Файзиев, ки баъдан дар маҳбас фавтид, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров (раиси собиқи ҲДТ), Раҳматилло Зойиров (раиси ҲСДТ) ва матлабе дар бораи журналисти равонёд Мавлуда Султонзода (муаллифи матлаби он замон машҳури “Раҳмонов кист?”, ки дар нашрияи “Нерӯи сухан” чоп шуда буд). Аммо он замон тафовути зоҳирӣ эҳсос мешуд: то ин ҳад таҳқиру тӯҳмати нафратовар, ки ҳоло мебинем, набуд. Дар зери матлаби зидди Султонзода навишта бо унвони “Султонзода кист?” бошад, имзои сардабири нашрияи парлумонии “Садои мардум” раҳматии Бобоҷон Абдулвоҳидов меистод.

Дар бораи Қувват Султон раиси Кумитаи андози Тоҷикистон, ки баъдан ба яке аз мухолифони ҳукумат табдил ёфт, низ матлабҳои таҳқиромези зиёд нашр карда буданд. Талоше аз ҷониби Зойиров барои ба суд додани нашрияе, ки зидди ӯ, ки ба қавлаш тӯҳматнома навишт, бенатиҷа анҷом ёфт. Бо ин ҳама гуфтан мумкин аст, ки он замон то ин ҳад бемасъулиятӣ эҳсос намешуд. Ин масъулият аз ҷониби сардабирони вақт риоят мешуд, ё сохторе, ки ин гуна матолибро таҳия мекард, номаълум аст.

Ё шояд фазои ҳукмрони он вақт ва вуҷуди бигзор заифи тавозуни нерӯҳои сиёсӣ?

Аммо акнун солҳост, ки мебинем ба нашри ин гуна таҳқирномаҳо матбуоти ба истилоҳ мустақили фаъол ҳам дастбакор шудааст. Сардабири яке аз нашрияҳо, ки чанд вақти охир аст, нашр намешавад, дар сӯҳбатҳои ихтисосӣ мегуфт, пеши онҳое, ки ин гуна матолибро барояш меоварданд, танҳо як шарт мемонд: имзои шахси воқеиро гузоред, нашр хоҳам кард, зеро он чӣ ки Шумо овардаед, ҷавобгарии ҳуқуқӣ дорад!

Ҳоло танҳо аз “Азия плюс” мешавад мисол овард, ки матолибе чунин якҷонибаву ғайрикасбиро ба нашр намерасонад.

Бархӯрди гурӯҳи “Авангард” -и назди Вазорати корҳои дохилӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ин гуна масоил мавзӯи ҳуқуқии дигарро ба бо меорад: оре, онҳо шояд барои ҷилавгирӣ аз ҷиноятҳо, хоса ифротгароӣ ва терроризм таъсис ёфтаанд, вале вақте дар муборизаҳои сиёсӣ ширкат мекунанд, то куҷо ҳақ доранд?

Зеро қонунгузорӣ ба сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ иҷозаи фаъолияти сиёсиро мамнӯъ кардааст!

Шояд ҳоло даъвое пеш биёранд, ки чунин шеваи мубориза дар кишварҳои дигар ҳам вомехӯранд. Масалан дар интернет сомонаҳои зиёдеро вохӯрдан мумкин аст, ки “Компромат” ном дошта, ихтилофоти гурӯҳ ё шахсони алоҳидаро нашр мекунанд. Аммо фаромӯш намекунем, ки дар ин ҳолат сухан аз кишварҳое меравад, ки фарҳангу бардоштҳои аз ҷомеаи шарқӣ комилан мутафовит доранд. Бештар аз ин, ин гуна сомонаҳоро одамони ҷиддӣ пайгирӣ намекунанд. Зеро имкони баҳсҳои ҷиддӣ дар нишасту маҳфил ва расонаҳои хабарии ин кишварҳои мутаммадин имконпазир аст. Чунин шеваи муборизаро бошад кори гурӯҳ ё одамони заиф мепиндоранд. Ҳаёти шахсии одамони ҷамъиятӣ ҳам дар ҷомеаи ғарбӣ аз ҳаққи дахлнопазирӣ маҳрум аст. Ба ин, агар илова кунем, ки дар ин давлатҳо суди мустақил вуҷуд дораду ба қавле “мӯйро аз хамир ҷудо карда метавонад” ҳолати дигареро хоҳем дид...

Бархе мегӯянд, ки танҳо матбуоти ҳукумат ё гурӯҳҳои зери назари Душанбе нест, ки чунин шеваи нофорами “мубориза” доранд. Зимнан, фаромӯш намекунем, ки ҳоло ҳадафи мо матбуот ва сохтору созмонҳои расмист. Он гурӯҳҳои дар хориҷ қарордошта, ба ҳар сурат, аз сӯи мақомоти Тоҷикистон ғайриқонунӣ эълон шудаанд. Яъне онҳоро дар Душанбе аллакай ҷинояткор меҳисобанд.

Дуруст, бархе аз онҳоро ба Тоҷикистон овардаву дар муқобили ҳамгурӯҳҳои пешини худ дар муборизаи лафзӣ гузоштаанд. Инро шояд як навъ тактикаи мубориза мепиндоранд. Бархӯрди ҳамчунин барои ҳукумати Раҳмон аслан нав ҳам нест. Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, агар хато накунам соли 1996 низ, бархе намояндаҳои мухолифин, аз ҷумла Аъзам Афзалиро ба Душанбе оварда буданду ҳамчун раиси Ҳизби демократ муаррифӣ ва сабти ном карданд ва дар муқобили ҳамсафони пешин гузоштанд. Вале дар музокироти сулҳ аз номи ин ҳизб Ҷумъабой Ниёзов сӯҳбат мекард ва дар протоколҳо имзо.

Пештар аз ин, раиси ин ҳизб Шодмон Юсуф интихоботи президентии соли 1994 -ро ба Эмомалӣ Раҳмон табрик гуфт ва боис ба ихтилоф дар дохили ИНОТ гардиду ахиран аз сафи онҳо канор рафт. Вале то ҳанӯз дар ҳаққи Раҳмон тундгӯӣ мекунад. Инро бояд чунин фаҳмид, ки ин роҳи ҳал нест...

Хуб, гуфтем, ки ин давраи ҷанг буд ва бо ҳар роҳе мебоист оташи он хомӯш мегардид. Ҳоло шукри Худованд дар амну субот ба сар мебарем. Пас, вақте чунин шеваи бархӯрдро аз ҷониби як созмон ё сохтори расмӣ мебинем, бояд ба чӣ хулоса омад?

Ба назари инҷониб, новобаста аз он ки ин "ҷанги беқоида"- ро кадом сохтор ва бо кадом ҳадафе сар кардааст, бар зарари ҳукумате меанҷомад, ки чунин сохторҳоро дорад. Ва аммо...шояд ҳадафи ин сохторҳо ҳаргиз пуштибонӣ аз ин ҳукумат нест, балки мехоҳанд, ҳарчӣ бештар ҳукуматро бадном созанд, манфур гардонанд.

Ҳатто барои онҳое, ки то ҷое пуштибонӣ аз ин ҳукумат мекарданд. Ба ҳар сурат, вақте бархе матолиби мухолиф ба ҳама меъёрҳо навишташуда дар матбуот ва сомонаву шабакаҳои расмиро баъзе ҷонибдорони ҳукумат ҳам хонданд, кам нашунидам, ки мегуфтанд: "Худо оқибаташро ба хайр гардонад, ки ҳама меъерҳо пушти по зада шуд".

Яке аз мухолифони ҳоло тундгӯиро каноргузоштаи ҳукумат - Додоҷон Атовуллоев ҳам ба ин маъно навишт, ки барои ин ҳукумат ягон мухолифе зарур нест. Шояд дар дохилаш шахсон ва сохторҳое дорад, ки ҳарчӣ тезтар мехоҳанд, ҳукуматро бадном карда, мардумро ба кӯчаҳо бикашанд ва ба аҳдофи пинҳони худ бирасанд.

Воқеан, пайдоиши ин гуна матолиб ва чунин бархӯрд бо журналистон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ як пайомади дигар ҳам дорад: ҷомеаро ба бемасъулиятӣ мебарад.

Яъне ҳама чӣ ва ҳама корро кардан мумкин!

Пас чаро гуфтан мумкин нест, ки ин тавтеа аст ва бо ҳадафҳои хос барномарезӣ шуда?

Пас чаро гуфтан мумкин нест, ки ҳар сохторе пушти ин гуна иқдомот меистанд, душмани сарсахти ин ҳукумат ва мардуми ин давлатанд?

Доираҳои таҳлилӣ, агар дар марказҳои қабули қарор дорем, кай фаротар аз "кайф"- и лаҳзавӣ фикр хоҳанд кард ва ба пайхати интригаҳои дар атрофашон вуҷуддошта сарфаҳм мераванд?

Вуҷуди ин саволҳои то ҳол бе посух низ даҳшати дигаре доранд...

Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Шарҳҳоро бинед (15)

XS
SM
MD
LG