Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёти "Аланга": Пулиси Хатлон дуздони пулҳои калонро меҷӯяд


Пулис мегӯяд, ки дуздон пулҳои калони як сокини ноҳияи Вахшро гирифта фирор карданд

Мақомоти Бозрасии давлатии автомобилӣ дар вилояти Хатлон мегӯянд, дар пайи ғорати миқдори калони пул дар ҳудуди ин минтақа, амалиёти боздошти гумонбарон, роҳандозӣ шудааст.

Бо ин, ки ҷузъиёти зиёди ин ҳодиса дар даст нест, полис тасдиқ кард, ки дар вилоят амалиёти ба ном "Аланга" ба хотири ошкору боздошт шудани ҷинояткорон ба роҳ монда шуд.

Як кирокаш гуфт, ки санҷишҳои полис ронанда ва мусофиронро дар ҳайрат гузоштааст.

Шомурод Шарипов, муовини сардори шӯъбаи Бозрасии давлатии автомобилии вилояти Хатлон рӯзи 19-уми ноябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ҳудуди ноҳияи Вахш "дуздии пули ниҳоят зиёд сабт шудааст" ва ҳоло ҷустуҷӯи ғоратгарон ҷараён дорад. Шарипов дар шарҳи ин ҳодиса танҳо гуфт, ки амалиёти ҷустуҷӯи дуздон бо номи шартии "Аланга" ба роҳ монда шудааст: "Дар як хона дуздии маблағи ниҳоят зиёд шудааст, кор ҷараён дорад. Тафтишот пеш меравад, мо чизе бештар гуфта наметавонем".

Шарипов гуфт, ки гумонбарон мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд, вале аз гуфтани ин, ки шумори онҳо чанд нафар аст, худдорӣ кард.

Ҳуввияти ғоратшуда маълум шуд

Бахши муҳими тафтишот ба амалиёти ҷустуҷӯи дуздони савори мошин рабт мегирад ва ба ҳамин хотир, ба қавли мақомот, дар кӯчаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон шумори ходимони полис ва бозрасони автомобилӣ зиёд шудааст.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти интизомӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дуздон хонаи як рӯҳонии саршиноси маҳаллӣ - эшони Муҳриддин Ҳомиддовро дуздӣ кардаанд. Ин рӯҳонӣ сокини деҳаи Янги ҳаёти ҷамоати Кирови ноҳияи Вахш буда, солҳои зиёд дар қозиёти вилояти Хатлон ҳамроҳи писараш дарси исломӣ медодааст.

Тоҳир Турсунов, раиси ҷамоати Киров дар суҳбат ба Радиои Озодӣ дуздии хонаводаи эшони Муҳриддин Ҳомидовро тасдиқ кард ва гуфт, ки аз субҳ пулис ва муфаттишон дар ҳавлии ӯ ҳастанд. Як мақоми дигар аз ноҳияи Вахш гуфт, ки эмомхатиби деҳа ба полис гуфтааст, ки аз хонааш 40 ҳазор сомонӣ (муодили беш аз 4 ҳазор доллар) ва 6800 ҳазор доллари амрикоӣ рабурда шуд.

Ба қавли ҳамсояҳо, дуздӣ дар хонаи серфарзанди рӯҳонӣ шабонгоҳ рух додааст. Ҷузъиёти аз ин бештар дар даст нест.

"Ронандаҳову мусофирон дар ҳайрат монданд"

Зиёд шудани шумори ходимони пулис дар роҳҳоро субҳи душанбе сокинони зиёди вилоят мушоҳида карданд. Дар оғоз овозае шуд, ки гӯё мақомот ба ҷустуҷӯи мошини навъи "Мерседес" машғуланд, ки гӯё чанд нафарро кушта, фирор кардааст, вале дар идомаи рӯзи 19-уми ноябр ин фарзия тасдиқ нашуд.

Дар ҳамин ҳол, ронандаҳои мошинҳои хусусӣ ва кирокашҳо мегӯянд, ки ба хотири амалиёти пулис, нигоҳдорӣ ва санҷидани дохили мошинҳои онҳо бештар шуда, то андозаи нороҳаткунанда мебошад. Ронандаҳои ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ дар шаҳри Бохтар гуфтанд, ки кормандони интизомӣ, ки бархе аз онҳо мусаллаҳ мебошанд, мошинҳоро нигоҳ дошта, дар баробари шахсияти ронанда, дохили мошинро муфассал мавриди тафтиш қарор медиҳанд.

Саидакбар, як кирокаши масири Душанбе-Панҷ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳамчун як сокини ноҳияи наздимарзӣ бо Афғонистон одат кардааст, ки пулис ҳамеша мошинҳоро назорат мекунад, вале имрӯз шумораи пулис ва онҳое, ки либоси низомӣ доштаанд, дар муқоиса ба рӯзҳои маъмулӣ бештар ба назар мерасид. Ӯ гуфт, имрӯз дохили мошинашро ҳам тафтиш карданд, ки мабодо моли ғайриқонунӣ набошад. Ин кирокаш гуфт, ки "санҷишҳои полис ронанда ва мусофиронро дар ҳайрат гузоштааст".

Як кирокаш аз шаҳри Норак низ гуфт, ки дар дохил ва даромадгоҳи шаҳр ҳузури ходимони пулис ва кормандони низомӣ мушоҳида мешавад, вале касе ба ин ронандаҳо сабаби тафтишу санҷишро шарҳ намедиҳад.

Афзоиши ходимони пулис дар ҷодаҳои вилояти Хатлон дар ҳоле мушоҳида мешавад, ки дар пайи ҳамла ба ҷаҳонгардони хориҷӣ дар авохири моҳи июл дар минтақаи Себистони Данғара, постгоҳҳои иловагӣ таъсис дода шуда, минтақа чанд вақт зери назорати шадиди амниятӣ қарор дошт ва кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ ҳар мошинро назорат мекарданд. Дар он ҳодиса, ки масъулияташро гурӯҳи ба ном "Давлати исломӣ" ба ӯҳда гирифт, чор хориҷӣ кушта ва се нафар маҷрӯҳ шуд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG