Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саодати бемор аз саховатмандон дархости кӯмак дорад (ВИДЕО)


Саодат Шарипова
Саодат Шарипова

Саодат Шарипова, ки аз бемории гепатити С ранҷ мебарад, бо сабаби мушкили молӣ наметавонад худро табобат кунад. Аммо умедвор аст, ки дар ин моҳи Рамазон ашхоси саховатманде пайдо шуда, ба ӯ кӯмак мекунанд.

Саодат Шарипова, сокини 44-солаи шаҳри Душанбе, ки якуним сол боз ба бемории гепатити С гирифтор аст бо сабаби мушкили молӣ наметавонад доруҳои заруриро харад ва рӯз аз рӯз саломатияш вазнин мешавад. Аммо умедвор аст, ки саховатманде пайдо шуда ба ӯ кӯмак мекунад.

Саодат Шарипова моҳи феврали соли 2013 дар пайи хуруҷи бемории меъда ба Пажӯҳишгоҳи гастроэнтрологӣ муроҷиат кардааст ва пас аз ташхис маълум гардида, ки вай ба бемории гепатити С гирифтор аст. Шарипова нақл мекунад, ки қабл аз муайян шудани бемории гепатити С дар Пажӯҳишгоҳи гастроэнтрологӣ ба яке аз бемористонҳои Душанбе барои дарди меъда муроҷиат карда, аммо ба якборагӣ ба ҷои шифо ёфтан беҳолу бемадор шуда ва маълум шудааст, ки вируси гепатити С ба вуҷудаш роҳ ёфтааст.

Ташхиси тиббии Саодат Шарипова.
Ташхиси тиббии Саодат Шарипова.

Ҳарчанд Саодат Шарипова, сабаби ба ин беморӣ гирифтор шуданашро аниқ намедонад, аммо он рӯзи ба беморхона рафтанашро ба ёд оварда мегӯяд, «табиб асбоби тозанокардаашро барои муайян кардани бемории меъда ба даҳонам гузошт. Ҳарчанд гуфтам, ки асбобҳоятро баъди ташхиси як нафар тоза кунед, аммо барқасдона рафтор кард…»

Баъди оне ки табибони Маркази гастроэнтрологӣ вайро бемории гепатити С гуфта дору навиштаанд, набуди ин доруҳо дар дорухонаҳои шаҳр ва нархи гарони он дар дигар марказҳо вуҷуди Саодатро яъсу ноумедӣ фаро гирифт. Се таблеткае, ки дар аввал бояд Саодат истеъмл ва чор моҳ табобат мекард 35 ҳазор сомонӣ ё муодили 6, 5 ҳазор доллар сарф мешуд. Маблағе ки хонаводаи Саодат онро натавонист пайдо кунад.

Танҳо баъд аз нашри як матлаб дар сомонаи Озодӣ як сол қабл дар бораи ин зан Раҳматуллои Ромитӣ, як табиб ба Саодат кӯмаки ройгони тиббӣ карда ва як маротиба доруҳои лозимияшро харидааст.

Шарипова мегӯяд, бо вуҷуди гарон будани нархи доруҳои гирифторони гепатити С, онҳо дар дорухона ва марказҳо дастнорасанд ва беморон барои харидани онҳо моҳҳо навбат меистанд. Аммо ин зан ҳарчанд "навбати хариди дору"-ро ба даст овард, аммо набуди маблағ натавонистааст то ҳол онҳоро гирад.

Беш аз як сол ин зан ба ҳар даре сар мезанад, аммо ноумед бармегардад. Ҳоло табибон гуфтаанд, дигар бо 6,5 ҳазор доллар наметавонанд ӯро табобат кунанд, чунки беморияш авҷ гирифтааст. Табибон гуфтаанд, барои муолиҷаи яксолаи Саодат Шарипова 13 000 доллар маблағ сарф мешавад. Аммо хонаводаи ин зан тавони дарёфти ин маблағро надорад. Чунки дар оилаи онҳо ба ғайр аз бемории ӯ шавҳараш бо 3 фарзандашон ҳам маъюбанд.

Ғолиб Табаров, шавҳари Саодат маъюби гурӯҳи дуюм буда дар ҳеҷ ҷо кор намекунад ва танҳо зиндагии онҳо бо маблағи нафақаи ӯ, ки 700 сомониро ташкил медиҳад, мегузарад. Саодату Ғолиб соҳиби 5 фарзанд ҳастанд, ки 3 нафари ҷигарбандонаш низ маъюбанд, аммо танҳо ду кӯдакашонро ҳамчун маъюб ҳуҷҷат кардаанд ва ҳудуди 100 сомонӣ ҳар яке нафақа мегиранд, ки барои доруву дармонашон ночиз аст. Худи Саодат Шариповаро ҳамчун маъюб ба қайд нагирифтаанд. Ба гуфтаи худаш масъулон гуфтаанд, ҳоло ҳам дараҷаи беморияш барои ҳамчун маъюб эътироф кардан нарасидааст. Аммо мегӯяд вақте ҳамчун маъюб эътироф мекунанд. ки дигар умеди сиҳат ёфтан намемонад.

Дархости Саодат Шарипова аз саховатмандон барои кӯмак
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:22 0:00

Онҳо сокини кӯчаи Ҳабиб Аҳрори ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҳастанд, ки дар як манзили назарногир, ки "барак" мегӯянд, зиндагӣ мекунанд. Зану шавҳар бо ашки шашқатор мегӯянд, ки ақаллан мошин надоранд, ки онро фурӯшанду дору харанд. Ғолиб Худоро дуо мекунад, ки фарди саховатпешае пайдо шавад, то ба онҳо кӯмак кунад, ки бемории ҳамсарашро рафъ созанд.

Саодати бемор ва Ғолиби маъюб дар ин моҳи мубораки Рамазон аз мардуми хайрхоҳу доро ва сарватманд илтиҷо доранд, ки ба онҳо дасти ёрӣ дароз кунанд. Аз ҳар нафаре, ки мехоҳад ба ин хонавода кӯмак кунад, хоҳиш мешавад ба ин шумораҳо: 919 64 53 39 ва 919 64 53 40 занг занад.

XS
SM
MD
LG