Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як рӯз дар нақши духтари деҳот (ВИДЕО)


Фарзона Сафарова, донишҷӯи бахши рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Ҷӯрабой Ҷумъаев - раиси як студияи аксбардорӣ – барои таҷрибаи ҳаёти духтарони деҳот ба рустои Анзоби ноҳияи Айнӣ, дар 200-километрии шимоли пойтахт, рафтанд. Ин русто аз назари шароити зиндагиву кор як деҳаи маъмулии тоҷикист, ки ҳамарӯза занону духтаронаш бо корҳои сангини хоҷагӣ машғуланд ва баъзан масъулияти мардонаро низ ба дӯш мегиранд.

Даҳмардагӣ, чарондани чорвои калон, ҷамъ овардани ҳезум ва бо маркаб овардани он ба хона, обкашӣ аз масофаи дур, реза кардани алаф бо ҷоду ва омода кардани таппак аз корҳои маъмулии духтарони деҳот будааст.

Фарзона Сафарова бо пӯшидани либоси духтари деҳот на фақат зоҳиран, балки дар воқеъ як рӯзи зиндагии духтарони русторо таҷриба кард. Ҷӯрабой Ҷумъаев мушоҳидакору тасвирбардор буд. Фарзона рӯзи 29 октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “зодаи кӯҳистон нестам, вале медонам, ки мардуми кӯҳистон ва бахусус духтарон чӣ гуна зиндагӣ мекунанд ва чӣ машаққат доранд. Мо хостем, корҳои пурмашаққати духтари деҳро, ки аз субҳ то шом ба анҷом мерасонанд, инъикос кунем.”

Гузориши видеоӣ инҷост:

Зиндагии духтарони русто аз нигоҳи як духтари шаҳрӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:36 0:00

Баъди анҷоми аксгирӣ онҳо ният доранд, маҳсули кори худро дар як намоишгоҳ дар Душанбе ва, инчунин, дар Интернет ба маърази тамошо гузоранд. Онҳо мегӯянд, ҳадаф – намоиши воқеиятҳои зиндагии духтарони тоҷик дар рустост, ки хеле зебову дилрабоянд, вале айни замон зиндагии начандон осон доранд.

Даҳмардагӣ, чарондани чорвои калон, ҷамъ овардани ҳезум ва бо маркаб овардани он ба хона, обкашӣ аз масофаи дур, реза кардани алаф бо ҷоду ва омода кардани таппак аз корҳои маъмулии духтарони деҳот будааст. Илова ба ин, онҳо масъулияти поксозии хона, таҳияи ғизо ва шустушӯи либоси аҳли хонаводаро ба ӯҳда доранд.

Фарзона Сафарова мегӯяд, бо афзоиши муҳоҷирати мардон ба Русия, дар бисёр хонаҳо духтарону занон маҷбур шудаанд, ки масъулиятҳои мардонро ба дӯш гиранд. Пирони деҳаи Анзоб дар ноҳияи Айнӣ, ки бо Фарзонаву Ҷӯрабой ҳамсӯҳбат шудаанд, гуфтанд, воқеан ҳам мушкили занони деҳ ҳоло назар ба даврони Шӯравӣ хеле бештар шудааст.

Ба иловаи заҳмати зиёд дар хоҷагӣ, занҳо бояд дар фикри таъмини рӯзгор ҳам бошанд. Дар хонаводаҳои зиёд бо вуҷуди дар муҳоҷират будани мардон масъалаи камбуди даромад барои хароҷоти зиндагӣ аз чолишҳои аслӣ боқӣ мемонад. Абдулло Ғайбуллоев, сокини деҳаи Анзоб, гуфт, «мардҳо низ маҷбуранд, ки ба Русия раванд. Агар маҷбур нашаванд, ҳеҷ гоҳ занону фарзандонашонро бо ин ҳол гузошта намераванд. Агар мисли пештара заводу корхонаҳо кор кунанд ва мардон дар ҳамин ҷо ризқу рӯзиаашонро ба даст оранд, ин қадар азобу вазнинӣ ба сари занон намеафтад.”

Муаллифони идеяи «Як рӯз дар нақши духтари деҳот» мегӯянд, гоҳе назар ба китобу гузоришу қиссаҳои дурудароз, танҳо як акс кофист, ки тамоми паҳлӯҳои зиндагии инсони оддиро бозгӯ кунад. Як акс метавонад, тамоми дарду ранҷ ва умқи дили инсонро дар як кӯҳистони дурдасти душворгузар ба инсонҳои дигар бирасонад. Ҷӯрабой Ҷумъаев, раҳбари як студияи аксбардорӣ дар Душанбе гуфт, чунин силсилаи аксҳоро дар манотиқи дигари дурдасти Тоҷикистон ҳам бигиранд.

XS
SM
MD
LG