Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омори гирифторони COVID-19 ва пневмонияро дар Қирғизистон якҷоя мекунанд


Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Қирғизистон тасмим гирифтаанд, ки омори гирифторони коронавируси нав ва илтиҳоби шуш (пневмония)-и берун аз шифохонаро якҷоя кунанд. Дар ин кишвари Осиёи Марказӣ, ки аз охири моҳи март сабти ҳолатҳои гирифторӣ ба бемории ҳамагир ва илтиҳоби шуш ҷараён дорад, 323 нафар ҷон дода, 8486 нафар мубтало шудаанд.

Тасмими мақомот барои муттаҳид кардани омор дар ҳолест, ки ҳафтаҳои охир мизони гирифтории сокинон ба вируси нав ва бистарӣ шудани беморон афзудааст.

Пизишкон мегӯянд, пневмонияи берун аз беморхона дар он ҳолат рух медиҳад, ки агар мариз дар хона ва ё дар 48 соати аввали баъди бистарӣ шуданаш дар муассисаи тиббӣ ба пневмония гирифтор шуда бошад.

Айнура Акматова, сардори яке аз раёсатҳои Вазорати тандурустии Қирғизистон, рӯзи 8-уми июл дар нишасти матбуотӣ дар шаҳри Бишкек гуфт, "тасмими мақомот ин шуд, ки аз ин ба баъд омори гирифторони коронавирус ва пневмония ягона хоҳад шуд".

Ӯ шарҳ дод, ки то ҳол танҳо баъд аз ташхиси ба истилоҳ PCR (Вокуниши Занҷираии Полимероз методи биологияи молекулярӣ барои калон нишон додани ҷузъҳои кислотаи нуклеин – ДНК дар маводи биологӣ) вуҷуди коронавирус дар ҷисми бемор тасдиқ мешуд ва ҳолатҳои гирифторӣ ба пневмония дар шароити хона гӯё хеле кам буд.

Вале ҳоло бо афзоиши мавҷи муроҷиаткунандагон ба бемористонҳои маҳаллӣ бо иллати гирифторӣ ба пневмония, онҳоро бе ташхиси PCR бистарӣ мекунанд, чунки барояшон муолиҷаи фаврӣ лозим аст.

"Воқеан, саволу шубҳа зиёд аст, ки гӯё омори гирифторони пневмонияи берун аз беморхонаҳо ва ё COVID-19-ро пинҳон медоранд. Хушбахтона, мо ҳеч гоҳ чунин накардем ва нахоҳем кард. Дуруст аст, ки аз замони шурӯи бақайдгирии COVID-19 дар кишвар ҳолатҳои пневмонияи берун аз беморхонаҳо ночиз буд. Мутахассисони мо беморонро танҳо бар асоси ташхиси PCR тасдиқ мекарданд, вале афзоиши маризони гирифтори пневмонияи берун аз шароити беморхона моро водор мекунад, ки бе гузаронидани ташхиси PCR ба онҳо ёрии таъҷилӣ расонида шавад. Аз 20-уми июн омори гирифторӣ ба пневмонияи берун аз бемористон афзоиш ёфтааст ва ҳоло мо воқеан ҳам ин масъаларо тасдиқ карданием, ки ду оморро муттаҳид карда, ҳардуро дар як самт назорат кунем."

Ин дар ҳолест, ки қаблан нахуствазири Қирғизистон Қубатбек Боронов эътироф кард, ки пневмомнияи берун аз беморхона пайомади тавсеаи COVID-19 мебошад.

Айнура Акматова таъкид кард, ки баъди 20-уми июн шумори беморон дар Бишкек ва вилояти Чуй хеле боло рафта, мақомот аз минтақаҳои гуногуни кишвар беш аз 100 корманди иловагии тиббиро барои ёрӣ ба беморхонаҳои пойтахт ҷалб кардаанд.

Айни замон мақомот мегӯянд, талошҳои ёрӣ ба пойтахт ба вазъи муассисаҳои беҳдоштӣ дар минтақаҳо осеб намерасонад ва ниёзҳои беморхонаҳои дурдаст ҳам ба эътибор гирифта шудаанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (2)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG