Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF), барои иштирок дар мусобиқаи “Тоскулоҳи бузург”-и Лозанна то рӯзи 28-уми июл 379 варзишгар (233 мард ва 146 зан) аз 55 кишвари панҷ қораи ҷаҳон номнавис шудаанд.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 14 нафар гуштигирон дохиланд, ки 12 нафарашон дар сабқати мардон ва 2 кас дар миёни занон рақобат хоҳанд кард: мардон - Лоиқ Қутбуддинов (-60 кг), Эмомалӣ Нуралӣ (-66 кг), Искандар Маҳмадхоҷазода (-66 кг), Масъуди Аҳмадзода (-73 кг), Муҳиддин Асадуллоев (-73 кг), Абубакр Шеров (-81 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода (-81 кг), Шодмон Ризоев (-90 кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (-90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг), Сомонӣ Кишваров (-100 кг), Мансур Раҳмон (+100 кг), занон - Аҳлия Муъминова (-48 кг) ва Мадина Қурбонзода (-52 кг).
Паҳлавонони тоҷик ба ин мусобиқа зери раҳбарии мураббии гурҷӣ Ираклий Узнадзе омода шуда, тамринҳои дастаҷамъонаро дар дараи Ромит ва шаҳри Душанбе анҷом медиҳанд.
Барномаи мусобиқаи Lausanne Grand Slam-2026:
28-уми август (ҷумъа). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон; -60 кг, -66 кг байни мардон.
29-уми август (шанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -63 кг, -70 кг миёни занон; -73 кг, -81 кг байни мардон.
30-юми август (якшанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -78 кг, +78 кг миёни занон; -90 кг, -100 кг, +100 кг байни мардон.
Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳар як вазн (7 вазн байни мардон ва 7 вазн миёни занон) бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони нишонҳои биринҷӣ бо 1500-евроӣ мукофотонида мешаванд.
Инчунин варзишгарон дар ин мусобиқаи байнулмилалӣ соҳиби имтиёзҳо дар феҳристи ҷаҳонӣ мегарданд.
Бояд зикр намуд, дар ҳамин ҳол Муҳиддин Асадуллоев дар феҳристи ҷаҳонии ҷудо дар вазни -73 кг бо 4565 имтиёз дар мақоми аввал аст. Паҳлавони дигари тоҷик Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни -66 кг бо 3880 имтиёз дар ҷойи дувум қарор дорад.
Гуфтугӯ