Дар мусобиқаи силсилаи ҷаҳонии ҷудо "Tashkent Grand Slam 2026", ки аз 27-уми феврал то 1-уми март дар пойтахти Узбекистон баргузор мешавад, Тоҷикистонро 17 варзишгар (13 мард ва 4 зан) муаррифӣ хоҳанд кард.
Ба иттилои вебйсати Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF), барои ширкат дар мусобиқаи Tashkent Grand Slam 2026 то 16-уми феврал 396 варзишгар (224 мард ва 172 зан) аз 41 кишвари чаҳор қора номнавис шудаанд.
Тоҷикистонро дар сабқати мардон Меҳрзод Суфиев, Муҳаммадсолеҳ Қувватов (ҳарду дар вазни то 60 кг), Эмомалӣ Нуралӣ, Обид Ҷебов (ҳарду -66 кг), Масъуди Аҳмадзод, Абдуллои Ориф (ҳарду -73 кг), Сомон Маҳмадбеков, Абубакр Боқиев (ҳарду -81 кг), Умар Расулов, Музамир Каримзода (ҳарду -90 кг), Парвиз Абдураҳмонов, Бахтовар Бобохонов (ҳарду -100 кг) ва Некрӯзшоҳ Некбахтзода (+100 кг) намояндагӣ мекунанд.
Дар сабқати занон аз Тоҷикистон Аҳлия Муъминова (-48 кг), Мадина Қурбонзода (-52 кг), Александра Кан (-57 кг) ва Виктория Киселёва (+78 кг) ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.
Барномаи мусобиқа:
- 27-уми феврал (ҷумъа). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон; -60 кг, -66 кг байни мардон.
- 28-уми феврал (шанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -63 кг, -70 кг миёни занон; -73 кг, -81 кг байни мардон.
- 1-уми март (якшанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -78 кг, +78 кг миёни занон; -90 кг, -100 кг, +100 кг байни мардон.
Варзишгарон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ҷуз аз медал, соҳиби имтиёзҳо дар феҳристи ҷаҳонии ҷудо хоҳанд шуд. Инчунин ба беҳтаринҳо ҷоизаҳои молӣ тақдим мегардад. Дар ҳар як вазн ба ғолиб 5000 евро, барои ҷойи дуюм 3000 евро ва барои ҷойҳои сеюм 1500-евроӣ супурда хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, варзишгарони тоҷик соли гузашта дар мусобиқаи сайри ҷаҳонии ҷудо Tashkent Grand Slam 2025 натавонистанд медал бигиранд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 17 варзишгар (13 мард ва 4 зан) дохил буданд. Аз байни онҳо чаҳор нафар - Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни то 66 кило, Муҳиддин Асадуллоев дар вазни то 73 кило, Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кило ва Аҳлия Муъминова дар вазни то 48 кило – ҷойҳои панҷумро касб карданд.
Инчунин, ду нафар - Меҳрзод Суфиев ва Ҳақдод Гулов, ҳарду дар вазни то 60 кило, Мансур Раҳмон дар вазни +100 кило - ҷойҳои ҳафтумро соҳиб шуданд.
Соли 2024 бошад, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Tashkent Grand Slam соҳиби як медали тило шуда буд. Ин медалро Эмомалӣ Нуралӣ дар рақобатҳо дар вазни то 66 кило миёни мардон ба даст овард. Зимнан, ин дувумин медали тилои Эмомалӣ Нуралӣ дар мусобиқоти силсилаи ҷаҳонии ҷудо Grand Slam ба шумор мерафт. Медали аввалини тилоро низ ӯ соли 2023 дар Тошканд гирифта буд.