Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ализода: "Додгоҳҳо эътирофҳои маҷбуриро далел мешуморанд"


Гузориши имсолаи Зариф Ализода, ваколатдори ҳуқуқи инсон 80 саҳифа аст.
Гузориши имсолаи Зариф Ализода, ваколатдори ҳуқуқи инсон 80 саҳифа аст.

Ваколатдори ҳуқуқи инсон ҳамчунин бастани сомонаҳои интернетиро хилофи эҳтиром ба ҳуқуқи инсон унвон кард.

Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, бастани торнамоҳои хабарӣ дар соли гузаштаро нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон унвон кард ва гуфт, ки “яке аз сабабҳои маҳдудкунии дастрасӣ ба иттилоот баста шудани торномаи иҷтимоии Facebook ва баъзе сомонаҳои интернетӣ, аз ҷумла www.ozodi.org, www.news.tj, www.tojnews.tj буд.“

Ба гуфтаи Зариф Ализода, “маҳдуд намудани дастрасӣ ба торнамоҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои интернетӣ боиси аз ин пойгоҳҳои хабарӣ дур мондани истифодабарандагони ватанӣ шуд, ки метавонад ба рушди фазои иттилоотӣ таъсири манфӣ расонад.”

Соли гузашта Хадамоти Алоқаи Тоҷикистон бо зикри “мушкилоти фаннӣ” дастрасӣ ба ин торнамоҳоро барои муддате номумкин кард, вале баъдан аз ин кор даст кашид. Зариф Ализода тавсия додааст, ки барои риояти ҳуқуқ ба ибрози андеша мақомоти кишвар муқаррароти санадҳои ҳуқуқӣ дар самти дастрасӣ ба иттилоотро риоят кунанд.

Гузориши солонаи ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, дар муқоиса бо гузоришҳои қаблии ӯ ошкортар буда, қисматеро ба мавзуъи доғи рӯз, риояи принципи адолати додгоҳӣ ва мавҷудияти шиканҷа дар зиндонҳои Тоҷикистон бахшидааст.

Ализода гуфтааст, додгоҳҳои Тоҷикистон “принсипи беэътибории далелҳои дар ҷараёни таҳқиқ ва тафтишот бо роҳҳои ғайриқонунӣ ба даст овардашударо на ҳама вақт риоят мекунад.” Ба таъбири дигар, додрасҳои тоҷик эътирофи ҳосилшуда бар асари азобу шиканҷаро ба инобат мегиранд, ки солҳои тӯлонист “як доғи” низоми додгоҳии Тоҷикистон хонда мешавад.

Бар асоси омори вазорати корҳои дохилӣ, соли сипаришуда ба мақомот 488 аризаву шикоят нисбати амалҳои ғайриқонунии маъмурони милитсия ворид шудааст ва бар асоси ин шикоятҳо 262 нафар ҷазоҳои интизомӣ гирифтанд. Зимнан соли гузашта теъдоди шикоятҳо аз бадрафторӣ ва шиканҷаи муттаҳамон аз тарафи мақомоти интизомӣ ба ваколатдори ҳуқуқи инсон дар муқоиса ба соли 2011 як баробар бештар шудааст. (5-10) Соли гузашта барои бераҳмӣ ва бадрафториву шиканҷа нисбати 9 нафар аз маъмурони милиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Дар гузориши солонаи ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, ки ба тозагӣ дар торнамои ин ниҳод нашр шудааст, гуфта мешавад, соли гузашта теъдоди афроде, ки барои додхоҳӣ ба омбудсмен ва ё ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон муроҷиат кардаанд, нисбат ба солҳои гузашта бештар буда дар соли 2012 шаҳрвандон дар 604 маврид аз ваколатдор кумак хостаанд.

Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар ин гузориш аз кори додгоҳҳо интиқод кардааст, ки ба гуфтаи ӯ “на ҳама вақт принсипҳои адолати судиро” риоят мекунанд. Дар ин гузориш омадааст, “Дар судҳо набудани маълумот дар бораи парвандаҳои баррасишаванда, дар утоқи кории судяҳо гузаронидани мурофиаҳои судӣ аз ҷумлаи чунин камбудиҳо мебошанд. Дар гузориши солонаи Зариф Ализода, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон омадааст, ки дар соли 2012 муроҷиатҳои марбут ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ба онҳо зиёд нашудааст, вале теъдоди онҳое, ки ба хотири ҳуқуқи иқтисодиву иҷтимоӣ ба онҳо муроҷиат кардаанд, афзудааст.

Аз ҷумла ҳуқуқ ба моликият (30 адад), ҳуқуқ ба манзил (40 адад), ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимоӣ (8 адад) ҳуқуқ ба кор (7 адад). Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ҳамчунин дар гузориши 80-саҳифагии худ бо зикри мушкилоти марбут ба мурооти ҳуқуқи зану кӯдак, ҳуқуқи шаҳрвандиву сиёсӣ, ҳуқуқ ба кору зиндагии солим, ба ҳукумат тавсия додааст.

Тоҷикистон се сол пеш мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсонро таъсис дод, вале ҳомиёни ҳуқуқ матбуоти маҳаллӣ аксар вақт мегӯянд, ки ин ниҳод барои ҳифзи ҳуқуқи мардум ба қадри кофӣ садо баланд намекунад.
XS
SM
MD
LG