Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Олмон хабар дод.
Вазорат гуфтааст, ки ба мӯҳлати ним соли оянда дар сарҳадҳои Олмон бо Фаронса, Люксембург, Нидерландия, Белгия ва Дания назорати сарҳадӣ ҷорӣ мешавад. Дар ин гузаргоҳҳо истгоҳҳои сайёри полис гузошта мешаванд.
Дар доираи санҷишҳо, полис ба худ ҳақ медиҳад, ки қарори манъи вуруд ба Олмон ҳам содир шавад.
Вазорат гуфтааст, ки назорат дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ бо кишварҳои Полша, Чехия, Австрия ва Швейсария аз октябри соли гузашта амал мекунад. ВКД-и Олмон гуфтааст, ки ин назорат, инчунин метавонад пеши роҳи гурӯҳҳои исломгароро бигирад. Дар шарҳи далелҳои ҷорӣ шудани қоидаи сахти назорат дар сарҳад инчунин гуфта шудааст, ки мақомоти олмонӣ аз ин роҳ мехоҳанд шиддати мавҷуда бо муҳоҷирони украиниро, ки як миллион нафар мебошанд, сабуктар кунанд.
Дар бораи қарори нав Олмон Комиссиюни Аврупоро огоҳ кардааст.
Ин қарор дар ҳоле ҷорӣ мешавад, ки охири моҳи август дар шаҳри Золингени Олмон як муҳоҷири суриягӣ, ки дархости паноҳандагӣ дода буд, бо корд ба издиҳоми мардум ҳамла карда, се касро кушт. Баъди ин мақомоти олмонӣ гуфтанд, ки қоидаҳои муҳоҷиратро сахттар мекунанд.
Бар асоси омори расмӣ, аз 380 ҳазор ҳолати вуруди ғайриқонунии муҳоҷирон ба кишвраҳои узви созишномаи Шенген, 266 ҳазор ҳолаташ ба Олмон рабт доштааст. Муҳоҷирон аз Сурия, Туркия ва Афғонистон шумори бештарини муҳоҷирони ғайриқонуниро ташкил медиҳанд.