Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олимпиадаи зимистона дар Итолиё бо пирӯзии мунтахаби Норвегия ба поён расид

Дар маросими пӯшидашавии Бозиҳои XXV зимистонаи олимпӣ, ки 22-юми феврал доир гардид, оташи олимпӣ дар ду шаҳри Итолиё — Милан ва Кортина-д'Ампетсо - дар як вақт хомӯш карда шуд.

Президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Кирсти Ковентри Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2026-ро пӯшида эълон карда, гуфт, “ман ҷавонони ҷаҳонро даъват менамоям, ки баъд аз чаҳор сол дар кӯҳҳои Алпи Фаронса ҷамъ шаванд... То боздид дар соли 2030.”

Дар Бозиҳои XXV зимистонаи олимпӣ, ки рӯзҳои 6-22-юми феврал дар шаҳрҳои Милан ва Кортина-д’Ампетсои Итолиё баргузор шуданд, дар ҳисоби медалҳо мунтахаби Норвегия мақоми аввалро касб намуд.

Варзишгарони Норвегия 41 медал (18 тило, 12 нуқра ва 11 биринҷӣ) гирифтанд. Лижарон Йоханнес Клебо дар корномаи худ медали ёздаҳуми олимпиро ба даст овард, ки ба чунин натиҷа ягон нафари дигар дар Бозиҳои зимистона ноил нашудааст. Вай дар ҳамаи шаш намуди пойга ғолиб шуд.

Ҷойи дувумро дар Олимпиадаи зимистона Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо 33 медал (12 тило, 12 нуқра ва 9 биринҷӣ) ва зинаи севумро Нидерланд бо 20 медал (10 тило, 7 нуқра ва 3 биринҷӣ) ишғол карданд.

Ба даҳгонаи аввал, инчунин Итолиё (10 медали тило, 6 нуқра ва 14 биринҷӣ), Олмон (8 медали тило, 10 нуқра ва 8 биринҷӣ), Фаронса (8 медали тило, 9 нуқра ва 6 биринҷӣ), Шветсия (8 медали тило, 6 нуқра ва 4 биринҷӣ), Швейтсария (6 медали тило, 9 нуқра ва 8 биринҷӣ), Австрия (5 медали тило, 8 нуқра ва 5 биринҷӣ) ва Ҷопон (5 медали тило, 7 нуқра ва 12 биринҷӣ) дохил шуданд.

Дар Бозиҳои XXV зимистонаи олимпӣ дар маҷмуъ варзишгарони 29 кишвар медал ба даст оварданд, аз он ҷумла намояндагони 20 кишвар бо медалҳои тило сарфароз гаштанд.

Аз байни кишварҳои собиқи шӯравӣ Қазоқистон як медали тило (ҷойи 19-ум), Латвия як медали нуқра ва як биринҷӣ (ҷойи 24-ум), Гурҷистон ва Эстония яктоӣ медали нуқра (ҷойи 25-ум) гирифтанд.

Варзишгарони Русия (13 нафар) ва Беларус (7 нафар) дар ҳайати дастаи бетараф ширкат варзиданд. Ин даста, ки таҳти парчами Кумитаи байналмилалии олимпӣ ҳунарнамоӣ кард, танҳо як медал гирифт. Русиягӣ Никита Филиппов дар лижаронӣ-кӯҳнавардӣ дар пойгаи спринтерӣ бо натиҷаи 2 дақиқаю 35,55 сония мақоми дуюмро касб намуда, бо медали нуқра сарфароз гашт.

Дар Бозиҳои XXV зимистонаи олимпӣ наздики 3000 варзишгар аз 91 кишвар барои 116 маҷмуи медалҳо дар 16 намуд: биатлон, бобслей, лижаронии кӯҳӣ, кёрлинг, конкитозӣ, дуҳарбаи лижаронӣ, пойгаи лижаронӣ, ҷаҳиш аз трамплин, чанатозӣ, скелетон, сноуборд, рақси рӯйи ях, фристайл, ҳоккей, шорт-трек ва лижаронӣ-кӯҳнавардӣ рақобат карданд. Ба варзишгарон 349 медал (116 тило, 118 нуқра ва 115 биринҷӣ) тақдим шуд.

Аммо Тоҷикистон дар Олимпиадаи зимистона дар Итолиё ширкат накард. Чаҳор варзишгари тоҷик, ки дар мусобиқаҳои интихобӣ дар намуди лижаронии кӯҳӣ барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2026 талош карданд, натавонистанд меъёрҳои олимпиро иҷро намоянд. Бинобар ин, лижаронҳои тоҷик аз роҳхатҳои олимпӣ бенасиб монданд.

Бояд зикр намуд, ки бори охир варзишгарони тоҷик соли 2014 дар Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар шаҳри Сочии Русия ширкат варзида буданд. Олимпиадаҳои зимистонаи соли 2018 дар Пйонгчанги Кореяи Ҷанубӣ ва соли 2022 дар Пекини Чин бе иштироки намояндагони Тоҷикистон гузаштанд.

Дар Тоҷикистон танҳо як намуд - лижаронии кӯҳӣ – роҳандозӣ шудааст, ки ба барномаи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ шомил аст. База ё урдугоҳи лижаронӣ, ки дар мавзеи Сафеддараи ноҳияи Варзоб воқеъ аст, ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ нест. Бинобар ин, дар онҷо мусобиқоти байналмилалӣ гузаронида намешавад.

XS
SM
MD
LG