Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Симчӯбҳои фарсударо кай иваз мекунанд? ВИДЕО


Аксари симчӯбҳои аз даврони Шӯравӣ ба мерос монда ҳудуди ним аср аст, ки ба гуфтаи сокинон, дар "хизмат"-и мардуманд ва фарсудаву корношоям шудаанд ва бархе аз онҳо дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. Сокинон бо нигаронӣ мегӯянд, ҳангоми вазиши бод, ҳар лаҳза эҳтимоли афтидани ингуна симчӯбҳо вуҷуд дорад.

Қурбон Одинаев, раиси маҳаллаи Сари Осиё дар шаҳри Душанбе мегӯяд, ҳарчанд ҳангоми кандани ноқил, масъулони барқ саривақт ба ҷои ҳодиса ҳозир мешаванд, вале вазъи симчӯбҳо боиси нигаронии сокинон мебошад: “Ин симчӯбҳо зиёда аз 50 сол дар хизмати маҳалла мебошад. Аксарияташ ҳоло пӯсида, бисёр ҷойҳояш фарсудаанд, мумкин аст чаппа шаванд.”

Симчӯбҳои фарсударо кай иваз мекунанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:15 0:00

Ҳарчанд иттилои дақиқе дар бораи хисороти афтодани симчӯбҳо рӯи даст нест, вале сокинон мегӯянд, борҳо шоҳиди афтодани симчӯб ё канда шудани ноқили барқ аз пояҳои фарсуда шудаанд. Бино ба иттилои ширкати “Барқи тоҷик”, дар саросари Тоҷикистон ингуна симчӯбҳои фарсуда беш аз 332 ҳазор адад аст.

Масъулони ин ширкат мегӯянд, сар аз имсол, бо назардошти ҳолати симчӯбҳо давра ба давра иваз кардани онҳоро шурӯъ мекунанд. Ҳамакнун симчӯбҳоро бо пояҳои бетону оҳанӣ, иваз хоҳанд кард. Мирзо Исмоилзода, раиси ширкати "Барқи тоҷик" гуфт, бисёре аз пояҳои чӯбин ва дигар пояҳои хатҳои интиқол барқ, ки дар тавозуни ширкати “Барқи тоҷик” аст, фарсуда шудаанд.

Ҷаноби Исмоилзода афзуд, ки шумораи онҳо маълум аст ва давра ба давра ба нақша гирифтаанд, ки дар давоми соли 2017 ва солҳои оянда, онҳоро ба таври комил иваз кунанд. Масъулони “Барқи тоҷик” мегӯянд, имкони молӣ ба онҳо даст намедиҳад, ки якбора ҳамаи симчӯбҳои корношоямро нав кунанд. Соли гузашта бо дархости сокинон чанде аз пояҳо ва ҳудуди 78 километр ноқилҳои пӯлодиро иваз кардаанд.

Дар бархе маҳаллаҳо дида мешавад, ки мардум аз набуди шароит барои интиқоли барқ, ба ҷои симчӯбҳо аз пояҳои дарахтон истифода мебаранд. Мутахассисон мегӯянд, аз як тараф ингуна симчӯбҳо барои амнияти мардум хатарнок бошад, аз сӯи дигар бо ноқилҳои пӯшида овардани барқ, талафи онро дучанд мекунад.

Иваз кардани симчӯбҳои фарсудаву корношоям танҳо ба маҳаллаҳое дахл дорад, ки симчӯбҳояшон дар мувозинати “Барқи тоҷик” аст. Мақомоти ширкати "Барқи тоҷик" мегӯянд, масъул нестанд симчӯбҳоеро ки сокинон ба таври дастаҷамъӣ ё инфиродӣ харида ва дар назди биноҳои худ насб кардаанд, иваз намоянд.

Масъулони ширкати “Барқи тоҷик” нархи як пояи бетону оҳаниро дақиқ нагуфтанд, вале онҳое, ки дар назди хонаҳои худ ингуна пояҳоро гузоштаанд, нархи онро аз 1100 то 1500 сомонӣ мегӯянд.

Шарҳҳоро бинед (1)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG