Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозгашти мошинҳои маъруф дар СССР ба Душанбе. ВИДЕО


Даҳҳо навъи мошинҳои қадимии асри гузашта, ки дубора бозсозӣ шудаанд, дар намоишгоҳе дар Душанбе намоиш дода шуданд.

Дар намоишгоҳи мошинҳои қадимӣ, ки 14-уми сентябр баргузор шуд, худрави “Бюик”-и сохти солҳои сивум, “Опел”-у “Мерседес”-и даврони ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ, “Форд”, «Лимузин» ва “Шевролет”-у “Понтиак” роҳ ёфтанд. Дар ин намоишгоҳ “Жигули”-ро ҳам ҷой дода буданд, ки барои насли нав дар Тоҷикистон акнун аз ҷумлаи мошинҳои қадимӣ ба ҳисоб меравад.

Мошинҳои қадимиро ба намоишгоҳ нафароне оварданд, ки аз рӯйи шавқу ҳавас онҳоро ҷамъоварӣ ва ё солҳои тӯлонӣ ҳифз карда буданд.

Бозгашти мошинҳои маъруф дар СССР ба Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:20 0:00

Тоҳир Назаров, сокини шаҳри Душанбе солҳо боз ба ҷамъоварии мошинҳои қадимӣ машғул аст. Ӯ ба 40 мошини кӯҳнаи истеҳсоли асри гузашта умри дубора бахшидааст. Бархе аз мошинҳои ӯ дар «RETRO CARS” ва «RETRO MUSIC” намоиш дода шуданд.

«Аз соли 1975 мошинҳои қадимиро ҷамъ мекунам. «Козырь–адмирал», «Лимузин», «Адмирал»-и истеҳсоли солҳои 30-ум, «Лимузин»-и солҳои 80-ро ҷамъ кардаам. Инҳо мурда буданд, лекин мо умри дубора додем»,--гуфт ӯ.

Ҷамъоварии мошинҳои кӯҳан ва бозсозии онҳо барои Тоҳир кори сода нест. Барои дарёфти таҷҳизоти мошинҳои қадимӣ гоҳо ба Маскав сафар мекунад. Ӯ барои азнавсозии мошинҳои қадим маблағеро сарф мекунад, ки бо он метавон мошини хуби ҳозиразамон харид.

«Осорхонаи Лужков медароям. Он ҷо се мағоза ҳаст. Қисмҳои мошинро мехарам ва омада таъмир мекунам. Дар мошини «Адмирал» ба камиаш 15 ҳазор доллар сарф кардаам. Ҳанӯз ҳам ба асл баробар нашудааст»,--гуфт ӯ.

Дар бозсозии мошинҳои қадимӣ ба ӯ писаронаш кӯмак мекунанд. Мошинҳои зебои ӯро барои истифода дар чорабиниҳо иҷора низ мегиранд.

Дар ин намоиш бархе бо мошини кӯҳнаи меросӣ омада буданд.

Ҳоҷӣ Ҳусейнбой, аз шаҳри Истаравшан бо «Волга»-и навъи ГАЗ 21-и соли 1968-ум дар ин намоиш ҳузур дошт.

«Ин мошин аз падари бузургворам, Фозил паҳлавон мондааст, ки човандоз ва гуштигир буданд. Он кас 164 килограмм вазн доштанд»,--гуфт ӯ

Бо ин мошин падари Ҳоҷӣ Ҳусейнбой тамоми Узбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистонро гашта, бо ҳунари худ, Тоҷикистонро муаррифӣ кардааст. Ӯ мошинро мероси падар медонад ва ба ҳеҷ нарх онро фурухтанӣ нест.

Ҳар сол намоиши мошинҳои қадимӣ ба як макони тамошои сокинон табдил меёбад.

Далер Абдуллоев, сокини шаҳри Душанбе, ки ҳамроҳ бо хонаводааш ба тамошои мошинҳои қадимӣ омада буд, мегӯяд, фарзандонаш намоишгоҳро хуш доштанд. Ӯ гуфт, ки тамошои намоишгоҳ касро ба ёди гузашта мебарад.

«Ин мошинҳо аз солҳо пеш то ҳол нигаҳ дошта шудаанд, мисле, ки нав сохта шудаанд. Ҷамъоварӣ ва нигаҳ доштани мошинҳо кори пурзаҳмат, вале пурарзиш аст»,--гуфт ӯ.

Панҷшанбе Лаълбеков, ки замони Шӯравӣ бузург шудааст, ҳар сол ба тамошои ин намоишгоҳ меояд. Ӯ мегӯяд, ин барояш таърих аст.

«Барои одамони ҳамсину соли ман ин як таърих аст. Ин ҷо омадам, хотираҳоям зинда шуданд» ,--гуфт Лаълбеков.

Намоишгоҳи мусиқии RETRO CARS” ва «RЕTRO MUSIC” дар Душанбе соли 8-ум аст, ки баргузор мешавад. Шумораи мошинҳои асри гузашта тақрибан иваз намешаванд, вале теъдоди ҳаводорони тамошои мошинҳои кӯҳан бештар мешаванд.

Шарҳҳоро бинед (3)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG