Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози муҳокимаи “Бахти Тошкандӣ” дар додгоҳ


Бахтиёр Қудратуллоев
Бахтиёр Қудратуллоев

Додгоҳи ноҳияи Шайхонтоҳури шаҳри Тошканд баррасии парвандаи намояндаи олами ҷиноии Узбекистон Бахтиёр Қудратуллоев, маъруф ба “Бахти Тошкандӣ”-ро оғоз кардааст.

Хадамоти матбуотии Додгоҳи олии Узбекистон хабар дод, ки Қудратуллоеви 52-сола ба "Қасдан расонидани осеби ҷисмонии вазнин, ки боис ба марг шудааст”, “Қасдан расонидани осеби ҷисмонии сабук”, “Ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ”, “Тамаъҷӯӣ”, “Сохтакории аснод”, “Қаллобӣ”, “Ташкили созмони ҷиноӣ” ва “Пулшӯӣ” муттаҳам мешавад.

Расонаҳои Узбекистон моҳи декабри соли 2023 хабар дода буданд, ки Бахтиёр Қудратуллоев дар Тошканд дастгир ва ба тамаъҷӯӣ гумонбар аст. Вайро ҳамчунин ба нигаҳ доштани маводи мухаддир муттаҳам мекарданд.

Дертар пулиси Тошканд иттилоъ дод, ки шаш касро бо гумони содир кардани як қатор ҷиноятҳо дастгир кардааст ва дар миёни боздоштшудаҳо Ихтиёр Қудратуллоев, писари соҳибнуфузи олами ҷиноии Узбекистон Бахтиёр Қудратуллоев, маъруф ба "Бахти Тошкандӣ" ҳам ҳаст.

Қудратуллоеви 27-сола дар "Тамаъҷӯии гуруҳӣ ба маблағи махсусан калон" муттаҳам аст ва ба ӯ бар асоси ин банд то 15 сол зиндон таҳдид мекунад.

XS
SM
MD
LG