Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот: Кори "Звезда" қонунӣ нест


Мақомот мегӯянд, пахши «Звезда», радиои ширкати радиотелевизионии нерӯҳои мусаллаҳои Русия хилофи қонунҳои Тоҷикистон аст.

Радиои ҳарбии як кишвари хориҷӣ, дар ҳоле ки бояд хоси маҳдудаи пойгоҳи низомии ин кишвар бошад, бидуни иҷозаи фаъолият ва сабти ном дар шаҳри Душанбе, қисме аз навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон барнома пахш мекунад. Ҳарчанд Маркази радио ва телевизиони пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон иҷозаи таҳия ва пахши чунин барномаҳоро дар мавҷи 103.6 FM дорад, бо бозпахши барномаҳои радиои маскавии "Звезда" зидди муқаррароти манъи пахши маҳсулоти тарафи сеюм амал кардааст. Қаблан нашри намоишҳои Телевизиони ҷамъиятии Русия ё ОРТ аз тариқи ин маркази марбут ба пойгоҳ ихтилофоту баҳсҳоеро ба миён оварда буд.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:44 0:00
Линки мустақим



Самад Ҳикматов, муовини раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон, ниҳоде, ки фаъолияти радио ва телевизионҳоро назорат мекунад, ба Радиои Озодӣ гуфт, ин кумита чунин иҷозаро ба радио ва телевизиони Русия надодааст: «Барои ҳеҷ яке аз инҳо, на ОРТ ва на «Звезда» пойгоҳи 201 аз мо барои фаъолият дар соҳаи радио ва телевизион иҷоза нагирифтааст. Мо дар мавриди ОРТ онҳоро огоҳ карда будем. Масъалаи «Звезда»-ро ҳоло мутахассисони мо омӯхта истодаанд».

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон тасдиқ кард, ки ду расона - нашрияи «Солдат России» ва Маркази радио ва телевизиони пойгоҳи 201-Русия дар Тоҷикистон расман сабти ном шудаанд, аммо бино бар муқаррароти Тоҷикистон, тариқи басомад (мавҷ)-ҳое, ки дар ихтиёри онҳо гузошта шудааст, ҳуқуқи пахши барномаҳои расонаҳои дигарро надоранд. Ба гуфтаи ин манбаъ, Маркази телевизион ва радиои пойгоҳи 201 танҳо ҳаққи пахши барномаҳои худро дорад ва он ҳам танҳо ва фақат дар ҳудуди худ, на берун аз он.

Дмитрий Матушкин, сухангӯи пойгоҳи 201 гуфт, аз соли 1996 то ба ҳол мушкиле дар пахши радио ва телевизиони пойгоҳ, аз ҷумла ОРТ ва «Звезда» вуҷуд надоштааст: «Дар масъалаи мавҷҳо мо муваззаф нестем, ки аз Вазорати корҳои хориҷӣ иҷоза бигирем. Мувофиқати басомади 103.6 FM-ро мо тавассути Хадамоти алоқаи Тоҷикистон амалӣ мекунем. Намедонам, чӣ тағйире дар қонунҳо ба миён омадааст, ки ҳоло ҳуҷҷатҳои мо дар Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аст ва онҳо намехоҳанд, ки ба мо муҷаввиз диҳанд.»

Дар навбати худ, Татяна Холмуродова, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯяд, ин ниҳод ба касе иҷозаи фаъолият намедиҳад ё расонаи нашаротиеро сабти ном намекунад, балки танҳо ба онҳо ҳуқуқи истифодаи мавҷро пешниҳод менамояд. Вай гуфт: «Мо фақат иҷозатномаи истифодаи басомадҳо ё мавҷҳоро содир мекунем, вале масъулияти додани иҷозатномаи фаъолияти як радио дар ихтиёри Кумитаи радио ва телевизион аст. То онҳо чунин иҷозатро аз ин кумита наоранд, мо ҳам наметавонем ба онҳо басомад диҳем.»

Маркази радио ва телевизиони пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон аз соли 1996 ба ин сӯ фаъолият дорад. Аз соли 2009 то моҳи августи соли 2012 як мушкиле дар пахши ду шабака – СМТ ё Симои мустақили Тоҷикистон ва Телевизиони ҷамъиятии Русия ё ОРТ вуҷуд дошт. Ҳарду дар як басомад пахш мешуданд. Инак, нуҳ моҳ мешавад, ки СМТ бидуни мушкил дар мавҷ аст. ОРТ аз маркази радиотелевизионии пойгоҳи 201 пахш намешавад. Масъулони Тоҷикистон мегӯянд, барои пайдо кардани ҳаққи бозпахши намоишҳои ОРТ дар Тоҷикистон, марказ бояд муҷаввиз гирад.

Радиои «Звезда» соли 2005 ташкил шуда, марбути Ширкати радиотелевизионии неруҳои мусаллаҳи Русия буда, ба қавли сомонаи расмии ин расона, дар Русия, Тоҷикистон ва Украина пахш мешавад.

Кумитаи радиотелевизион ва вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯянд, ин радио низ иҷозаи фаъолият дар Тоҷикистонро надорад, аммо Николай Беркалов, раҳбари Маркази радио ва телевизиони пойгоҳи 201 гуфт, пойгоҳ марбути Вазорати дифои Русия аст ва ҳар чи фармон шуд, ҳамонро иҷро мекунад: «Радио ҳам аз вазорати дифоъ аст. Агар ба мо фармон диҳанд, ки пахш кунед, пахш мекунем. Радио дар ҳудуди пойгоҳ пахш мешавад.»

Аммо ба қавли сокинон, барномаҳои радиои «Звезда»-ро мешавад тариқи мавҷи 103.6 FM аз шаҳри Душанбе то вилояти Хатлон шунид. Мутахассисони «Телерадиоком», ниҳоди масъули мавҷпарокании Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон мегӯянд, пойгоҳи 201 аз фиристандаҳои хеле қавии мавҷ бархӯрдор аст, ки то чандин километр берун аз ҳудудҳои пойтахтро низ фаро мегиранд. Аммо мутахассисони тоҷик ба ҳеҷ ваҷҳ боре ҳам ба пойгоҳ иҷозаи вуруд пайдо накардаанд, то ин мавзӯъро ба баррасӣ гиранд.

Самад Ҳикматов, муовини раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон мегӯяд, тибқи тавофуқот бо Русия дар ҳоли тариқи моҳвора дастрас нашудани шабакаҳои русӣ ба пойгоҳи 201 Тоҷикистон муваззаф аст, ки тавассути замин ин шароитро фароҳам кунад, аммо азбаски дастрасии моҳвораӣ ба онҳо вуҷуд дорад, зарурати пахши онҳо дар мавҷҳои Тоҷикистон нест.

Николай Беркалов, раиси Маркази телевизион ва радиои пойгоҳи 201 мегӯяд, умедвор аст, ки заминаҳои ҳуқуқии гирифтани муҷаввиз ва пахши телевизиону радиои пойгоҳ пас аз тасвиби Созишномаи миёни Тоҷикистону Русия дар бораи шароити будубоши пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон фароҳам мешавад.
XS
SM
MD
LG