Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хобгоҳи интернати Саричашмаро қасдан оташ задаанд"


Хадамоти оташнишонӣ маълум кардааст, ки хобгоҳи мактаб-интернати Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод қасдан оташ зада шудааст.

Дар ин оташсӯзии соати 2 ба 3-и шаби 10-уми май мактаббачагон аз дохили хобгоҳ солим берун шуданд, вале қисми зиёди бинои хобгоҳ ба хокистар табдил ёфт.

Саидмудасир Раҳматов, муҳандиси аршади Хадамоти оташнишонӣ дар минтақаи Кӯлоб ба Радиои Озодӣ гуфт, таҳқиқу ташхиси кормандони онҳо нишон додааст, ки ин хобгоҳ на аз расиши кутоҳи барқ оташ гирифта, балки қасдан оташ зада шудааст.

"Мо ҷиддан сабаби сӯхторро санҷидем. Воқеан, дар бинои хобгоҳ расиши кутоҳи барқ рух додааст, аммо пас аз 1 соати сӯхтор. Дар асл хобгоҳ қасдан оташ зада шудааст ва мо хулосаи ниҳоии худро ба мақомоти тафтишотӣ пешниҳод кардем. Кӣ ин корро кардааст, барои мо номаълум аст ва дигар пайдо кардани онҳо кори мақомоти тафтишотӣ ҳаст," - гуфт Раҳматов.

"Сӯхтори интернат барқасдона буд"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:14 0:00
Линки мустақим

Ҳоло ин ҳодисаро муфаттишони додситонии Шӯрообод тафтиш мекунанд ва то ҳол гумонбари қасдан оташ задани хобгоҳи мактаб-интернат дақиқ нашудааст.

Танҳо ҳоло ба гуфтаи бархе аз мактаббачагон онҳоеро, ки оташсӯзӣ аз ҳуҷраи хобашон оғоз шудааст, мавриди пурсиш қарор додаанд. Як тан аз хонандагон, ки нахост номашро сабт кунем, гуфт, бегоҳи ҳамон рӯз вақте хонандагон барои дарстаёркунӣ берун аз хобгоҳ дар бинои дигар буданд, ҷойхобӣ чанд хонанда ба таври номаълум оташ гирифт. Ин оташ ба гуфтаи ӯ, аз ҷониби хонандагон бо огоҳсозии маъмурият хомӯш карда мешавад, вале шабона вақте ҳама дар хоб будааст, дубора оташ мегирад. Хонандагони ин мактаб мегӯянд, вақте онҳо бедор шуданд, аллакай болопӯши хобгоҳ оташ гирифта буд.

Ҳоло сӯхтори хобгоҳро як гурӯҳи корӣ бо шумули кормандони Шӯъбаи корҳои дохилии минтақаи Кӯлоб ва муфатишони додситонӣ тафтиш мекунанд. То анҷоми тафтиш сабаби қасдан оташ задани мактаб-интернат дар банди овозаҳои гуногун, ки бинобар халал ворид накардан ба кори тафтишот мо онҳоро номбар намекунем, боқӣ мемонад.

Дар ҳамин ҳол, Розиқ Содиқов, мудири маорифи ноҳияи Шӯрообод мегӯяд, ҳар касе ки хобгоҳро дар ҳолати хоб будани мактаббачагон ба оташ кашидааст, дар назди қонун бояд ҷавоб диҳад. Амммо ӯ мегӯяд, сохтмони хобгоҳи ҷадид рӯзҳои наздик шурӯъ мешавад ва қарор аст, то соли нави таҳсил он ба истифода дода шавад.

Ҷаноби Содиқов гуфт: «Агар хулосаи охирин дода бошанд, ки барқасдона оташ зада шудааст, бояд кормандони мақомот ҷиддӣ тафтиш кунанд. Ҳоло кормандони Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияву минтақа тафтиш карда истодаанд ва чуноне ман маълумот дорам, ба хулосаи ниҳоӣ нарасидаанд. Ҳоло ҳам тафтиш рафта истодааст ва ҳам корҳои лоиҳакашӣ. Рӯзҳои наздик корҳои сохтмонӣ сар мешавад. То тирамоҳ бояд ҷои хобби хонандагон омода шавад.»

Зарари сӯхторро Хадамоти оташнишонӣ беш аз 200 ҳазор сомонӣ ҳисоб кардааст.

Мактаб-интернати Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод аз маъруфтарин мактаб дар замони Шӯравӣ маҳсуб меёфт ва ба гуфтаи омӯзгоронаш, дар он аҳд 90 дарсади хатмкунандагони ин мактаб ба донишгоҳ дохил мешуд, ки аз беҳтарин нишондиҳандаҳо дар сатҳи ҷумҳурӣ ба шумор меомад. Вазири кунунии иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон Шариф Раҳимзода низ аз ҷумлаи шогирдони ҳамин мактаб-интернати Саричашма будааст.

Ин мактаб-интернат охири солҳои 40-уми асри гузашта бунёд шудааст, вале бинои хобгоҳи он солҳои 30-ум сохта шуда будааст. Ҳоло бинои сӯхтаи хобгоҳ, ки аз як ошёна иборат буд, аз сари нав сохта мешавад.
XS
SM
MD
LG