Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Кроссовкаи андозаи 42» - далели шайъӣ дар қатли хонаводаи Бобоевҳо


Гурӯҳи фаврӣ-тафтишотии ВКД, ки ҳодисаи қатли панҷ узви як хонавода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро таҳқиқ дорад, мегӯяд, ки чанд далели шайъӣ пайдо кардаанд, ки метавонад гиреҳи ин воқеаро боз кунад.

Муллоохӣ Рӯзиев, сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рӯзи 20-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ки гурӯҳи фаврӣ-тафтишотии ВКД ба таври шабонарӯзӣ аз пайи таҳқиқи ҳодисаи қатли хонаводаи Бобоевҳо ҳастанд ва чанд далели шайъиро ошкор карданд.

Вай афзуд, ки яке аз далелҳои шайъӣ - «пай ё изи пой, кроссовкаи андозаи 42» ошкор карда шудааст, ки дар саҳни ҳавлӣ, ки намнок будааст, ташхис карда шуд: «Чандин далелҳои шайъии дигарро ҳам ошкор кардаем, ки феълан ба хотири халал науфтодан ба ҷараёни таҳқиқи ҳодиса аз ошкор кардани онҳо худдорӣ мекунем.»

Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд мегӯяд, ки яке аз далелҳои дигар, дар ҷои ҳодиса ёфт шудани баклашкаи нимсӯхтаи квас аст, ки дар дохили он барои оташ задании манзил бензин гирифта шудааст. Вале раёсати корҳои дохилии вилоят мегӯяд, ки бо вуҷуди ошкор шудани чанди далелҳои шайъӣ, ҳеҷ нафаре ҳамчун гумонбар боздошт карда нашудааст.

Инак аз ҳодисаи қатли хонаводаи Бобоевҳо се ҳафта мегузарад, сарфи назар барои ошкор кардани ин воқеа гуруҳи васеъи ниҳодҳои қудратӣ басеч шудааст, аммо натиҷаи дилхоҳ ҳануз ба даст наёмадааст. Ба дунболи ҳодисаи қатли афроди хонаводаи Бобоевҳо, бо фармони вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов гурӯҳи тафтишотӣ-оперативӣ таъсис дода шуда, муовини вазири корҳои дохилӣ роҳбари гурӯҳ мебошад. Дар қиболи ин ҳодиса додситонии вилояти Суғд парвандаи ҷиноӣ оғоз кардааст.

Ҷинояткорон Аҳмадхӯҷа Бобоеви 40-соларову ҳамсараш Ҳаётхон Бобоева ва ду фарзанди онҳо, Сӯҳробҷон ва Рухшона, талабаҳои синфҳои 8-у 9-ро бо силоҳи оташфишони Калашников ба қатл расонида, фарзанди дигари ин оила, Санҷарбек Бобоеви 6-соларо дар ҳаммоми хона маҳкам кардаанд, ки аз заҳри дуди оташ ба ҳалокат расидааст.

Дар ду соли охир ин бори сеюм дар вилояти Суғд оилаҳо аз сӯи ҷинояткорон ба хотири тасарруфи пулу дороии онҳо кушта мешаванд. Моҳи августи соли 2011 ду нафар шабона ба хонаи саррофи 36-солаи истаравшанӣ Шӯҳрат Ҷалолов даромада, ӯву ҳамсарашро бо корд ба ҳалокат расонданд ва ҳудуди 30 ҳазор сомонӣ пули онҳоро ба яғмо бурданд. Мақомоти интизомӣ бо гумони даст доштан дар ин куштор Фахридин Мирбобоевро дар моҳи аввали гармии ҷустуҷӯ боздошт карданд ва додгоҳ ӯро ба ҳабси якумра бо мусодираи амвол маҳкум кард. Бино ба маълумоти раёсати корҳои дохилии Суғд, нафари дуюми гумонбар ба қатли саррофон, Мирзо Олимов, корманди дӯкони дигари саррофӣ дар Истаравшан бо шунидани хабари дастгир шудани шарикаш худро ба дор зада, ҳалок кардааст.

Моҳи декабри соли 2011 падару писар, Юлдош ва Фарҳод Бурҳоновҳо, вақте ки аз дӯкони саррофии худ бармегаштанд, дар назди манзили зисташон дар маркази Хуҷанд аз сӯи афроди номаълум ҳадафи тир қарор гирифтанд. Ба гуфтаи раёсати корҳои дохилии Суғд, гурӯҳи махсуси таҳқиқотӣ, иборат аз кормандони интизомиву додситонӣ, омилони эҳтимолии куштори ин ду саррофро ҳам маълум намуда, таҳти пайгарди қонунӣ қарор додааст.
XS
SM
MD
LG