Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти тоҷик: "Даромади аҳолӣ дар соле, ки гузашт 10% афзудааст"


Сафаралӣ Наҷмиддинов, директори Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон.
Сафаралӣ Наҷмиддинов, директори Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон.

Даромади аҳолии Тоҷикистон дар соли гузашта 10 дарсад афзудааст. Сафаралӣ Наҷмиддинов, раиси Оҷонси суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон, охири ҳафтаи гузашта зимни як нишаст дар шаҳри Душанбе дар ин бора хабар дод. Ба қавли Сафаралӣ Наҷмиддинов, дар соли 2017 Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба сари ҳар аҳолӣ нисбат ба соли гузашта 12 дарсад зиёд шудааст.

Раиси Оҷонси нафақа дар суханрониаш шарҳ надод, ки даромади аҳолии Тоҷикистон аз кадом ҳисоб бештар шудааст. Аммо ӯ гуфт, "соли гузашта суръати рушди воқеии иқтисодиёт ба 7 дарсад ва ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон ба 60 миллиард сомонӣ баробар гардид."

Мақомоти тоҷик дар ҳоле аз афзоиши даҳ дарсадии даромади аҳолӣ хабар медиҳанд, ки қаблан созмонҳои байналмилалӣ аз коҳиши даромади пулии аҳолӣ иттилоъ дода буданд. Аз ҷумла, Бонки Ҷаҳонӣ гуфта буд, ки танҳо дар чаҳор моҳи соли 2016 сатҳи даромади воқеӣ ба ҳар сари аҳолӣ дар хонаводаҳои Тоҷикистон танҳо дар 4 моҳи охир 24 дарсад пойин рафт.

Дар Тоҷикистон ҳудуди 30 дарсади аҳолӣ зери хати камбизоатӣ ба сар мебаранд ва рӯзона то 2 доллар харҷ мекунанд. Дар ҳоле, ки мақомот сабабҳои зиёд шудани даромади аҳолиро шарҳ надодаанд, коршиносони масоили иқтисодӣ мегӯянд, зиёд шудани даромади аҳолӣ бештар ба афзоиши интиқоли пули муҳоҷирон рабт доранд.Тибқи омори расмӣ, дар даҳ моҳи соли гузашта интиқоли пули муҳоҷирон ба ватан 18 дарсад афзоиш ёфтааст.

Тибқи омори расмӣ айни замон дар Тоҷикистон ҳудуди 456 ҳазор аҳолии қобили меҳнат дар бахши давлатӣ кор мекунад. Кордиҳандаи асосӣ бахши хусусӣ аст, ки 1 миллиону 577 ҳазор нафарро ба кор таъмин кардааст.

Биноба омори расмӣ теъдоди шаҳрвандони қобили меҳнат дар Тоҷикистон 2 миллион гуфта мешавад.

XS
SM
MD
LG