Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назди сафорати Олмон дар Душанбе чӣ гузашт? Шарҳи ВКД


Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳадаф аз таҷаммуи гурӯҳе аз сокинон дар назди сафоратхонаи Олмон дар Душанбе дар чанд рӯзи пеш, эътироз ба гирдиҳамоии тарафдорони "Гурӯҳи-24" дар Берлин будааст.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳодисаи таҷаммӯи гурӯҳи 10-15 нафараи сокинони кишвар дар назди сафоратхонаи Олмон дар шаҳри Душанбе дар таърихи 15 апрелро ба таври расмӣ шарҳ дод.

Дар изҳороти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҷумла гуфта мешавад, ки ин афрод мехостанд, ки бо сафири Олмон мулоқот намуда ва "бо воситаи ӯ пеши амалҳои гурӯҳи экстремистӣ-террористиии “Гурӯҳи 24”ро гиранд ва нагузоранд, ки дар Олмон гирдиҳамоӣ ташкил карда шавад."

Дар шарҳи расмии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон омадааст, ки ин афрод пас аз боздошт ва ҳини пурсуҷӯ гуфтаанд, ки онҳо тариқи интернет аз баргузории гирдиҳамоии "Гурӯҳи 24" дар назди сафоратхонаи Тоҷикистон дар Берлин огаҳ шудаанд ва ин чиз онҳоро ба назди сафорати Олмон дар Тоҷикистон овардааст.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳамзамон мегӯяд, ки дар нисбати чаҳор тан аз ин афрод протоколи "ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ" тартиб дода шуда ва ҷарима ситонида шудааст. Вале дар ин изҳорот ҳаҷми ҷарима ва ҳувияти ин афрод ошкор нашудааст. Манбаъ ҳамчунин мегӯяд, ки 10 нафари дигар огоҳонида шудаанд.

Рӯзи 15 апрел гурӯҳи хурде аз занону ҷавонмардон дар назди сафоратхонаи Олмон дар Душанбе таҷаммӯъ карда, бо садои баланд "аз озодӣ, такрор нашудани ҷанги шаҳрвандӣ, кӯшиши бесубот кардани кишвар аз ҷониби бегонаҳо" сӯҳбат мекарданд. Ин таҷаммӯъ тақрибан 10-15 дақиқа идома ёфт ва ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, ходимони милиса ҳамаи ин гурӯҳро ба микроавтобуси навъи "Газел" нишонда бо худ бурданд.

Ба дунболи таҷаммӯъ дар назди сафорати Олмон дар Душанбе, дар расонаҳо номае бо имзои чанд сокини пойтахт ба унвони раиси шаҳри Душанбе ба нашр расид, ки дар он аз Маҳмадсаид Убайдуллоев тақозо мешуд, ки барои баргузории гирдиҳамоӣ дар назди ин сафоратхона дар рӯзи ҷумъа 17-уми апрел аз соати 08:00 то 11:00 иҷозат диҳад, то эътирозашонро ба воситаи сафири фавқулода ва мухтори Олмон дар Душанбе ҷаноби Ҳолгер Грен ба Ҳукумати Олмон расонанд. Аммо мақомоти шаҳрдории пойтахт гуфтанд, ки аз сӯи касе ва ё гурӯҳе аз сокинони Душанбе барои баргузории гирдиҳамоӣ дар назди сафоратхонаи Олмон дар рӯзи 17 апрел ба онҳо дархосте нарасидааст.

Ин дар ҳолест, ки нисфирӯзии рӯзи сешанбе, 14 апрел дар назди сафорати Тоҷикистон дар Берлин як гирдиҳамоии мухолифони тоҷик баргузор шуда буд. Ин таҷаммӯъ бо ширкати даҳҳо нафар баргузор шуд, ки ба гуфтаи ташаббускорон, тарафдорони Эътилофи нирӯҳои мухолифи “Тоҷикистон нав” иборат аз созмонҳои “Гурӯҳи 24”, “Ватандор”, “Озодӣ ва Адолат” ва “Эҳёи Тоҷикистони нав” мебошанд. Абдулло Абдураҳмонов, як фаъоли "Гурӯҳи 24" дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки "гирдиҳамомадагон истеъфои президент Эмомалӣ Раҳмон, озодии маҳбусони сиёсӣ ва хатми шиканҷа дар зиндонҳои Тоҷикистонро талаб карданд".

XS
SM
MD
LG