Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меҳрӯз Тоиров -- сардори зершӯъбаи Комиссариати ҳарбии ноҳияи Фархор бо иттиҳоми гирифтани беш аз 5 ҳазор сомонӣ ва барои таҳияи билети ҳарбӣ ба як сокини ин ноҳия, боздошт шудааст. Мақомоти Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон гуфтанд, ки Меҳрӯз Тоиров 10-уми апрел, ҳангоми гирифтани ин миқдор пул, ба даст афтод.

Боздошт бо 5000 сомонӣ

Як манбаъ дар Оҷонси зиддифасод рӯзи 11-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Меҳрӯз Тоиров қасд дошт, ин шаҳрвандро ғайри қобили қабули хидмати низомӣ эътироф карда, барояш билет бидиҳад. Ин манбаъ гуфт, ки ҳоло нисбати Меҳрӯз Тоиров – сардори зершӯъбаи Комиссариати ҳарбии ноҳияи Фархор бо моддаи 247, яъне қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Дар ҳоле, ки ин масъули комиссариати ҳарбӣ дар бозддошт асту ба суоли тафтишот посух медиҳад, маълум нест, ки мавқеи худи ӯ ба ин қазия чист ва то куҷо худро гунаҳгор эътироф мекунад.

Ин бораи аввал нест, ки кормандони Комиссариатҳои минтақаи Кӯлоб ҳангоми гирифтани "пора" аз сӯи Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия боздошт мешаванд. Моҳи январ соли равон Рустам Бурҳонов -- сардори Комиссариати ҳарбии минтақаи Кӯлоб бо иттиҳоми гирифтани беш аз 300 доллар "пора" барои таҳияи билети ҳарбӣ ба як сокини ин минтақа, боздошт шуда буд.

Меҳрӯз Тоиров - сардори зершӯъбаи Комиссариати ҳарбии ноҳияи Фархор дар ҳоле бо иттиҳоми қаллобӣ ва омода кардани билети ҳарбӣ аз суи Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия боздошт шуд, ки дар Тоҷикистон маъракаи даъвати наваскарон ҷараён дорад. Коршиносон мегӯянд, ки чунин амалҳои коррупсионӣ ва боздошт нашудани аксари ҷавонони доро, боис ба дилсард шудани дигар ҷавонон мешавад.

Сабаб -- маоши паст?

Низомуддин Яъқубов, коршиноси маҳаллӣ рӯзи 12-уми апрел дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ҳар даъват тақрибан кормандони комиссаритаҳои ҳарбӣ бо иттиҳоми гирифтани пора боздошт мешаванд. Яъқубов иллати даст ба фасод задани кормандони комиссариатҳоро дар рафти даъвати наваскарон, ба маоши ками онҳо рабт дод. Ӯ мегӯяд, ки агар маош баланд бошад ва онҳо ба пул муҳтоҷ набошанд, агар даҳ мансабдоро ояду пешниҳоди хариди билет кунед, онро рад мекунанд.

"Яке аз сабабҳое, ки кормандони комиссариатҳо ба хариду фурӯши билети ҳарбӣ даст мезананд, кам будани маош онҳост. Сабаби дигар, иҷро нашудани сафи даъватшудаҳо ба хизмат мебошад. Одамони доро ва пулдор фарзанди худро ба ҳар роҳу восита, мисол бо пул аз хизмат боз медоранд, боз онҳоро мегурезонанд. Барои мисол соле нест аз кормандони комиссариатҳо чандин нафар бо гирифтани пора дастгир нашаванд. Аммо то ҳол ин падида аз байн нарафтааст",-гуфт мусоҳиби мо.

Боздошти 4 нафар аз даъвати тирамоҳӣ то баҳорӣ

Аз даъвати тирамоҳӣ то даъвати баҳорӣ ин чорумин кормандони Комиссариати ҳарбии минтақаи Кӯлоб аст, ки аз сӯи Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ҳангоми гирифтани "порра" боздошт ва нисбаташон парвандаи ҷиноӣ боз мешавад.

Моҳи сентябри соли 2017 ҳангоми даъвати баҳорӣ Авазхон Шайхов, сардори зершӯъбаи даъват ва тайёрии ҷавонон ба хидмати ҳарбии комиссариати ҳарбии ноҳияи Ҳамадонӣ боздошт шуда буд. Ба гуфтаи Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Авазхон Шайхов аз шаҳрванд Орифов С. 400 доллари амрикоӣ ва 250 сомонӣ гирифта, билети ҳарбии қалбакӣ дода буд.

Дар пайи ин моҳи декабри соли 2017 дафтари матбуоти Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар дода буд, ки ёрдамчии калони сардори шӯъбаи дуюми комиссариати ҳарбии минтақаи Кӯлоб Парвиз Ҳалимов аз шаҳрванд “А” барои аз ҷавобгарии ҷиноятӣ дар прокуратураи ҳарбии минтақаи Кӯлоб озод намудан, 6000 сомонӣ талаб намуда, ҳангоми гирифтани маблағ боздошт шуда буд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG