Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афсари ОМОН полковники хадамоти гумрукро захмӣ кардааст


Сурат аз "Имрӯз News" гирифта шудааст.
Сурат аз "Имрӯз News" гирифта шудааст.

Дар паи садамаи рӯзи панҷшанбеи 5-уми декабр дар Душанбе полковники хадамоти гумруки Тоҷикистон захмӣ ва дар бемористон бистарӣ шудааст.

Дар паи садамае, ки рӯзи панҷшанбеи 5-уми декабр дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе рух дод, Шаҳрбону Тоҷибоева, полковники хадамоти гумруки Тоҷикистон захмӣ ва дар бемористон бистарӣ шудааст. Ин ҳодиса соати 15-и баъд аз зӯҳр дар хиёбони Саъдии Шерозӣ рӯх дод.

Автомашинаи тамғаи «Leganza», рақами давлатияш 0320 АА 08-ро як афсари Дастаи таъиноти махсуси милитсия ё ОМОН идора мекард. Аммо ҳам исми ин афсар ва ҳам мавҷудияти садама аз ҷониби мақомот рад шудааст. Танҳо маълум шудааст ин афсар рутбаи «майор» доштааст.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 6 декабр дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ гуфт, «Дирӯз вақте корманди ОМОН мехостааст мошинашро аз лаби роҳ бигирад ва барои аз лаби роҳ гирифтани мошин ба оқиб ҳаракат кард, ба як зан андак бархӯрд, ки вай ҳеҷ маъюб ё захмӣ нашудааст. Ман бо ин зан ҳам сӯҳбат кардам, вай гуфт, ки ҳеҷ кас ё мошин ӯро назадааст».

Ҷаноби Асадуллоев мегӯяд, рӯзи гузашта аслан ҳеҷ садамае рух надодааст ва ҳеҷ нафаре захмӣ ҳам нашудааст.

Аммо хабарнигори радиои Озодӣ, бо нафари зарардида дар ин садама дар бемористони Қарияи Боло мулоқот кард. Шаҳрбону Тоҷибоева 50 сол дорад ва полковники хадамоти гумруки Тоҷикистон будааст.

Хонум Тоҷибоева, ки чандон майли сӯҳбат надошт, ҳодисаро тасдиқ кард, аммо гуфт, танҳо шукр мекунад, ки зинда мондааст. «Дигар чӣ гӯям, аҳволамро дида истодаед. Аз ин бештар чизе гуфта наметавонам. Хайр кори шудагӣ шуд».

Яке аз пизишкони Қарияи Боло, ки нахост номаш зикр шавад, ба Радиои Озодӣ гуфт, «аҳволи ин хонум мисли аҳволи гирифторони садамаи БМВ 2020 вазнин нест. “Табиист, ки пас аз садама ҳамаи бадани одам дардманд мешавад, аммо Шаҳрбону Тоҷибоеваро ягон ҷой баданаш нашикастааст, вале миёнаш зарб хурда ва ба сутунмӯҳрааш каме осеб расидааст».

Садама дар рӯзе иттифоқ афтодааст, ки Дастаи таъиноти махсуси милитсия 18-умин солгарди таъсиси худро таҷлил мекард ва Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ин рӯз аз ин даста боздид ва дар маросиме суханронӣ намуд.

Бо иштироки раисиҷумҳур як бинои панҷошёна ва дигар иншооти марбут ба Дастаи таъиноти махсуси милитсия мавриди барҳрабардорӣ қарор гирифт.
XS
SM
MD
LG