Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

OECD: Ҳукумати Тоҷикистон бояд худаш ба ҳизбҳо пул диҳад


Йолита Василяускайте
Йолита Василяускайте

Як созмони байналмилалии мубориза бо фасод ба ҳукумати Тоҷикистон машварат додааст, то аз ҳисоби буҷа фаъолияти ҳизбҳои сиёсиро маблағгузорӣ кунад ва ба таъмини молии аҳзоб аз сӯи манобеи машкук роҳ надиҳад.

Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд (СҲИР ё OECD) ба давлати Тоҷикистон машварат додааст, ки маблағгузории аҳзоби сиёсиро аз сӯи ширкатҳо ва шахсони алоҳида маҳдуд кунад. Ин созмон ба давлат шеваи дигари маблағгузории аҳзоб − аз ҳисоби будҷаи кишварро пешниҳод мекунад. Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд мегӯяд, дар сурати ҷорӣ накардани маҳдудият дар сармоягузорӣ ба ҳизбҳо чӣ аз ҷониби ширкатҳо ва чӣ аз сӯи шахсони алоҳида ҳукумат бояд ҳизбҳоро муваззаф кунад, ки номи ширкатҳо ва афроди ба ҳизб пул додаро ошкор ва дар ин маврид дар саноҳаои ахбори ом гузориш нашр кунад.

Маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз сӯи ҳукумат як таҷрибаи роиҷ дар кишварҳои демократист ва дар аксари кишварҳои Аврупо, барои мисол, таъмини молии фаъолияти аҳзоб бар дӯши давлат аст.

Йолита Василяускайте, як масъули Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд (СҲИР) мегӯяд, ин тавсия ба Тоҷикистон ба он хотир дода шудааст, ки мардум донад, ки кӣ ҳизбҳоро сармоягузорӣ ва лоббигарӣ мекунад. Вай мегӯяд: “Ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ бояд гузориши молиявии худро дар расонаҳо чоп кунанд. То ин ки интихобкунандагон ва ҳукумат бидонад, ки ҳизб пулҳояшро ба чӣ масраф кардаасту ин маблағҳоро аз куҷо дарёфт кардааст ва кӣ ин ҳизбро лоббигарӣ мекунад?”

Ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистонро кӣ бояд маблағгузорӣ кунад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:18 0:00
Линки мустақим

Хонум Василяускайте афзуд, ки Тоҷикистон чун узви СҲИР ӯҳдадор шудааст, ки тавсияҳои ин созмонро дар мавриди сармоягузории ҳизбҳои сиёсӣ дар қонунгузориҳояш ворид ва дар амал тадбиқ кунад.

Дар ҳамин ҳол, намояндагони аҳзоби сиёсии мухолифи давлати Тоҷикистон мегӯянд, агар ҳукумат машваратҳои ин созмонро дар амал татбиқ кунад, вазъияти бе ин хароби молиявии ҳизбҳо боз ҳам бадттар хоҳад шуд.

Раҳматулло Зоиров
Раҳматулло Зоиров

Раҳматулло Зоиров, раиси ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯяд, ҳизби ӯ тибқи талаботи қонунгузории Тоҷикистон ҳар сол аз моҳи январ то феврал дар яке аз расонаҳои марказии кишвар дар мавриди дахлу харҷи молиявии ҳизб гузориш нашр мекунад. Вай мегӯяд: “Дар ин гузориш мо зикр мекунем, ки ба ҳисоби ҳизб чӣ миқдор маблағ даромад шуд ва он чӣ гуна харҷ гашт? Аммо дар он ҷо мо номи шахсонеро, ки ба ҳизб пул додаанд, зикр намекунем. Агар тибқи тавсияҳои ин созмон, мо номи шахсонро зикр кунем, ин ба фаъолияти касбии онҳо зарар меорад, фишор ба эшон зиёд мешавад ва ҳизбҳо аз ҳамон даромади ночизе, ки ҳам доранд, мемонанд.”

Ҷаноби Зоиров афзуд, тӯли 16 соли фаъолияти ин ҳизб то ба ҳол ягон ширкате ба суратҳисоби он пул нагузаронидааст. Ба таъкиди вай, даромади ночизи ҳизб танҳо аз ҳисоби аъзояш аст. Зоиров мегӯяд, аъзои ҳизб ҳам ба ҳисоби он мувофиқи тавоноияшон пул ворид мекунанд, ки маъмулан 10− 15 сомонӣ аст. Ба гуфтаи раҳбари сотсиал-демократҳо, дар таърихи фаъолияти ин ҳизб ягон нафар то ба ҳол аз 100 сомонӣ бештар ба суратҳисобаш маблағ ворид накардааст.

Аз миёни 8 ҳизби расман сабтиномшуда дар Тоҷикистон ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) аз ҳама сарватмандтар ба назар мерасад. Тибқи гузориши охирини молиявии нашркардааи ин ҳизб, даромади он дар сол 2 миллиону 600 ҳазор сомониро ташкил кардааст, ки гуфта мешавад, сарчашмаи асосиаш аз ҳисоби 200 ҳазор аъзои ҳизб мебошад. Баъд аз ҲХДТ ҷайби ҳизби мухолифи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) дар қиёс бо аҳзоби сиёсии дигар серпултар менамояд. Бино бар гузориши охири ҲНИТ, даромади ин ҳизб беш аз 309 ҳазор сомонӣ будааст.

Ҳизбҳои дигар дар бораи дороиҳои худ маълумот намедиҳанд. Вале гумон намеравад, ки ин аҳзоб дар муқоиса бо ҳизби ҳоким ё исломиҳо аз манобеъи ҳангуфти молӣ бархӯрдор бошанд.

Зимнан Кумиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) барои ташвиқу таблиғ ба номзадҳои якмандата ва аз рӯйхати аҳзоби сиёсӣ пешниҳодшуда маблағи баробар бо 200 доллари амрикоӣ медиҳад. Аммо ҳизбҳои мухолифи давлати Тоҷикистон мегӯянд, пуле, ки КМИРТ медиҳад ва он маблағҳое, ки худи ҳизб дар ихтиёр дорад, барои ташкили маъракаи пеш аз интихоботӣ кофӣ нест. Аз ин рӯ, ҳизбҳои дигар ба ҷуз аз ҳизби ҳоким ҳатто имкони насби баннерҳо дар канори ҷодаҳо ва нашри роликҳои таблиғотии аудиоӣ ва видеоиро дар расонаҳои мустақил надоранд.

Раҷаби Мирзо
Раҷаби Мирзо

Аммо Раҷаби Мирзо, таҳлилгари тоҷик, ки худ низ таҷрибаи иштирок дар интихоботи порлумонро дошт, мегӯяд, мушкили ҳизбҳои Тоҷикистон натанҳо дар камбуди маблағ, балки дар системаи шаклгирифтаи сиёсӣ дар кишвар аст. Вай мегӯяд, ҳоло ҳизбҳои Тоҷикистон сарфи маблағи зиёд барои таблиғот ва ташкили корзори пешазинтихоботиро сарфи беҳудаи маблағ ва нерӯ медонанд: “Чунки натиҷаи интихоботи чӣ порлумонӣ ва чӣ президентӣ дар Тоҷикистон аз қабл маълум аст. Аз ин рӯ, ҳизбҳо сарфи маблағро дар ин гуна маъракаҳо як харҷи беҳуда медонанд.”

Дар тақвияти ин гуфтаҳояш, Раҷаби Мирзо аз таҷрибаи интихоботиаш дар ноҳияи Восеъ ёдовар шуд, ки ӯ ҳамчун номзад дар ҳар маҳалла бо мардум во хӯрд ва таблиғоти зиёде низ кард, аммо билохира номзаде аксари ороро ба даст овард, ки мардум қариб боре ҳам надида буд.

XS
SM
MD
LG