Дар сӯҳбати сегона миёни Эмомалӣ Раҳмон, Серж Саргися ва дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ, Тоҷикистон расман раҳбарии СПАД-ро ба Арманистон супурд. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, Тоҷикистон мӯҳлати раҳбарияти СПАД-ро муваффақона ба анҷом расонд ва ҳамакнун навбати раҳбарии ин созмон ба ҷумҳурии Арманистон интиқол меёбад. Оқои Раҳмон афзуд, тӯли раҳбарии Тоҷикистон бори аввал озмоиши фаврии нерӯҳои зудамали СПАД дар қаламрави Тоҷикистон баргузор шуд, ки он хеле муваффақона буд.
Серж Саргисян, президенти Арманистон гуфт, озмоиши фаврияти кори нерӯҳои СПАД дар Тоҷикистон собит кард, ки нерӯҳои ин созмон омодаанд ҳамагуна таҳдидҳоро ба кишварҳои узви созмон зуд бартараф кунанд. Дар идомаи сӯҳбат президенти Арманистон афзуд, “дар ҷаласаи мазкур созиш ҳосил шуд, ки марзҳои ҷанубии созмон, яъне марзи Тоҷикистон бо Афғонистон тақвият дода шавад.”
Саргисян ҳамчунин гуфт, дар давраи раҳбарии кишвараш дар СПАД Арманистон ният дорад, муборизаро бо ҳар гуна зуҳуроти қавмгароӣ, фашизм ва ҷиноятҳои кибернетикӣ тақвият бубахшад.
Дар поёни ҳамоиш Николай Бордюжа, дабири кулли СПАД гуфт, раҳбарони кишварҳои узви созмон ба қароре расиданд, ки дар оинномаи СПАД то моҳи октябр тағийрот ворид намоянд. Аммо нагуфт, ки ин тағйирот аз чӣ иборат аст ва кадом масоилро дар бар мегирад. Чун хабарнигорон имкони суол додан надоштанд, маълум нашуд, ки чӣ тағйиротҳоро дар назар дорад.
Имрӯз дар Душанбе нишасти Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ё ОДКБ баргузор шуд, ки дар он раисиҷумҳурони Русия, Белорус, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон иштирок карданд.
Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ як ташкилоти низомиву сиёсӣ бар асоси Паймони амнияти дастҷамъӣ дар соли 1999 ташкил шуда, ба узвияти он Русия, Арманистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Белорус шомиланд. Узбакистон дар соли 1999, дар авҷи гармии муносибатҳояш бо Ғарб ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико СПД-ро тарк кард.
Иззат Амон кахрамони миллати точик. Ягона точикеки баьди поши шурави унвони кахрамониро аз тарафи мардум оди гирифт. Озоди БА ИЗЗАТ АМОН.
Чи дуруг гуфта худата кулоби мегири? Аз гапот малумайки як фермаи чавоби, тарзе гап мезаники гуё хами минтакаи кулоб хама тарафдори хукуматай. Ина мА аз Кулобм мисли садхо хазор кулоби аз ранги хукуматдоро безорм. Аз номи кулобихо нанавесен гапои дуруг. Ту пистолет гардонира як тараф мон агар як таёк гирад мардум шаваки хамат тарафи туркия мегрезан. Ки бдани шмора сад фоиз медонем. Хозир шукрона мо точик мегем на инки кулобу гарму бадахшон, ва шумо чоплусо сахт аз якчоягии миллат метарсен. Дар охир хамдарди аз мардуми кулоб ба ахлу оилаи хамин чавони кушташуда.
Бояд асос ва мантики гапро хонд, на хатогии грамматики кофт. На чужом языке столько умеет он еще
Ин мард зур аст! лекин! Маблаг надорад, мукобили "мафиозной структура" мубориза барад. Хато кард, руссия як худ танхо нест, у бояд дар хамма давлатхои пасошурави одам пайдо ва кафолати дусти ва иктисоди ягона пешниход мекард метавонист. Фикр мекунад, ки мисли мухаммад салаллоху олихи вассалам тавонад? Алакай дер шудааст сараввал мусулмонхоро тахкир кард бо тавсияи маслихатдихандагони амрикоиаш. Агар! Бо кувахои дохиливу тобеии руссия хамкори куна албата таърих шуда метавонад
Аз рӯзи нахуст маълум буд, ки Парда озод мешавад, чунки тамоми дуздиҳои Алмардоновҳо бо мусоидати ҳукумати оилави сурат мегирифтанд. Чи гуна дузд дузди дигарро зиндони мекунад!? Просто боздошт намуда суми бо роҳи фиребу дузди ҷамъ намуданашон гирифтанду ҷавобаш доданд, гӯё зарарро барқарор намудааст!