Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама: "Кишварҳои бузург набояд хурдҳоро ҳадафи фишор қарор диҳанд"


Раисиҷумҳури Амрико дар 25-умин солгарди нахустин интихоботи демократии Лаҳистон ё Полша гуфт, давраи империяҳо ва минтақаҳои нуфузи онҳо тамом шудааст ва кишварҳои калон набояд ба давлатҳои хурдтар зӯргӯӣ кунанд.

Раисиҷумҳури Амрико, Барак Обама, бар “пойбандии устувор”-и Иёлоти Муттаҳида дар амнияти Лаҳистон ё Полша ва дигар ҳампаймонҳои НАТО дар Аврупои Шарқӣ ва Марказӣ пас аз мудохилаи Русия дар Украина таъкид кард.

Дар паёмаш рӯзи 4-уми июн Обама гуфт: “Лаҳистон ҳаргиз танҳо нахоҳад буд. Эстония ҳаргиз танҳо нахоҳад буд. Латвия ҳаргиз танҳо нахоҳад буд. Литва ҳаргиз танҳо нахоҳад буд. Руминия ҳаргиз танҳо нахоҳад буд.”

Барак Обама, ки дар 25-умин солгарди нахустин интихоботи демократии Лаҳистон ё Полша суҳбат мекард, раъйдиҳии соли 1989-ро “оғози поёни коммунизм” номид ва гуфт, “мо бояд ҳаргиз фаромӯш накунем, ки оташ аз шӯълае хест, ки мардуми Лаҳистон даргиронданд.”

Бо ишора ба интихоботи таърихии Лаҳистон раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида рӯйдодҳои 25 сол пеши ин кишвар ва ҳаводиси имрӯзаи Украинаро шабеҳи ҳам номид. Вай гуфт, давраи империяҳо ва минтақаҳои нуфузи онҳо тамом шудааст ва кишварҳои калон набояд ин иҷозаро дошта бошанд, ки ба давлатҳои хурдтар зӯргӯӣ кунанд ё иродаи худро бо ёрии силоҳ бар сари онҳо бор кунанд.

Вай инчунин гуфт, “бо як ҳаракати қалам намешавад, дуздии қаламрави ҳамсояро қонунӣ кард.” Ва афзуд: “Мо ҳаргиз ишғол шудани Қрим аз тарафи Русияро, ки вайрон кардани истиқлолияти Украина аст, қабул нахоҳем дошт.”

Раисиҷумҳури Амрико гуфт, Украина ба равобити қавитар бо Аврупо ва Русия ниёз дорад, аммо мардуми украин мисли мардуми ҳамаи кишварҳо ҳақ доранд, ояндаи худро худ муайян кунанд. Вай изофа кард, ки “иғвогариҳои нави Русия танҳо сабаби каноргузории он мешаванд ва барояш осеб хоҳад овард.”

Издиҳоми қариб 6000-нафара дар майдони марказии Варшава борҳо ба суханони Обама кафкӯбӣ кард.

Нимаи аввали рӯзи 4-уми июн Обама бо президенти мунтахаби Украина Петро Порошенко мулоқот кард ва баъд аз ин дидор гуфт, Порошенко “интихоби оқилона”-и мардуми Украина барои “ин давраи душвор” аст.

Дар суҳбат бо хабарнигорон пас аз вохӯрӣ бо Порошенко, Обама гуфт, ду тараф роҳҳои ёрии Вашингтон ба Украина, аз ҷумла омӯзониши ҳарбиён ва кормандони интизомии Украина ва коҳиши вобастагии энержии Киев ба Русияро баррасӣ кардаанд.

Ҳамзамон бо мулоқот Иёлоти Муттаҳида эълом дошт, ки ба маблағи 5 миллион доллар ҷиҳози иловагие ба Киев хоҳад фиристод, ки дар муборизаи он бо ҷудоихоҳони русгаро дар шарқи Украин истифода шавад. Ин кумак зиреҳи бадан ва дурбинҳои диди шабонаро низ фаро хоҳад гирифт.

Дар ҳоле, ки бино бар гузоришҳо, даргириҳо дар марзҳои шарқии Украина субҳи рӯзи чаҳоршанбе кушта ва маҷрӯҳони зиёде ба ҷой гузоштааст, Барак Обама аз ҷудоиталабон дар шарқи Украина ба унвони "иддае роҳзан ва ниқобдор" ном бурд, ки ошӯб барпо мекунанд.

Барак Обама як рӯз пеш аз дидори худ бо Порошенко, дар мулоқот бо раиси ҷумҳури Лаҳистон дар Варшава ваъда дод, ки барои гусели нерӯҳои бештари низомӣ ба Аврупо як миллиард доллари дигар ихтисос хоҳанд дод. Раиси ҷумҳури Амрико дар Варшава гуфт, ки ИМА дилбастагие ба таҳдиди Русия надорад, аммо агар Маскав ба амалкарди худ барои ноором кардани Украина идома диҳад, таҳримҳои бештаре дар интизори Маскав хоҳад буд.

Ҳукумати нави Украина рӯзи сешанбе ҳамлаҳоеро зидди ҷудоиталабони тарафдори Русия дар шаҳри Словянск дар шарқи Украина оғоз кардааст ва яке аз сухангӯёни ин амалиёти низомӣ рӯзи чаҳоршанбе ба хабаргузории Ройтерз гуфтааст, ки дар амалиёти Словянск тайи 24 соати гузашта 300 ҷудоиталаб кушта ва ҳудуди 500 нафар низ захмӣ шудаанд.

Шабакаи хабарии CNN низ аз вуқӯи чанд таркиш дар рӯзи душанбе дар пойгоҳи нерӯҳои ҳаводори Русия дар шаҳри Луҳанск хабар дод, ки бар асари он 5 зан ва се мард ҷони худро аз даст додаанд. Ҷудоиталабони тарафдори Маскав мегӯянд, ки ин таркишҳо дар пайи ҳамлаи нерӯҳои ҳавоии давлатӣ рух додааст, аммо Киев дахолати ҳавопаймоҳои ҷангии худ дар ин таркишҳоро радд кардааст.
XS
SM
MD
LG