Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гулчеҳраро дар шифохонаи бемориҳои рӯҳӣ бистарӣ карданд


Дояеро ки ба куштори кӯдак дар Москва айбдор мешавад, дар беморхонаи бемориҳои руҳӣ бистарӣ карданд

Гулчеҳра Бобоқулова, дояеро ки ба куштори кӯдак дар Москва айбдор мешавад, дар беморхонаи бемориҳои руҳӣ бистарӣ карданд, хабар медиҳад РИА Новости.

29 феврал шоҳидон хабар доданд, ки дар назди метрои "Октябрское поле" зане сиёҳпӯш истодааст ва дар даст сари буридаи кӯдакеро дорад. Дар наворҳое, ки дар интернет нашр шуд, ин зан фарёд мекунад: "Ман демократияро бад мебинам. Ман террористам! Ман марги шумоям! Чанд модар, шумо чӣ қадар моро нобуд кардед! Бубинед, ман маргталаб ҳастам!". Пештар аз ин сухторнишонон барои хомӯш кардани оташ дар манзиле дар кӯчаи "Народного ополчения"-и Москва омаданд ва дар манзил тани бе сари кӯдакеро пайдо карданд.

Он замон маълум шуд, ки зани боздоштшуда дояи кӯдаки бе сар будааст. Мақомоти расмии Ӯзбекистон хабар доданд, ки шаҳрванди ин кишвар Бобоқулова аз соли 2002 ба ин сӯ дар қайди табобатгоҳи бемориҳои руҳӣ аст. Гулчеҳра Бобоқулова расман 4 март дар куштори кӯдаки хурдсол айбдор шуд. Пештар сарчашмаҳо хабар дода буданд, ки мумкин аст Бобоқулова тибқи чанд моддаи дигар айбдор шавад.

Ҳодисаи мазкур бисёриҳоро дар дохили Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳолати шок қарор дод. Бархе сиёсатмадорон дар Русия шадидтар шудани қоидаҳои будубоши муҳоҷирони корӣ, аз ҷумла ҷорӣ шудани ҳатмии низоми виза шаҳрвандони Осиёи Марказиро тақозо карданд. Вале намояндагони ҳукумат аз мардум ва ҳам матбуоту сиёсатмадорон даъват карданд, ки аз пахши даъватҳои хатарнок худдорӣ кунанд.

Аз ҷумла, Дмитрий Киселев, мубаллиғи сиёсати Кремлин дар телевизиони давлатии "Россия" аз сокинон ва ҳам намояндагони матбуоти кишвараш даъват кард, ки аз ҳангомасозӣ дар атрофи қазияи куштори ваҳшиёнаи кӯдак дар Маскав худдорӣ кунанд. Дар барномаи натиҷагирии рӯйдодҳои ҳафтаи гузашта Киселев рӯзи 6 март дар робита бо куштори тифли чорсола аз ҷониби шаҳрванди Ӯзбакистон Гулчеҳра Бобоқулова муроҷиат кард. Вай гуфт, “маҳкум кардани як мусулмон ва ҳам муҳоҷири корӣ”, “даъват ба ҷорӣ кардани низоми раводид бо кишварҳои Осиёи Марказӣ осонтарин кор аст”. Киселев гуфт, ки ҳодисаи рухдода як фоҷеаест, ки таҳқиқи онро бояд мақомоти тафтишотӣ ба ӯҳда дошта бошанд. Вале ҳоло набояд онро ба масоили миллӣ, “Аллоҳ” ва ҳатто “бемории рӯҳӣ” иртибот дод. “Аксари кулли ҷиноятҳо дар Русияро русҳо содир мекунанд ва рӯҳан шахсони солиманд”, гуфт ӯ. Вай афзуд, ки сӯҳбатҳо дар заминаи ба исми Ислом анҷом шудани ин ҷиноят набояд роҳ дода шаванд, чун, ба гуфтаи ӯ, “на Исо-пайғамбар ва на Аллоҳ ба куштори навзодҳо ҳеҷ иртиботе надоранд. Ҳарду дин меъёрҳои баланди ахлоқиро тарғиб мекунанд”. Мизони ҷинояткорӣ дар миёни муҳоҷирон бошад, ба қавли ӯ, тағйир наёфта дар ҳудуди 2 дар сад аз ҳаҷми умумии ҷиноятҳо дар Русияро ташкил медиҳад. Аксар шабакаҳои телевизионии Русия аз пӯшиши ин хабар ва зиёда аз ин, пахши аксу наворҳои видеоии гаштугузории доя бо каллаи буридаи тифл дар даст дар назди истгоҳи метрои “Октябрское поле” рӯзи 29 феврал худдорӣ карданд. Баъдан журналисти маъруфи телевизион Владимир Познер гуфт, ки пахши ингуна матолиб як мавзӯи ахлоқӣ аст, ки ба тасмими сардабирон бастагӣ мегирад. “Агар ман будам, ҳеҷ гоҳ нашраш намекардам”, гуфт ӯ.

Дар идома ӯ аз тасмими сардабирони шабакаҳои телевизионӣ ситоиш ва ҳимоят кард, ки нагузоштанд саҳнаҳои ваҳшатнок ба телевизион роҳ ёбанд.

Айни замон, аксар дояҳое, ки мисли Гулчеҳра дар хонаи сокинони Русия истода бо нигоҳубини кӯдак ва пиронсолонашон машғуланд, гуфтанд, аз ин ҳодиса шадидан нигарон шудаанд:

Гулчеҳра обурӯи дояҳоро бурд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:35 0:00

XS
SM
MD
LG