Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси ҳастаии Эрон дар Женева. Ин бор ҳам бидуни натиҷа


Қудратҳои ҷаҳонӣ ва Эрон аз бенатиҷа анҷом ёфтани музокироти серӯза дар Женева норозӣ нестанд ва мегӯянд, алакай рӯзи 20 ноябр дубора ба мулоқоти ҳам хоҳанд рафт.

Се рӯзи музокироти байналмилалии барномаи ҳастаии Эрон дар Женеваи Швейтсария бидуни кадом тавофуқ ба поён расид, вале интизор меравад, даври навбатии гуфтугӯҳо алакай баъди 10 рӯз, яъне 20 ноябр доир шавад.

Вазири хориҷаи Фаронса Лоран Фабиус субҳи якшанбе гуфт, дар ин даври гуфтугӯҳо ягон тавофуқ ба даст наомад, чунки бархе масоил бояд ҳалл шаванд. То ин соат ҷузъиёте дар бораи ин масоили ҳаллношуда ба дасти расонаҳо нарасидааст. Аммо Лоран Фабиус қаблан гуфта буд, ки Фаронса дар мавриди назорати шадидтари фаъолиятҳои Эрон вобаста ба коркарди плутоний ва ғанисозии уран замонат мехоҳад. Бархе гузоришҳо дар бораи рӯ задани таниши эҳтимолӣ байни қудратҳои ғарбӣ пиромуни мавзеъгирии тунди Фаронса дар Женева ҳадс мезананд.

Муҳаммадҷавод Зариф ва Кетрин Эштон дар Женева
Муҳаммадҷавод Зариф ва Кетрин Эштон дар Женева
Бо ин ҳол, вазири хориҷаи Эрон Муҳаммадҷавод Зариф музокироти Женеваро “хеле хуб” ба қалам дод ва гуфт, бархе ихтилофҳои назар байни ҷонбиҳо амре мунтазирfе буд ва ӯ аз нокомии ин нишаст ба ахзи тавофуқ нороҳат нашудааст.: “Ман фикр мекунам, ки мо ҳама рӯи як мавҷ қарор доем ва муҳим ҳамин аст. Ва ин вақте бори дигар ба мулоқоти ҳам меоем, моро ба сӯи пеш таҳрик хоҳад дод. Аз ин нигоҳ, ба фикри ман, ин се рӯзи бисёр хуб буд, се рӯзи бисёр созанда буд ва чизе буд, ки мо сохта ва бар пояи он ба пеш ҳаракат карда метавонем.”

Вазири хориҷаи Амрико Ҷон Керрӣ низ гуфт, ки музокироти Женева пешрафти қобили мулоҳизае дошт ва тавофуқ дар баҳси ҳастаии Эрон ба зудӣ ба даст хоҳад омад. Аммо Керрӣ дар айни замон афзуд, ки Амрико ба азмаш барои ҷилавгирӣ аз расидани Эрон ба сохтани силоҳи ҳастаӣ пойбанд боқӣ мемонад. Ӯ ҳушдор дод, ки дари дипломатия барои ҳалли ин баҳси тӯлонӣ доим боз нахоҳад монд: "Мо дар Женева ҷамъ шудем, то ихтилофотро рафъ кунем. Ва ман метавонам бидуни ягон муболиға бароятон бигӯям, ки мо натанҳо ихтилофотро рафъ ва масоили барҷомондаро мушаххас кардем, балки пиромуни роҳҳои ҳалли мавзӯъи чигуна лаҷом задани барномаи ҳастаӣ ва тазмини табиати ҳастаии ин барнома ба пешрафти қобили мулоҳизае ҳам даст ёфтем.”

Музокироти ҳастаӣ бо Эрон бенатиҷа анҷом ёфт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:42 0:00
Линки мустақим


Ҷон Керрӣ таъкид кард, ки ин даври музокирот дар бархе мавридҳо ба душворӣ пеш рафт, ки иллаташ, ба гуфтаи ӯ, сӯъиэътимоди тӯлонӣ байни Теҳрону Вошингтон будааст. Амрикову Эрон аз замони инқилоби исломии соли 1979 равобити дипломатӣ надоранд.

Музокироти Женева Эронро бо гурӯҳи 5+1, ки 5 узви доимии Шӯрои Амнияти СММ – Амрико, Бритониё, Русия, Фаронса ва Чин – ва Олмонро муттаҳид мекунад, пушти як миз овард. Иттиҳодияи Аврупо дар шахси раҳбари идораи сиёсати хориҷиаш Кетрин Эштон низ дар ин музокираҳо бо Эрон ба ҳайси миён/ӣ ширкат мекунад.

Музокироти моҳи октябри ин ҷонибҳо нахустин даври музокира бо Теҳрон дар пайи ба курсии раёсатҷумҳурии Эрон нишастани Ҳасани Рӯҳонӣ буд, ки дар қиёс бо раисиҷумҳури қаблӣ Маҳмуди Аҳмадинажод намояндаи /иноҳи мӯътадили Ҷумҳурии исломӣ ба шумор меравад.

Таҳлилгарон мегӯянд, Теҳрон шояд дар ивази каме сабук кардани бори гарони таҳримҳои байналмилалии иқтисодӣ ба гузаштҳое дар мавриди фаъолиятҳои ҳастаияш розӣ шавад. Ин таҳримоят боиси коҳиши содироти нафт – манбаъи ҳаётан муҳими таъмини иқтисоди Эрон – шуда, тавони бонкҳои ин кишвар барои таҳвили пул аз кишварҳои дигаррро низ сахт маҳдуд кардааст.

Кишварҳои Ғарб бар ин гумонанд, ки Эрон дар пайи тавлиди маводест, ки метавонад барои сохтани кулоҳакҳои ҳастаӣ истифода шавад. Аммо Ҷумҳурии исломӣ ин иддаоро рад карда мегӯяд, барномаи ҳастаияшро танҳо ба хотири тавлиди нирӯи барқ ва аҳдофи таҳқиқотиву тиббӣ пеш мебарад.

Бенямин Нетаняҳу
Бенямин Нетаняҳу
Эҳтимоли ба тавофуқ даст ёфтани Эрон ва қудратҳои ҷаҳонӣ боиси эҷоди шикоф миёни Амрико ва муттаҳиди бузургтаринаш дар Ховари Миёна – Исроил – шудааст. Рӯзи ҷумъа, ки музокироти Женева ҳанӯз идома дошт, сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу гуфт, Исроил ҳар навъ муомилаеро, ки коҳиши фишор ба Эронро дар пай дорад, “комилан рад мекунад.” Исроил, ки бовар меравад, танҳо қудрати ҳастаии Ховари Миёна бошад, гуфтааст, зарбаи низомӣ ба таъсисоти ҳастаии Эрон ҳамчун як роҳи хатми фаъолиятҳои ҳастаии он кишвар дар дасти баррасӣ боқӣ мемонад. Исроил даст ёфтани Эрон ба силоҳҳои ҳастаиро таҳдид ба бақои худ мешиносад.
XS
SM
MD
LG