Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Ун. "Майл"-и ду Куриё барои оддӣ кардани муносибатҳо


Ким Чен Ун - раҳбари Куриёи Шимолӣ - раиси ҷумҳури Куриёи Ҷанубиро барои дидор аз Пхенян даъват кардааст. Дафтари раёсати ҷумҳури Куриёи Ҷанубӣ рӯзи 10-уми академил дар ин бора хабар дод. Агар ин са сафар сурат гирад, аввалин дидори раҳбарони ду Куриё дар муддати беш аз даҳ соли гузашта хоҳад буд.

Ким Юй, хоҳари раиси ҷумҳури Куриёи Шимолӣ, дар маросими ифтитоҳияи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Куриёи Ҷанубӣ ҳузур дошт. Тибқи гузоришҳо дар зиёфате, ки дар кохи раёсати ҷумҳури Куриёи Ҷанубӣ баргузор шуд, ӯ даъвати бародарашро расондааст. Аз соли 2007 ба ин тараф раҳбарони Куриёи Шимолӣ ва Ҷанубӣ бо якдигар дидоре надоштаанд.

Пештар хабаргузории «Ройтерс» дар гузорише навишта буд, ки сафари холяри президенти Куриёи Шимолӣ аз майли ин кишвар барои об кардани яхи равобиташон бо ҳамсояи ҷанубӣ дарак медиҳад. «Ройтерс» мегӯяд, Мун Ҷӣ, раиси ҷумҳури Куриёи Ҷанубӣ, дар вокуниш ба ин даъват хостори фароҳам шудани "шароит" барои анҷоми ин дидор шудааст.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, ин ди дир дар сурати амалӣ шудан барои оқои Мун як пирӯзии дипломатӣ хоҳад буд. Барои раиси ҷумҳуре, ки соли гузашта бо ваддаи рушди равобит бо ҳамсояи шимолӣ ба қудрат расид.

Дар муқобили майли ошкорои Сеул ба барқарории дубораи равобит бо ҳамсояи шимолии худ, муттаҳаиди ин кишвар - Амрико ҳеч тамоюле дар ин замина нишон надодааст. Майк Пенс, муовини раиси ҷумҳури Амрико, ҳарчанд дар маросими ифтитоҳияи Бозиҳои зимистонаи олипмӣ ҳузур дошт, ҳеч тамосе бо ҳайати Куриёи Шимолӣ надоштааст.

Майк Пенс, муовини раиси ҷумҳури Амрико
Майк Пенс, муовини раиси ҷумҳури Амрико

Аз он пештар хабаргузориҳои расмии Куриёи Шимолӣ ҳам эълон карда буданд, ки мақомоти Пхенян дар ҷараёни бозиҳои олимпӣ қасд надоранд бо мақомоти Амрико дидор дошта бошанд. Майк Пенс низ гуфта буд, Иелоти Муттаҳида иҷоза намедиҳад таблиғоти ҳукумати Куриёи Шимолӣ паём ва тасвири бозиҳои зимистонаи олимпро таҳти шуо қарор бидиҳад.

Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2018 ба мизбонии Куриёи Ҷанубӣ дар шаҳри Пхёнчхан ифтитоҳ ёфт. 92 кишвар ва тақрибан се ҳазор варзишкор дар ин рақобатҳо ҳузур доранд.

XS
SM
MD
LG