Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон маҳдудияти кори созмонҳои ҷамъиятиро бекор кард


Дар назди президенти Узбекистон Шӯрои машваратии рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ таъсис мешавад.

Қароре, ки дар ин замина рӯзи 4 май аз ҷониби Шавкат Мирзиёев нашр шуд, мегӯяд, ҳадафи асоси боло бурдани “нақши сохторҳои ҷомеаи маданӣ дар навсозии демократии кишвар аст”. Дар ин санад гуфта мешавад, ки бо вуҷуди қабули беш аз 200 санад дар бораи фаъолияти созмонҳои ҷамъиятӣ дар Узбекистон, дар ин бахш “мушкилоти усулие” вуҷуд дорад, ки монеи фаъолияти ҳамаҷонибаи созмонҳои ғайритиҷоратӣ мешавад.

Ислоҳот ва иҷозаи гирифтани грантҳои хориҷӣ

Дар қарори президент гуфта мешавад, ки кори ин созмонҳо метавонад

Баъди чорякқарни раҳбари Ислом Каримов дар миёни мардум эътимод ба тантани адолат аз даст рафт ва ҳоло ҳама гуна таҳаввулоту ислоҳоте, ки шурӯъ шудааст, бо як андозае эҳтиёт қабул мешавад.

дар анҷоми “ислоҳот, боло бурдани фарҳанги сиёсӣ, огоҳии шаҳрвандӣ ва қонеъсозии талаботи ахлоқиву ғайримоддии сокинон” мусоидат кунад. Фаъолияти Шӯрои машваратиро худи президент танзим мекунад.

Дар қарори мазкур гуфта мешавад, ки созмонҳои ҷамъиятӣ дигар мисли гузашта ташкили маъракаву мулоқотҳои худро “набояд бо сохторҳои марбута ҳамоҳанг кунанд”, балки бояд онҳоро “дар ҷараён гузоранд”. Илова ба ин, маблағҳои пуливу грантҳои кишварҳои хориҷиву созмонҳои байналмилалӣ, ки қабули онҳоро оинномаҳои созмонҳои ҷамъиятӣ пешбинӣ мекунад, “метавонанд бидуни маҳдудият ва баъди мувофиқа бо органи сабткунандаи созмонҳо” қабул ва истифода шаванд. Маблағҳои пулӣ барои анҷоми тарҳҳои созмонҳои ҷамъиятӣ ба сурат-ҳисобҳои бонкии вижаи ин созмонҳо қабул мешаванд.

Қарори президент масъалаи гузоришдиҳии созмонҳои ҷамъиятӣ ба давлатро ҳам танзим кардааст. Бар асоси ин санад, аз 1 январи соли 2019 низоми электронии гузоришдиҳӣ барои бақайдгирӣ ё азнавқайдкунии созмони ҷамъиятӣ амал хоҳад кард ва дигар фаъолияти созмонҳо ҳам тавассути иртиботи электронӣ ба роҳ монда мешавад. Дар гузориши gazeta.uz гуфта мешавад, ки феълан дар Узбекистон 9200 созмони ғайритиҷоратӣ сабтином шудааст.

"Бояд эътимод ба адолат барқарор шавад"

Сурат Икромов, як фаъоли ҷамъиятии Узбекистон, ки аз ин таҳаввулот истиқбол кард, мегӯяд, воқеан ҳам кори озоду сартосарии созмонҳои ҷамъиятӣ метавонад дар ҳалли мушкилоти зиёди ҷомеаи ин кишвар мусоидат кунад, вале як рисолати муҳими давлат ҳоло ин аст, ки эътимод ба адолатро дар ҷомеа барқарор кунад. Вай гуфт, баъди чорякқарни раҳбари Ислом Каримов дар миёни мардум эътимод ба тантани адолат аз даст рафт ва ҳоло ҳама гуна таҳаввулоту ислоҳоте, ки шурӯъ шудааст, бо як андозае эҳтиёт қабул мешавад.

Сурат Икромов
Сурат Икромов

Бозбинии низом ва шароити кори созмонҳои ҷамъиятӣ, ки як рукни бунёди ҷомеаи демократӣ арзёбӣ мешаванд, барои нахустин бор баъди марги президенти собиқ Ислом Каримов сурат мегирад. Дар 25 соли раҳбарии Каримов дар Узбекистон озодиҳои сиёсӣ хеле маҳдуд шуда, намояндагони ҳизбҳои сиёсии мухолифи ҳукумат, журналистону фаъолони ҷамъиятӣ ё кишварро тарк карданд ё ба зиндон рафтанд.

Бо сари қудрат омадани Мирзиёев дар декабри соли 2016, президенти нав талош дорад дар кишвар ислоҳоти сиёсиву иқтисодӣ ҷорӣ кунад. Сафари ҳайати созмони Human Rights Watch ба Узбекистон ва ширкати он дар форуми созмонҳои ҷамъиятии ин кишвар дар сентябри соли 2017 ҳодисаи муҳим арёбӣ шуд.

Ин созмони нозири ҳуқуқи башар ва озодиҳо, қи барои идомаи фаъолияташ дар Узбекистон баъди 12 сол дубора иҷозати расмии давлатро дарёфт кард, дар гузориши вижае сентябри соли 2017 гуфт, ки аз таҳаввулот ва ислоҳоти сиёсӣ дар Узбекистон истиқбол мекунад. Як намунаи он – дар ду соли гузашта аз зиндонҳои ин кишвар озод шудани 16 фаъоли сиёсӣ мебошад. Ин созмон гуфт, ки аз ислоҳот дар Узбекистон, бахусус дар бахши озодиҳои сиёсӣ, кори расонаҳои мустақилу пахши садои интиқодӣ, фаъолияти озоди созмонҳои ҷамъиятӣ интизороти зиёд дорад ва умедвор аст, ки ин ҳама метавонад дар пешрафти демократии кишвар саҳмгузор шавад.

Соли 2005 дар паи пахши ошӯбе дар Андиҷон аз қаламрави Узбекистон дар қатори дигар созмонҳо Human Rights Watch ҳам берун шуд. Ин созмонро барои фош кардани исми садҳо қурбонии пахши ошӯб гунаҳгор карданд
Соли 2005 дар паи пахши ошӯбе дар Андиҷон аз қаламрави Узбекистон дар қатори дигар созмонҳо Human Rights Watch ҳам берун шуд. Ин созмонро барои фош кардани исми садҳо қурбонии пахши ошӯб гунаҳгор карданд

Ҳанӯз ҳизбҳои сиёсӣ иҷозаи кор нагирифтанд

Сурат Икромов мегӯяд, дар беш аз ду соли раҳбарии Шавкат Мирзиёев масоили зиёде ба бозбинӣ шурӯъ шудааст, вале то ҳол ҳукумат чизе дар заминаи кори созмонҳои сиёсӣ ё ҳизбҳои сиёсӣ нагуфтаанд. Вай гуфт, бидуни фаъолияти озоду ҳамаҷонибаи ҳизбҳои сиёсӣ намешавад як ҷомеаи солиму воқеӣ бунёд кард. Чун ба унвони оппозитсия ё алтернатива ҳамин ҳизбҳо метавонистанд дар амри ҳалли мушкилоти ҷомеа ва фаъол кардани ҳаёти сиёсӣ нақши муҳиме бибозанд. Айни замон, гуфт Икромов, ҳамин суръати начандон баланди мақомот дар амри ҷорӣ кардани ислоҳот ҳам нишонаи хуб ва боиси дастгирӣ аст ва баъди 25 соли рукуд то андозае умедвориро ба ояндаи беҳтари кишвар эҷод мекунад.

Тамоюли баръакс дар дигар нуқоти собиқи Шӯравӣ

Иҷозати фаъолияти бемамонеаи созмонҳои ҷамъиятӣ дар Узбекистон дар ҳолест, ки дар қаламрави шӯравии пешин таҳаввулоти баръакс мегузарад. Дар Русия, ки ба қавли нозирон, ба унвони як “намунаи маҳдудиятҳои сиёсӣ” барои кишварҳои собиқи Шӯравӣ хидмат мекунад, соли 2012 қонуни нав “Дар бораи агенти хориҷӣ” қабул шуд. Ҳар сол мақомот ба феҳрасти “агентҳои хориҷӣ” исми даҳҳо созмони ҷамъиятӣ ва расонаҳоро ворид мекунанд, ки ба қавли мақомоти ин кишвар, аз роҳи маблағгузори беруна барои давлатҳои хориҷӣ кор мекунанд. Мақомот дар Русия гуфтанд, ки соли 2014 созмонҳои ҷамъиятӣ беш аз 70 миллиард рубл кӯмакҳои пулиро барои татбиқи тарҳҳояшон дар Русия ворид кардаанд, ки ба бовари онҳо ангезаҳои сиёсӣ доранд.

Дар Тоҷикистон ҳам соли 2015 мақомоти вазорати адлия созмонҳои ҷамъиятиро дар кишвар мавриди санҷиши ҳуқуқӣ ва маъмурӣ қарор дода ҳамаи онҳоро ба сабтиноми дубора водор карданд. Ин вазорат гуфт, ки бар асоси гузориши 600 созмони ғайридавлатӣ аз соли 2013 то моҳи апрели 2014, ҳисоб шудааст, ки ташкилоти ҷамъиятӣ дар кишвар 4,5 миллиард сомонӣ гранти хориҷӣ дастрас кардаанд. Баъди ин ҷараёни назорат аз даромад ва сарфи маблағҳои пружаву барномаҳои ин созмонҳо дар Тоҷикистон шадидтар шуд ва онро бисёриҳо бо қонуни «Агенти хориҷӣ»-и Русия муқоиса карданд.

Тамғаи "агенти хориҷӣ" созмон ё матбуотро дар фаъолияти расмиаш маҳдуд мекунад
Тамғаи "агенти хориҷӣ" созмон ё матбуотро дар фаъолияти расмиаш маҳдуд мекунад

Худи созмонҳои ҷамъиятӣ мегӯянд, ки нақши онҳо дар ҳалли мушкилоти иҷтимоии ҷомеа хеле муҳим буд. Аксари онҳо дар солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрванди арзи ҳастӣ карда дар амри ҳимоят аз ҳуқуқи инсон, ҳақи аққалиятҳову гурӯҳҳои заъфпазир ба кор пардохтанд, дар бештарин ҳолатҳо аз сӯи созмонҳои байналмилалии мисли СММ, САҲА ва ҳукуматҳои аврупоиву ғарбӣ маблағгузорӣ мешуданд. Фаъолияти ин созмонҳо барои таъсиси ҷойҳои кории нав дар Тоҷикистони ҷангзада ва ҳалли масоили иҷтимоии гурӯҳҳои алоҳидаи мардум мусоидат кардааст. Як ҳадафи аслии ин созмонҳо – кӯмак ба ҳукумати кишвар дар поин бурдани мизони мушкилот дар маҳалҳо, коҳиши камбизоатӣ, боло бурдани сатҳи иттило ва огоҳии мардум мебошад. Баъди санҷиши охир гуфта шуд, ки дар Тоҷикистон 2800 созмони ҷамъиятӣ расман сабтином шудааст.

Шарҳҳоро бинед (1)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG