Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико дар барномаи "Green Card" тағйирот ворид накардааст


Амрико ба барномаи Green Card ё корти сабзи ҳеҷ тағйироте ворид накардааст. Дар ин бора дар вебсайти расмии сафорати Амрико дар Узбакистон ба суоли бахши узбакии Радиои Озодӣ -- "Озодлик", посух доданд. Мавзӯи эҳтимоли қатъи қабули муҳоҷирон аз рӯи ин барнома дар Тоҷикистон ҳам мавриди нигаронии бисёриҳо қарор гирифт, ки шонси зиндагиву кор дар ИМА-ро тавассути ширкат дар лотереяи корти сабз месанҷанд.

Дар пайи ҳамлаи маргбор дар Ню-Йорк, президенти Амрико рӯзи чаҳоршанбеи 1-уми ноябр эълон кард, ки барномаи додани корти сабз (Green Card, грин-карта ё грин-корт) тариқи қуръакашӣ ё озмуни лотореяро "поён медиҳад". Шаҳрванди Узбакистон Сайфулло Саипов (Соҳибов), ки ба ҳамлаи хунини рӯзи 31-уми октябр дар Манҳатани Ню-Йорк муттаҳам мешавад, тариқи ҳамин барнома дар соли 2010 грин-корти Амрикоро дарёфт карда буд.

Пешниҳоди таҳрири қонуни амалкунандаи грин-корт, ки соли 1990 қабул шудааст, аз ҷониби бархе фаъолон ҳамчун маҳдудкунандаи ҳуқуқи инсон интиқод шуд.

Аз ин қабл низ раиси ҷумҳури Амрико хостори ислоҳот дар барномаи грин-корт ё тақдими ҳаққи иқомату кор шуда буд. Ӯ ҷонибдори он аст, ки Амрико на барандагони лотерея, балки муҳоҷирони “шоиста”-ро ба кишвар бипазирад. Довталаб бояд донандаи хуби забони англисӣ бошаду соҳиби он касбу ихтисосе, ки барои ИМА манфиатовар бошад.

Ба гуфтаи коршиносони амрикоӣ, ҳоло эҳтимоли қатъ шудан ё коҳиши барномаи қуръакашии корти сабз, бештар аз гузашта аст. Бо ин ҳол, дар посухи расмии сафорати Амрико дар Узбакистон ба Радиои Озодӣ гуфта шудааст, ки “дар ҳоли ҳозир ҳеҷ тағйире дар барномаи қуръакашии визаи "Diversity Visa", вуҷуд надорад.

"Амнияти миллӣ авлавияти аслии мо дар додани визаи Амрико аст. Ҳар касе, ки мехоҳад ба Амрико сафар кунад, аз ҷумла онҳое, ки Diversity Visa талаб мекунанд, таҳти баррасии комил қарор мегиранд. Аз соли 2013 ҳама дарёфткунандагони виза таҳти ҳар гуна дархост, таҳти баррасӣ комил қарор мегиранд”,-омадааст дар посухи расмии сафорати Амрико ба “Озодлик”

Тибқи тарҳи озмуни лоторея ё қуръакашии грин-корти Амрико, ки дар соли 1990 ба дасти раиси ҷумҳури вақти он кишвар Ҷорҷ Буши падар имзо шуд, солона ҳудуди 50 ҳазор нафар аз саросари дунё метавонанд бо номнависӣ ва аз роҳи қуръакашӣ, ба Амрико муҳоҷират кунанд

Сайфуллоҳ Соипов, муттаҳам ба ҳамлаи Ню-Йорк.
Сайфуллоҳ Соипов, муттаҳам ба ҳамлаи Ню-Йорк.

Дар соли 2015 беш аз 14 миллион нафар аз миллатҳои мухталиф дар саросари ҷаҳон барои қуръакашӣ сабти ном карданд ва аз ин миён, беш аз 49 ҳазор нафар барандаи грин-корт эълом шуданд. Аз ҷумла 2524 нафар аз Узбакистон.

Ҳар сол ба ҳисоби миёна тавассути ин барнома беш аз 500 нафар аз Тоҷикистон ҳам барандаи ин лотерея шуда, ба Амрико мекӯчанд. Тибқи иттиллои расмии сафорати Амрико дар Душанбе дар мавсими озмуни лотореяи “грин-корт” барои солҳои 2015-2016 аз Тоҷикистон 528 нафар раводиди сафарро ба даст овардаанд.

Тибқи арзёбиҳои расмӣ, танҳо бар асоси корти сабз дар давоми панҷ соли охир ба Амрико аз Тоҷикистон 2 ҳазору 760 шаҳрванди ин кишвар ворид шудааст. Садҳо нафари дигар аз роҳи барномаҳои таълимӣ ва ҳам пешниҳоди кор ба он сӯи уқёнус роҳ ёфтаанд. Аксари ин шаҳрвандон соҳиби маълумот ва ихтисос мебошанд, забони англисиро медонанд ва на таваккал, балки бо ҳадафи муайян ба ин кишвар ворид шудаанд.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG