Пайвандҳои дастрасӣ

Шаҳрванди Эрон ҳаққи вуруд ба Амрикоро аз тариқи додгоҳ пайдо кард


ИМА- Шаҳрдори Лос Анҷелес Эрик Гарсетти бо шаҳрванди Эрон Али Войеғон сӯҳбат мекунад. 2 феврали соли 2017.

Як марди эронӣ, ки баъди фармони марбут ба муҳоҷирати Доналд Трамп аз ҳақи вурӯд ба Амрико маҳрум шуд, рӯзи 2 феврал ба ин кишвар ворид шуд.

Алӣ Воеғонро шаҳрдори Лос Анҷелес ва тӯдаи ҷонибдоронаш дар фурӯдгоҳ бо нидоҳои "Ин замин сарзамини туст", истиқбол карданд.

"Башарият бояд ҳамин гуна бошад" - гуфт Войеғони 61 сола ба забони форсӣ. "Ҳуқуқи инсон бояд ҳамин бошад. Ман ҳайратзадаам, ифтихор мекунам".

Ӯ гуфт, ки дар ин муддат аз касе дилхур набуд ва афзӯд, ки Амрико беҳтарин кишвари дунёст.

Али Войеғон чанде пеш Грин-Корд гирифт ва ҳақи зиндагӣ дар ИМА-ро пайдо кард. Аммо рӯзи 27 январ, дафъатан баъди амри президент, оиди манъаи сафари шаҳрвандони 7 кишвари умдатан мусалмонӣ, бо шумули Эрон, ӯро дар фурӯдгоҳи Лос Анҷелес иҷборан ба ҳавопаймои Дубай шинонданд.

Войеғон дар ҳоле ба Амрико баргашт, ки созмони Иттиҳоди Озодиҳои шаҳрвандии Амрико ба додгоҳ шикоят бурд ва амалҳи ҳукуматро хилофи Қонуни асосии ИМА хонд.

Фармони Трамп баъдан такмил шуд ва дорандагони Грин-Кард иҷозаи вуруд ба ИМА-ро падо карданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG