Пайвандҳои дастрасӣ

Марги Фирдавси 15-сола. Чаро алайҳи муфаттиш парванда боз нашуд?


Саҳнаи ҳодисаи пахши Фирдавс Ҳалимовро камераҳои назоратӣ сабт карданд.

Аз садамаи нақлиётие бо ширкати капитан Саидмуъмин Исломов, як муфаттиши садамаҳои нақлиётии Шӯъбаи корҳои дохилии Кӯлоб 15 рӯз сипарӣ мешавад, аммо то ҳол мақомоти тафтишотӣ ба ин ҳодиса баҳои ҳуқуқӣ надода, аз ҷумла, нисбати ин корманди милиса парванда бо[ нашудааст.

Марги Фирдавс Ҳалимов, сокини 15-солаи Кӯлоб зери чархи мошини муфаттиш шаби 12 ба 13 феврал дар наворҳои видео сабт шуда, боиси сарусадои зиёд дар матбуот ва шабакаҳои иҷтимоӣ шуд. Кӯдаке, ки баъди дарси мактаб пирожнифурӯшӣ мекард, бар асари ҷароҳати сангини ин садама дар бемористон ҷон дод.

Чаро дар нисбати муфаттиш парванда боз нашуд?

Дар чанд соли гузашта қазияҳои пурсарусадои зиёди садамаҳои маргбор дар ҷодаҳои Душанбе ҳам дар матбуоти мустақил ва шабакаҳои иҷтимоӣ баррасӣ ва интиқод шудааст.

Суоле, ки дар зеҳни бисёриҳо мечархад ин аст, ки чаро бо гузашти беш аз ду ҳафта аз ин фоҷеа мақомоти тафтишотӣ нисбати ҳодиса чораҷӯӣ накарданд. Ба ин саволи Радиои Озодӣ рӯзи 28 феврал дар додситонии шаҳри Кӯлоб гуфтанд, ки бо сабаби анҷом нашудани таҳқиқи пешакӣ, ҳанӯз тасмими боз кардани парвандаи ҷиноӣ нисбати капитан Саидмуъмин Исломов гирифта нашудааст. Чунин тасмимро натиҷаи санҷиши пешакӣ нишон медиҳад.

Як корманди масъули додситонии шаҳри Кӯлоб гуфт: "Ташхиси мошинҳо дар шаҳри Бохтар (Қӯрғонтеппаи пешин) анҷом мешавад. То хулосаи ин ташхис наояд, ҳеҷ кор карда намешавад. Барои ҳамин мо интизорем, ки хулосаи ташхиси мошин кай мерасад. Ин кор то як моҳ тӯл мекашад."

Фирдавс Ҳалимов.
Фирдавс Ҳалимов.

Худи капитан Саидмуъмин Исломов мегӯяд, ки феълан аз шарҳи ин мавзӯъ худдорӣ мекунад. Талоши мо барои шунидани назари ӯ рӯзи 28 феврал ҳам бенатиҷа анҷомид. Вале чанд рӯз қабл худи Исломов дар як сӯҳбати сарироҳӣ ба хабарнигори Радиои Озодӣ дар Кӯлоб гуфт, ки баъди анҷоми таҳқиқи ин ҳодиса бо журналистон сӯҳбат хоҳад кард. Ҳоло ин муфаттиши Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб баъди ҳодисаи маргбор муваққатан аз кор сабӯкдуш шудааст.

"Агар як одами оддӣ мебуд..."

Ин дар ҳолест, ки бо гузашти вақт дар миёни сокинони Кӯлоб сару садое ҳам ба гӯш мерасад, ки масъала дар интихобӣ будани муҷозот ва татбиқи меъёрҳои қонун аст. Чандин ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ гуфтанд, ки агар дар ин ҳодиса "як одами камбизоат ё “бетағо" даст медошт, кайҳо нисбаташ парванда боз шуда, ҳатман боздошташ мекарданд. Вале азбаски гумонбар худ як мақоми милиса аст, мақомот дар додситонӣ истиҳола мекунанд.

Бархе ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ дар мисоли худ мегӯянд, ки вокуниши мақомот ба қонуншиканиҳои афроди қаторӣ сареъ ва бидуни таъхиру санҷишҳои зиёд аст. Ҷамшед, як сокини Кӯлоб гуфт, ки ду моҳи пеш дар назди як мактаб нохост як кӯдакро бо оинаи мошинаш зад ва ӯ аз пояш зарб бардошт. Ҳамон лаҳза сари ӯ дар бало монд.

Ҷамшед гуфт, ки баъди ба бемористон бурдани кӯдак ва огоҳ шудани милиса, рӯзе набуд, ки ба ӯ аз Шӯъбаи корҳои дохилӣ телефон нашаваду ӯро даъват накунанд. Ӯ мегӯяд, ки замоне ин ҳодисаи марги тифлро шунид ва фаҳмид, ки гумонбари ин ҳодиса муфаттиши садамаҳои нақлиётии ШКД-и Кӯлоб аст, гумон кард, ки ӯ боздошт шудааст. Вале аз чунин ранг гирифтани кор ҳайрон шуд.

Дурбинҳои назоратӣ садамаи маркази Кӯлобро ба навор гирифтаанд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:14 0:00

Қонун танҳо барои камбағалон аст?

“Замоне ман дар роҳ будам, ки кӯдак нохост аз пушти арча пайдо шуду оинаи мошин ба ӯ расид. Ӯ аз по каме захм бардошт. Дарҳол ба бемористон бурда, табобатро шурӯъ кардам, аммо сари худам дар бало гирифтор шуд. Милиса бо даъвати табиб омад. Ҳар рӯз ба ман занг мезаданд, таҳқир нисбатам буд, дар як рӯз то даҳ маротиб телефон мекарданд, то ба шӯъбаи милиса равам. Мегуфтанд, ки парванда боз мешавад, ҳарчанд дар ин ҷо ман гунаҳгор набудам, вале кӯдак дар як ҳафта хуб шуд ва волидайнаш гуфтанд, “кори дигаре накунед”, баъд ҷонам халос шуд. Аммо худи милиса кӯдакро зада кушт бо мошин озод дар шаҳр гаштугузор дорад, яъне қонун танҳо барои камбағалон аст",--гуфт Ҷамшед.

Абдулазиз Азизов, амаки Фирдавс дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки падару модарашро ба додситонӣ даъват карданд, вале ӯ дигар дар ин маврид чизе намедонад. Ҷаноби Азизов дар суоли мо, ки оё ин муфаттишро ин хонавода бахшидааст, гуфт, ки дар сурати онҳо бахшидан бояд қонун ин корро набахшад. Ӯ мегӯяд, ки ҳоло ҳам хонавода дар сугӣ фарзандашон месӯзад.

"Ростӣ, намедонам чӣ кор карда истодаанд, вале падару модарашро чанд маротиба ба прокуратура даъват карданд. Аммо дар сурати аз сӯи мо бахшиш шуданаш бояд қонун чунин одамонро набахшад ку",--гуфт ӯ.

Дар ин садама боз мошин гунаҳгор аст?

Расули Амонуллоҳ.
Расули Амонуллоҳ.

Ин бори аввал нест, ки масъулияти афрод барои қонуншиканӣ дар роҳ мавриди таваҷҷӯҳи ҷомеа қарор мегирад. Дар чанд соли гузашта қазияҳои пурсарусадои зиёди садамаҳои маргбор дар ҷодаҳои Душанбе ҳам дар матбуоти мустақил ва шабакаҳои иҷтимоӣ баррасӣ ва интиқод шудааст. Аксар матбуоти мустақил аз “об хушк” баромадани омилони садамаҳои пурфоҷеаро фаъолона баррасӣ мекунанд.

Як намунаи барҷастаи чунин садама шоми 9-уми октябри соли 2013 бо иштироки Расули Амонуллоҳи 16-сола (писари Амонулло Ҳукумов, раиси вақти ширкати давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон”) рух дод, ки бо марги се нафар анҷомид.

Ҳалокати ду нафар дар натиҷаи садамаи 10 сентябри соли 2016 бо иштироки Фаромӯз Саидов, писари Давлаталӣ Саид, муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон ва қатли Саъдӣ Сатторови 25-сола шаби 28-уми апрели соли 2016 дар тарабхонаи “Шаҳрисабз”-и Душанбе мебошанд. Аксари ин ҳодисаҳо бо пардохти ҷаримапуливу муҷозоти сабуки маъмурӣ анҷомидааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG