Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пойгаи шабона дар Душанбе (ВИДЕО)


Пойга ва ё сабқати нимашабии мошинҳо дар кӯчаҳои пойтахти Тоҷикистон чанд сол боз ҷараён дорад, ҳарчанд мақомот вуҷуди ин гуна сабқатро рад мекунанд.

Гуфта мешавад, ки пойгаи аслӣ нимашабӣ бо иштироки “ашрофзодаҳо”-и Душанбе ва бо ширкати мошинҳои гаронбаҳои хориҷӣ дар яке аз кӯчаҳои марказии пойтахт баргузор мешавад. Аммо дар пойгае, ки хабарнигори мо назорат кард, ҷавонони Душанбе аз оилаҳои миёнҳол бо мошинҳои сохти шӯравӣ вориди сабқат буданд.

Пойгаи мошинҳо маъмулан дар кӯчаҳое ташкил мешавад, ки полиси роҳ аз он камтар назорат мекунад. Ба мушоҳидаи хабарнигори радиои "Озодӣ", ҷавонони талабгори “адреналин” на танҳо мошинро бо сураъти баланд идора мекунанд, балки бо ин мошинҳо машқҳои хатарнокро низ ба намоиш мегузоранд, чанбари мошинро ба ҳар тараф тоб медиҳанд ва ё бо суръати баланд чарх мезананд. Вале баробари намудор шудани мошини пулиси роҳ, онҳо ба ҳар тараф пароканда мешаванд ва ё ба тангкӯчаҳои миёни биноҳои истиқоматӣ паноҳ мебаранд.

Хабарнигори мо аз ин ҷавонон пурсид, ки сабқати шабона чӣ ҳаловат дорад? Онҳо гуфтанд, ки ин як воситаи фароғат аст. Мошинҳои сохти шӯравӣ дар Тоҷикистон нархи гарон надоранд ва тақрибан ба ҳама дастрас ҳастанд. Ин аст, ки шавқмандон мошинҳои истеҳсоли шӯравиро харидорӣ мекунанд ва онро ба мошини варзишӣ табдил медиҳанд. Ронандаҳо барои зоҳири мошини худ низ вориди сабқат ҳастанд. Ширкатдорони пойга мегӯянд, ки аз ин машғулият ҳеҷ тамаъ надоранд, ба ҷуз аз намоиши ҳунари мошинсавории худ дар назди ҳамдигар.
XS
SM
MD
LG