Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Наҷот” чоп нашуд


Нашрияи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон “Наҷот” бинобар радди чоп гирифтан аз ҷониби чопхонаҳои Душанбе натавонист шумораи навбатии худро ба табъ расонад.

Нашрияи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон “Наҷот” бинобар радди чоп гирифтан аз ҷониби чопхонаҳои Душанбе натавонист шумораи навбатии худро ба табъ расонад. Ҳикматулло Сайфуллозода, сардабири нашрияи “Наҷот” рӯзи 20 август ба радиои Озодӣ гуфт, баъди баста шудани чопхонаи ҳизб дар ҳафтаи гузашта аз тарафи Хадамоти санитарию эпидемиологии ҷумҳурӣ дигар чопхонаҳо нашри онро ба дӯш нагирифтанд ва шумораи навбатии он ба дасти хонанда нарасид.

Вай гуфт, дар ин миён ба нашриёти ҳукуматии “Шарқи озод” муроҷиат кардаанд, вале бинобар дар рухсатӣ будани сардори он ба номаи ҲНИТ дар мавриди чопи “Наҷот” ҷавоб гардонида нашудааст. Вай афзуд, баъдан ба масъулини чопхонаи “Оила-принт” муроҷиат карданд ва дар дақиқаҳои охир низ аз он ҷо ҷавоби рад гирифтанд. Ҷаноби

Ҳикматулло Сайфуллозода
Ҳикматулло Сайфуллозода

Сайфуллозода мегӯяд, дигар ҳеҷ чопхонае розӣ нашуд, ки шумораи “Наҷот”-ро ба чоп расонад ва ба ин тартиб ҳафтаи ҷорӣ танҳо нусхаи электронии нашрия дар сайти интернетӣ ба дасти хонандааш расиду халос.

Рӯзи 12 август намояндагони вазорати фарҳанг, Кумитаи андоз, «Тоҷикстандарт» ва Идораи санитарӣ-эпидемиологӣ бо мактуби вазорати фарҳанг ба қароргоҳи ҲНИТ омада, гуфтанд, ки бояд фаъолияти матбааро мавриди санҷиш қарор диҳанд. Дар паи санҷиш мақомот гуфтанд, ки бо далели вуҷуди камбудиҳои беҳдоштӣ, фаъолияти чопхонаи ҲНИТ муваққатан манъ шудаааст. Чопхонаи ҲНИТ аз соли 2000-ум ба фаъолият шурӯъ карда, дар он ба ҷуз «Наҷот» маҷаллаҳо ва китобҳову дастуроти ҳизб низ чоп мешуд.

XS
SM
MD
LG