Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Табрикоти Раҳмон ва Зоиров. Яке аз соли интихобот гуфту яке - аз соли бедорӣ


Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Имсол мардуми Тоҷикистонро ба расидани соли нави мелодӣ ҳам президент Эмомалӣ Раҳмон табрик гуфт ва ҳам яке аз раҳбарони мухолифин Раҳматулло Зоиров.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикиаш, ки тибқи анъана, дар лаҳазоти вориди соли нав шудани ин кишвар тавассути телевизионҳои давлатӣ нашр шуд, соли 2013-умро барои Тоҷикистон "соли вусъати бесобиқаи корҳои ободониву созанда ва иқдому ташаббусҳои ватандӯстона" номид. Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани нақби Хатлон ва садҳо километр роҳи мошингар ва ҳамчунин ба аҳамияти интихоботи рӯзи 6 ноябр доиршудаи президентӣ, ки замони раҳбари роҳбарии ӯро то соли 2020 тамдид кард, таъкид кард ва гуфт, "ин чорабинии муҳим боз як нишонаи фарҳанги баланди сиёсии мардуми Тоҷикистон, рамзи таҳкими суботу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва болоравии эҳсоси ватандӯстиву худшиносии сокинони мамлакат гардид."

Раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, дар соли нав "дастгирии соҳибкории хурду миёна, дар навбати аввал соҳибкории истеҳсолӣ ва ташаббусҳои созандаи соҳибкорон ҳамчун самти муҳими ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ идома дода мешавад." Ӯ ҳамин тавр, ба зарурати таъсиси ҷойҳои бештари корӣ дар Тоҷикистон таъкид кард ва инро аз ҷумлаи вазифаҳои давлаташ дар соли нав номид.

Раҳматулло Зоиров бо наберааш
Раҳматулло Зоиров бо наберааш
Раиси ҳизби мухолифи сотсиал-демократи Тоҷикистон Раҳматулло Зоиров низ тавассути саҳифааш дар шабакаи Фейсбук мардумро ба муносибати расидани соли нави 2014 табрик гуфт. Оқои Зоиров дар ин табрикоти ба забони русӣ навиштааш аз ҷумла гуфтааст, "бояд аввал ба хушӣ бо соли гузашта худоҳофизӣ кунем. Соле, ки ҳам ташвиши зиёд дошту мубориза ҳам, туҳмат ҳам дошту адоват ҳам ва бедорӣ ҳам. Чизе беасар намегузарад ва чизе ҳам бесуд нест. Аз рӯ, худо ҳоифз, соли 2013. Ва хуш омадӣ, соли 2014! Худоё! Бигзор, то мо ин Соли навро ба таври шоиставу бо шараф зиндагӣ кунем!"

Ҷаҳон вориди соли 2014 шуд

Соли нав дар Чеченистон
Соли нав дар Чеченистон
Миллионҳо нафар дар саросари ҷаҳон расидани соли нави мелодиро бо шукӯҳ ҷашн гирифтанд. Яке аз бузургтарин маросими оташбозӣ барои пешвозгирии соли нави мелодӣ дар Дубай баргузор шудааст. Дар Украина мухолифони давлат дар ҳоле, ки ҳамчунон ба майдоннишинии худ идома медиҳанд, бо хондани суруди миллӣ соли навро пешвоз гирифтанд. Дар Судони ҷанубӣ, шӯришиён ва давлати он кишвар тавофуқ карданд, ки дар нахустин рӯзи соли нав ба мизи гуфтугӯ биншинанд.

Дар кишварҳои қораи Аврупо маросими оташбозӣ аз нимаи шаб ва оғози соли нав дар шаҳрҳои мухталиф барпо шуда буд. Дар шаҳри Сиднейи Австралия бино ба гуфтаи баргузоркунандагони маросими соли нав, наздик ба ҳашт тонна маводи оташбозӣ дар танҳо 12 сония дар осмон ба нур ва ранг мубаддал шудааст.

Албатта ҳама ҷо ин гуна набуд, дар бархе манотиқи кӯҳистонии Аврупо, аз ҷумла ҷануби Лаҳистон мақомҳои муҳити зист оташбозиро барои ҳифзи оромиши ҳайвонот мамнуъ карданд. Дар шаҳри Вуҳони Чин низ ҳамин мамнуият барои ҷилавгирӣ аз бадтар шудани кайфияти ҳаво ва афзоиши олудагиҳо иҷро шуд.

Мақомоти Тоҷикистон ҳам ҳам аз чанд сол ба ин тараф истифодаи маводи тарфгарӣ ва ё "хлопушка"-ро бинобар пешгирӣ аз ҳодисаи сӯхтор манъ карданд.

Дар бархе манотиқи дигар ҳам маросими соли нав ба маросими "чаҳоршанбесурӣ" дар Эрон монанд буд. Монанди шаҳрҳои Ҳинд, ки ҷавонон бо маводҳои тарфгарӣ то соатҳои бомдоди нахустин рӯзи соли 2014, кӯчаву хиёбонҳои шаҳрҳои бузургро дар ихтиёри худ доштанд.



XS
SM
MD
LG